Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дар тамоми навоҳиву вилоятҳои кишвар гурӯҳҳои кории додситонӣ таъсис шудааст, ки бо баррасии мавридҳои ғайриқонунӣ аз худ шудани заминҳои корам машғул хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, гурӯҳҳои махсусе пайдо шудааст, ки ба тиҷорати замин машғуланд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд:

«Ин гурӯҳҳои корӣ то даме фаъолият хоҳанд кард, ки қонунгузории Тоҷикистон дар бораи замин пурра риоя ва вазъ ба низом дароварда нашавад».

Тиҷорати замин тайи солҳои ахир яке аз мавзӯҳои доғи расонаҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт. Расонаҳо менавиштанд, ки масъулини ҷамоатҳо дар саросари кишвар садҳо гектар замини корамро фурӯхтаанд.



"Гурӯҳҳои заминфурӯш дар Тоҷикистон"


Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, кор дар Тоҷикистон ба дараҷае расидааст, ки гурӯҳҳои махсус бо тиҷорати замин фаъолият мекунанд:

«Ҳатто гурӯҳҳои махсуси қаллобон пайдо шудаанд, ки онҳо ба харидуфурӯши замин машғуланд. Баъзеҳо рафта худсарона ин ё он заминро гирду атрофашро девор мекунад ва қитъа-қитъа онро ба фурӯш мебарорад. Ин ҷо, албатта, камбудии раисони ҷамоатҳо, шаҳру навоҳӣ ҳаст, ки ин ҳолатҳоро дида чашм мепӯшанд. Аммо харидорон ҳам бояд бидонанд, ки ин кори ғайриқонунист»

Тибқи иттилоъи додситонӣ, то ба ҳол 296 гектар замин бозпас гирифта, дар ихтиёри деҳқонон барои киштукор гузошта шудааст. Дар ин маврид 1850 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 177 парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

"Муҷозоти раиси ноҳияи Рӯдакӣ кори додситонӣ нест"

Додситони кулл дар ин масъала ноҳияи Рӯдакиро махсус таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ноҳия 90 гектар замин ғайриқонунӣ фурӯхта шуда, аз ин фақат 37 гектар баргардонида шудааст.

Шерхон Салимзода гуфт, додситонӣ дар ин замина 13 қарори ғайриқонунии раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи иҷозаи сохтмони корхонаҳои хишт, маҳалҳои истихроҷи хок ва ба фонди махсус гузаронидани заминро бекор кардааст.

Аммо дар посух ба ин суол, ки оё ин афрод, аз ҷумла раҳбарони ноҳияи Рӯдакӣ муҷозот мешаванд, оқои Салимзода гуфт, ин масъулияти ӯ нест.

Дар ҳамин ҳол, то ба ҳол ҳаводиси марбут ба ғайриқонунӣ аз худ кардани замин ва сохтани манзил дар саросари кишвар вуҷуд доштанд, ки дар матбуот низ баррасӣ шуданд, бахусус қазияҳои Заркамар дар Файзободу Варзоб, Ховарон, Лучобу Буни Ҳисорак ва Зарнисор дар шаҳри Душанбе.

Назари мардум

Аммо ин ҳама қазияҳои печидаест, ки дар ниҳоят бар зиёни мардуми оддӣ тамом мешаванд.

Як мӯйсафед аз колхози «Россия»-и Рӯдакӣ мегӯяд, заминҳо ҳуҷҷат доранд, яъне замоне аз сӯи ҳукумати вақт ҳуҷҷат шудаанд ва ҳоло мақомот онҳоро ғайриқонунӣ эълон кардаанд:

«Ҳуҷҷатҳо ҳамааш дуруст. Ҳам аз раиси ҷамоа, ноҳия, директори фабрика ва чӣ ҳуҷҷате, ки даркор буд, дорем. Ҳамааш тасдиқ шудааст. Ягон вақт ба мо нагуфтанд, ки ин замин ғайриқонунӣ аст. Дар ҳуҷҷатҳои мо иҷоза барои хона сохтан ҳаст».

Хонаи як сокини Файзобод низ тахриб шудааст, ки аз ин амали мақомот норозӣ аст:

«Инҳо мегӯянд, ки соли 2004 ту хона наандохта будӣ. Ман соли 2000 хона андохта будам».

Писари амаки Қурбон бошад, қурбонии қаллобие шудааст, ки бар ӯ ба қимати 13 ҳазор доллар тамом шудааст:

«Қарорро ба дасти одамон дода, бурда ба онҳо заминро ҳам нишон додагиву пулро гирифта гурехтааст. Одами пулро гирифта ҳозир нест. Ба додситонӣ ҳам муроҷиат кардем, то имрӯз натиҷа нест».

Суоле, ки дар ин қазияҳо ҳамеша боз буд ва то имрӯз ҳеҷ яке аз мақомот посухи ҷиддӣ ба он надоштанд, ин буд, ки оё маблағи мардумро кӣ бархоҳад гардонд, зеро онҳо замоне барои ин замин ғайриқонунӣ ба раҳбарони вақт пардохт карда буданд?

Ин суол дар гузориши додситони кулли Тоҷикистон низ ҷой надошт. Зимнан, Тоҷикистон кишвари кӯҳистон аст, ки аз беш аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати умумиаш ҳамагӣ 488 ҳазор гектар замини корам дорад, яъне 3,4 дарсади тамоми масоҳати кишвар.

Додситон аз роҳи пулакӣ истиқбол мекунад

Мавзӯи дигаре, ки бо мардуму пардохтҳояш рабт дошт, пулакӣ шудани роҳи Душанбе — Чаноқ буд ва Шерхон Салимзода дар ин маврид гуфт, аз ин гуна роҳҳо, аз ҷумла роҳи Душанбе — Чаноқ истиқбол мекунад. Вай афзуд, воқеан ин барои мардум шояд мушкил эҷод кунад, аммо бо ин баҳона намешавад ба меъёрҳои байнулмилалӣ расид. Додситони кулл гуфт, нигоҳубини роҳҳо бояд аз сӯи ширкате сурат гирад, то роҳҳои бо маблағҳои бузург сохташуда хароб нашаванд.

Шерхон Салимзода 6 моҳ ба ин сӯ додситони Кулли Тоҷикистон аст, ки қаблан раҳбари Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод буд. Тайи ин муддат дар пайи санҷиш ё аттестатсияи додситонӣ 15 нафар аз вазифаҳои худ сабукдӯш шудаанд, ки дар замони додситони собиқ Бобоҷон Бобохонов вазифаҳои масъул, аз ҷумла сарварии раёсатҳо то муовинати доситони куллро ба зимма доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG