Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби 3500 сомонӣ аз ҳар хонаводаи «Тоҷикистон»


Ноҳияи Қумсангир, акс аз бойгонӣ.

Ноҳияи Қумсангир, акс аз бойгонӣ.

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳар хонаводаи хоҷагии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Қумсангир тақозо намудаанд, ки барои шахсӣ кардани манзилҳояшон, 3500 сомонӣ бипардозанд.

Бо чунин мазмун бархе аз сокинони маҳаллӣ дар тамос бо радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки ин маблағро ҳукумат бар ивази таҳияи асноди манзили истиқоматиашон талаб мекунад.

Як сокини гузари 5-уми деҳаи «Тоҷикистон»-и ин ноҳия, ки худро бо номи Дарвеш муаррифӣ кард, гуфт, масъулони ҳукумати маҳаллӣ аз ҳар хонаводаи ин деҳа барои шахсӣ кардани хонаҳояшон маблағи зиёд мехоҳанд, ки амре хилофи қонун аст. Ба иддаои Дарвеш, манозили зисти сокинони маҳаллӣ ҳанӯз дар замони ҳукумати Шӯравӣ дар ихтиёри онҳо гузошта шуда ва хонаи қонунии онҳо маҳсуб мегардад. Дарвеш мегӯяд, намояндаи ҳукумат ба волидонаш таҳдид кардааст, ки агар 3,5 ҳазор сомонӣ напардозанд, хонаашон дар тобеияти давлат қарор дода шуда, онҳо минбаъд дар ин манозил «иҷоранишин хоҳанд буд».

Сокини дигари маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад, низ тасдиқ кард, ки ҳукумати ноҳияи Қумсангир чунин амри, ба гуфтаи ӯ, «ғайриқонунӣ»-ро содир кардааст: «Дигар пӯшида нест, ки ҳоло бо ҳар роҳу восита аз мардум пул тамаъ мекунанд. Солҳои 70-80-уми асри гузашта колхозҳо аз ҳисоби даромадҳояшон барои кормандон хонаҳо месохтанд, роҳҳоро таъмир мекарданд, яслӣ бунёд менамуданд. Ҳоло бошад, кӯдакистонҳоро фурӯхтанд, сохтмонҳои дигари колхоз, фермаҳоро аз худ карданд. Заҳматҳои 70-солаи мардуми пуркорро барбод доданд. Он хонаҳоро колхоз ба кормандонаш ройгон дода буд, барои заҳматҳояшон. Ҳоло бошад, баҳона пеш меоранд, ки ин хонаҳои колхозӣ ҳастанд ва барои шахсӣ кунонидан аз соҳибмулкон талаб мекунанд, ки боз се ҳазор сомонӣ диҳед. Магар одам 30-40 сол дар хонаи бегона зиндагӣ карда метавонад? Магар мо ҳаққи соҳибмулк буданро надорем?»

Дар ҳамин ҳол, Наргис Ниёзмамадова, муовини раиси ноҳияи Қумсангир, ин иддаои сокинони маҳаллиро рад карда, мегӯяд, масъулони ҳукумати маҳаллӣ аз шаҳрвандон маблағе талаб накардаанд: «Ҳукумат ҳеҷ вақт ягон кори ғайриқонуниро намекунад. Агар шаҳрванд хоҳад, ки хонаашро шахсӣ кунад, ба вай касе монеъ намешавад, илло суд. Тибқи талаботи қонун? маблағи муайянеро ба давлат супурда, метавонад соҳиби ҳуҷҷати манзили шахсӣ шавад. Касе аз шаҳрванд пардохти маблағи иловагӣ ва ғайриқонуниро набояд талаб кунад. Бовар надорам, ки кадом намояндаи ҳукумати ноҳия чунин амалро ба худ ҷоиз донад».

Вале Назаралӣ Абдурасулов, муовини якуми раиси ноҳия ва масъули комиссияи тақсими заминҳо ва умури манзил дар Қумсангир, гуфт, дар воқеъ аз сокинони маҳаллӣ барои хусусӣ кардани манзилҳои зисташон пардохти миқдоре маблағ тақозо шудааст. Ва ин маблағи мардум барои коҳиш додани қарзи собиқ колхози ба номи Ленин, имрӯза хоҷагии «Тоҷикистон» аз истифодаи об истифода хоҳад шуд.

Вай афзуд: «Хоҷагии «Тоҷикистон» тамоман тақсим шудааст, хонаҳо мондаанд. Суди иқтисодӣ қарор баровардааст, ки маблағи қарзи обро баргардонед. Мо бо маблағи ночизи мардум, ки барои хусусӣ кардани манзилашон мепардозанд, аз 1000 то 2000 сомонӣ гирифта, ҳам қарзи обро кам мекунем ва ҳам ҳуҷҷати хонаҳояшонро дуруст карда медиҳем. Лекин 3,5 ҳазор нагирифтаем, ҳар маблағе, ки ҷамъ мешавад, ба суратҳисоби хоҷагии об гузаронида мешавад, ҳамзамон мушкили мардум низ ҳал…»

Аммо ҷаноби Абдурасулов дар мавриди ҳаҷми қарзи собиқ колхози Ленин аз истифодаи об изҳори бехабарӣ кард. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо муваззаф нестанд, ки қарзи хоҷагии солҳои қабл барҳамхӯрдаи колхозеро аз ҳамёни худ пардозанд, дар ҳоле ки ин хонаводаҳо обро бар манофеи худ истифода накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG