Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

ВИДЕО: Оё бо духтари чатнишин издивоҷ мекунед?


Пурсиши Радиои Озодӣ бо ин суол ки “Оё бо духтари чатнишин издивоҷ мекунед ё не?” натиҷаҳои як андоза ғайричашмдошт ба бор овард. Ин пурсиш дар пайи баҳсои тундест, ки рӯзи масъалаи занону духтарони чатнишину Интернетнишин дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад.

Баҳси ғоибонаи рӯҳонии маъруф бо як корманди академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавриди чатнишинии духтарони тоҷик мавзӯъи як пурсиши сарироҳии хабарнигори Озодӣ дар шаҳри Душанбе шуд. Ин раддубадали лафзӣ баъди он оғоз ёфт, ки Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик ахиран дар посух ба пурсиши нафаре, ки гуфтааст, арӯсшавандааш дар шабакаи Одноклассники бо мардҳои бегона сӯҳбат мекунад ва ё ё бо чунин духтар издивоҷ кунад ё на?, посух додааст, ки “Паёмбар алайҳиссалом уммати худро амр кардаанд то бо занҳои бо имон ва мутадайин издивоҷ кунанд. Магар ҳаргоҳ ин духтар аз ин кардааш пушаймон шуда тавба кунад ва аҳд диҳад, ки дигар ба ин кор даст намезанад, пас дар ин ҳолат метавонед бо у издивоҷ кунед.”

Ин машварати Маҳмудҷон Тӯраҷонзода интиқоди тундеро аз ҷониби корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Атоӣ ба бор овард. Оқои Атоев дар матлабе таҳти унвони “Фатвои таҳқиромези Эшони Маҳмудҷон ва хомӯшии занони Тоҷикистон” дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук бо як лаҳни хеле тунд ин машваратро “фатвои асримиёнагӣ”, “бисёр таҳқиромез” ва “таҳқиркунанда нисбат ба намояндагони ҷинси латиф дар Тоҷикистон” номидааст: “Яъне занон ва ҷавондухтарони чатнишини Тоҷикистон ҳамаашон кофир ҳастанд ва ҳақ надоранд бо арзишҳои асри худ зиндагӣ намоянд. Ана ин аст исломи муътадил дар Тоҷикистон дар асри 21. Ана ин аст фатвои воизи таҳаммулгарои Тоҷикистон ва даъво ҳам дорад, ки ислом зиндагиро дӯст медорад, вале рӯирост занони Тоҷикистонро таҳқир менамояд. Ин ҳуҷуми навбатии Ислом ба озодии занон дар Тоҷикистон аст…Ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти ҷавондухтарону занони таҳсилдида чатнишинанд ва дар кори фаъолияти худ аз чат ба таври васеъ истифода мебаранд.”

Ин раддубадали лафзӣ баҳси шадидеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар сари оила барпо кардан бо духтаронеро, ки вақти бештари худро дар Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, барпо кардааст. Дар робита ба ин хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз ҷавонписароне ки синнашон барои оила барпо кардан расидаасту дар ҷустуҷӯи ҷуфти муносиб барои худ ҳастанд, пурсид, ки оё онҳо бо духтарони “чатнишин” омода ҳастанд, ки оиладор шаванд?

Ҷавобҳо гуногун буданд. Аммо аксари пурсидашудагон омода буданд, ки ҳамсари ояндаи худро аз истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ интихоб намоянд, вале ба шарте ки одоби хуб дошта бошаду дар оилаи солим ба воя расида бошад ва Интернет “вайрон”-аш накарда бошад. Дар ин қатор баъзеҳо бар он буданд, ки наметавонанд бо чунин духтарон оила барпо намоянд, зеро мегӯянд онҳо, «хеле бадрашк» мебошанд.

Дар Тоҷикистон, ки шумори корбарони Интернет то 2 миллион нафар гуфта мешавад, аксари ин корбарон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода мебаранд. Танҳо шумори корбарони тоҷики “Однокласнники” – маъруфтарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон беш аз ним миллион ва теъдоди корбарони “Фейсбук” беш аз 50 000 гуфта мешавад. Ҳамин тавр, шабакаҳои дигари иҷтимоӣ, ба мисли “В контакте”, “Мой мир”, “Твиттер” , “Инстаграмм” ва дигару дигар дар Тоҷикистон ҳазорон нафар баровард шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG