Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО ва 8 АКС: Танӯрхона - ба ҷои синфи компютерӣ?


Танӯрхонаву ошхона ва синфхонаҳои қолину сӯзанидӯзӣ ба як бахши муҳими мактабҳои миёнаи Суғд табдил ёфтааст. Дар онҳо духтаронро дарси рӯзгордорӣ ва нонпазиву ошпазӣ меомӯзанд ва ба ин боваранд, ки ин ҳунарҳо оилавии онҳоро мустақкаму рангинтар хоҳад кард.

Рӯзи 3 - юми сентябр, ки ба мактаби рақами 24 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар канори Хуҷанд рафтам, дар утоқҳои “маҳфили рӯзгордорӣ” як гурӯҳ духтаронро бо муаллимаашон саргарми саргарми хӯрокпазӣ дарёфтам. Муаллимаи ин мактаб - Рафоат Раҳматова мегӯяд, 25 сол аст аз фанни биология ба талабагон дарс мегӯяд. Вале ҳоло вай духтаронро нопазиву хӯрокпазӣ ёд медиҳад.

Хонум Раҳматова гуфт, ин маҳфили навро чанд моҳ пеш таъсис додаанд: “Дар барномаи мактабӣ аслан дарси рӯзгордорию ҳунаромӯзӣ нест. Нонпазию ошпазӣ дарсҳои ғайриихтисосианд, ки дар маҳфилҳо баъди дарси асосӣ мегузарем. Раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ вазифадор кардаанд, ки дар ҳар мактаб духтаронро хӯрокпазиву касбу ҳунар омӯзанд, то ки дар оянда рӯзгордорӣ карда, ба аҳли оилаашон нону хӯроки миллӣ пухтанро ёд диҳем. Ҳозир мо тушбера пухта истодаем.”

Хонум Раҳматова афзуд, ки ҳамин тавр, ба духтарон нонпазиро низ ёд медиҳад. Ба гуфтаи вай, маҳсулоти зарурӣ барои таомпазӣ ва ҳезуму ангиштро мактаб таъмин мекунад. Аммо ба гуфтаи бархе талабаҳо, онҳо ин чизҳоро ба мактаб аз хонаашон меоранд. Ҳукумати Суғд аз буҷа ба мактабҳои миёнаи вилоят маблағи иловагие барои маҳфилҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла барои харидани орду равған ва ҳезуму ангишт ҷудо накардааст.

Мактаби рақами 24 - и ноҳияи Ғафуров баъди навсозӣ якуми сентябри соли равон дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз кард. Ин мактаби намунавии асри 21 дар шимоли Тоҷикистон дар оянда дар ёду хотири омузгорон ва талабагони имрӯзияш ҳадди ақал бо 2 синфи махсуси муҷаҳҳаз барои ҳунаромӯзиву пазандагӣ, бо танӯрхонаву оташдон ва дастгоҳи қолинбофӣ хоҳад монд.

Ҳамин тавр, биноба иттилоъи бахши иттилоъоти ҳукумати Суғд, дар ҳоли ҳозир беш аз 600 мактаби миёнаи вилоят соҳиби танӯрхона ва наздики 900 мактаб оташдон, беш аз 400 мактаб маҳфили рӯзгордорӣ ва ҳудуди 190 мактаб соҳиби маҳфилҳои қолинбофию сӯзанидӯзӣ шудаанд.

Аз ҳудуди 20 талабае, ки омузгорон дар мактаби мазкур ба онҳо пазандагиву дӯзандагӣ ёд медоданд, танҳо Шоҳида Каримова, талабаи синфи - 9 гуфт, ки оянда пешаи тарроҳиро интихоб карданист. Фарзона афзуд, тӯли 3 моҳ дар маҳфили мактабӣ иштирок дорад, то нозукиҳои сӯзанидӯзиро аз худ кунад.

Вале Наргиса Ёқубова, талабаи синфи 9 - и ин мактаб дар даст кафгир сари дегдон буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барояш хӯрокпазӣ писанд аст, аммо дар оянда ошпаз шуданӣ нест. Наргиса гуфт, баъди хатми мактаби миёна вай дар Донишгоҳ таҳсил карда, духтури гинеколог шудан мехоҳад ва ба омузиши фанҳои биологияву забонҳои тоҷикӣ, русиву англисӣ ва адабиёти тоҷик шавқу ҳавас дорад.

Аз вай пурсидам, оё дар компутер низ кор карда метавонад ва бо кадом барномаҳои он ошно аст? Наргиса дар посух гуфт: “Дарси информатика дорем ва бо компутер кор мекунем. Дар “Ворд” кор кардан, саҳифа кушода навиштан ва сабт кардан метавонам. Ҷадвал ҳам тартиб медиҳем.” Аммо ба гуфтаи мусоҳибам, онҳо дар мактаб ба интернет дастрасӣ надоранд ва боре ҳам мақолаву маводҳои дарсиро боз накардаву нахондааст.

Дар синфхонаи дигари ҳунаромузии мактаби рақами 24 и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи дигари духтарон таҳти назорати муаллимаи фанни “Технология” - Мавзуна Холбӯтаева - ба сӯзанидӯзиву қолинбофӣ машғул буданд. Дар гӯшае намунаи сӯзаниҳои талабаҳо ба маърази намоиш гузошта шуда буд.

Фарзона, як талабаи қолинбоф мегӯяд, вай ба омӯзиши фанҳои биология, физика ва химия шавқу ҳаваси бештар дорад. Вай гуфт, қолинбофиро ба он хотир ёд мегирад, ки “ба як зан 40 ҳунар кам аст”. Фарзона афзуд, қолинбофии дастӣ кори осон нест, вақти бо корди тез риштаро буридан бояд хеле боэҳтиёт буд, то ангушти дастонатро набурӣ. Барои бофтани як қолини хурди чандметрӣ бояд 3 - 4 кас як моҳи тамом сари дӯкони бофандагӣ нишаста аз субҳ то бегоҳ кор кунад.

Дар ҳоли ҳозир, дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ҳафтае танҳо 1 соат барои дарси “технология”, он ҳам танҳо барои синфҳои 5 то 10 ҷорӣ аст. Барои дарсҳои рӯзгордориву ҳунаромӯзӣ соатҳои дарсӣ ҷудо нашудааст. Ва дар мактабҳои Суғд дарсҳои рӯзгордориву касбу ҳунаромӯзиро дар соатҳои дарси технология ва ё дар маҳфилҳо мегузаранд. Ба мушоҳида мерасад, ки дар даҳаи дуюми асри 21, асри компутеру интернет ва фанновариҳои муосир ҷойи онҳоро дар мактабҳои шимоли Тоҷикистон танӯрхонаву дастгоҳҳои қолинбофии дастӣ гирифтааст. Ва талабаҳо бештари вақти худро дар соатҳои дарси технологияву маҳфилҳои рӯзгордорӣ бо сурудхонӣ назди танӯру сари оташдонҳои мактабӣ ва паси дастгоҳи қолинбофӣ сипарӣ мекунанд.

Ва оё ин иқдом ба маъние нест, ки дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон нақши занон, модарони миллатро дар ҷомеа умдатан назди ошхонаву танӯрхона медонанд?

Ба назари Рафоат Раҳматова, омузгори мактаби рақами 24 - и ноҳияи Ғафуров, “вазифаи асосии зан ин рӯзгордорӣ аст, чунки вай сардори оила аст. Ҷойи зан асосан ошхона аст, вай ҳам хӯрок пухта, либос шуста тавонад, тарбиятгари фарзандон бошад, инкишофёфта бошад.”

Зулфия Ашӯрова, мудири мактаби рақами 4 - и шаҳри Хуҷанд бо таъкиди он ки ҳар ҷавонзани имрӯзии тоҷик бояд пазандаву “сӯзандаст” бошад, боз онҳоро дорои чунин сифатҳо медонад: “Пеш аз ҳама, зан бояд босавод бошад. Равшанфикр бошад, ҳуқуқҳои худашро донад ва мавҳеи худро дошта боашд. Таҳсилкарда ва дорои маълумоти олӣ ё касбӣ бошад. Ва ба фарзандонашон ҳам илму дониш омузанд.”

Ҷорӣ шудани маҳфилҳои рӯзгордорӣ ва ҳунаромузӣ барои талабҳо дар мактабҳои миёнаи Суғд бо сохтани танӯру ошхонаҳоро бо дастури раиси вилоят сокинон бо назарҳои мухталиф истиқбол кардаанд. Бархе аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ёд гирифтани рӯзгордорӣ ва пазандагиву дӯзандагӣ ба духтарон бисёр муфид хоҳад буд ва кордонии онҳо дар оянда пояи оилаашонро мустаҳкам хоҳад кард.

Таври маълум, бисёр хонаводаҳои тоҷик арӯси навро аз рӯйи короиву пухту паз ва шустушӯи вай баҳо медиҳанд ва дар ин корҳо дасту панҷаи гирову моҳир надоштани арӯс боиси дилхунукиву муноқишаҳо мегардад, ки баъзан то пош хӯрдани оилаҳои ҷавон мебарад. Дар солҳои охир пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ба сабаби муноқишаҳои оилавӣ дар вилояти Суғд рӯ ба афзоиш дорад ва дарси рӯзгордорӣ аз иқдомҳоест, ки ҷиҳати коҳиши он рӯи даст гирифта шудааст.

Аммо бархе мегӯянд, пазандгиву дӯзандагӣ аз бахшҳои камшуморест, ки дар Тоҷикистон аз равнақ намондааст ва ин пешаҳоро дар назди дилхоҳ устодони ин касб омухтан метавон. Ба ин ҷиҳат дар ин замони пешрафтҳои ҳайратовари технологӣ дар мактабҳои миёна ҳамаи талабагонро ба нонпазиву тушберапазӣ саргарм кардан дуруст нест. Беҳтар аст омузгорон онҳоро бо корбурди компютеру интернет бештар фанҳои дақиқ, мисли алгебраву физикаву химия ва биология омӯзанд, то ки дар донишгоҳҳо таҳсил карда, навгонии технологие барои сабук кардани зиндагии ҷомеа рӯйи кор оварда тавонанд.

XS
SM
MD
LG