Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Кӯдакон бояд бифаҳманд, ки вазифаи онҳо хондан аст, на кор"


Сар аз соли нави хониши 2014-2015 дар мактабҳои Тоҷикистон дар мавзӯи меҳнати вазнини кӯдакон ва паёмадҳои он дарс гуфта мешавад.

Ин дарсҳо дар доираи як лоиҳаи муштараки Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо ҳадафи хотима додан ба меҳнати сангини кӯдакон роҳандозӣ мешаванд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии кор маблағгузорӣ мешавад ва барои ин дарсҳои вижа доир ба меҳнати кӯдак ҳоло ду дастури таълимӣ нашру ба мактабҳо ироа шудааст.

Бо вуҷуди талошҳои созмонҳои дохиливу байналмилалии кор бо кӯдак, ин мушкил дар кишвар ҳамоно доғ боқӣ мемонад. Бино ба омори созмонҳои мухталиф, имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор кӯдак дар кӯчаву бозорҳо ба кори сангин машғуланд. 50 дарсади ин кӯдакон аз хонаводаҳое ҳастанд, ки падару модаронашон дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ қарор доранд ва 70 дарсади кӯдакони коргар писар ва 30 дарсад духтарҳо будаанд. Гуфта мешавад, аз ҳама бештар ҳамин кӯдаконе, ки дар бозору кӯчаҳои кишвар ба корҳои сангину сиёҳ машғуланд, мавриди истисмору табъиз қарор мегиранд.

Дар робита ба дарси нав ва нашри маводи таълимӣ оид ба меҳнати кӯдакон ва омилу паёмадҳои кори сангини кӯдак дар Тоҷикистон, сӯҳбате доштем бо Муҳаммад Қурбонов, муовини Кумитаи итифоқи касабаи маориф ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон:

Муҳаммад Қурбонов: Мо аз соли 2008 бо Ташкилоти байналхалқии меҳнат ва Созмони ҷаҳонии маориф ҳамкорӣ дорем. Дар масъалаи меҳнати вазнини кӯдакон ин ташкилот таваҷҷӯҳи хоса доранд, чун тавре маълум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мутаассифона истифодаи нерӯи кӯдакон ба назар мерасад. Албатта хушбахтона дар кишвари мо солҳои ахир вазъият беҳтар шуда истодааст, аммо боз ҳам ин мушкил то ҳанӯз ҷой дорад ва аз ҳама бадаш ин аст, ки ин кӯдакон аз таҳсил дур мемонанд ва дар оянда наметавонанд соҳиби касбу ҷои кор шаванд. Барои ҳамин мо ин лоиҳаро роҳандозӣ кардем.

Озодӣ: Амалан ин лоиҳаи шумо барои беҳтар кардани зиндагии кӯдакон чӣ кор мекунад?

Муҳаммад Қурбонов: Мо дар 10 ноҳияи вилояти Хатлон таҳқиқот гузаронидем ва он нишон дод, ки мутаассифона бисёри мардум меҳнати вазнинро аз меҳнате, ки чун ёрӣ ба волидайн карда мешавад, фарқ карда наметавонанд. Омӯзгорон ҳам ин фарқро намедонанд. Инро ба назар гирифта мо ду дастури методӣ таҳия кардем. Яке ном дорад «Мавқеи омӯзгорон дар барҳам задани меҳнати вазнини кӯдакон». Ҳамаи он кӯдаконе, ки ба меҳнати вазнин ҷалб шудаанд, хонандаи мактаб ҳастанд. Омӯзгорон бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд ба он кӯдаконе, ки ба дарс намеоянд. Муаллимон хуб медонанд, ки кӯдакон ба ҷои дарс ба салафанфурӯшӣ ва мошиншӯӣ ва дигар корҳои вазнин машғуланд. Вале аксарият худро бетараф мегиранд. Барои ҳамин ба омӯзгорон дар вақти аз такмили ихтисос ё бозомӯзиашон дар мавзӯи меҳнати вазнини кӯдакон ба онҳо фаҳмонида мешавад. Ва баъдан дар мактабҳо ба хонандагони аз синфи 5 то 9 дар соатҳои муайяни тарбиявӣ дар ин мавзӯъ аз рӯйи як дастури махсуси дигари таълимӣ дарс мегузаранд. Қабл аз ҳама кӯдакон бояд бифаҳманд, ки вазифаи аслии онҳо хондан аст, на кор ва кори сангин ба саломатӣ ва ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Озодӣ: Аз рӯйи ин дастурҳо, дар кадом макотиби кишвар қарор аст дарс гуфта шавад?

Муҳаммад Қурбонов: Ин дастурҳо ба тамоми макотиби кишвар аллакай фиристода шуданд ва аз моҳи сентябр мо назорат мекунем, ки ин чиз дар ҳама мактабҳо амалӣ шавад.

Озодӣ: Фикр мекунед, то куҷо ин иқдоми шумо метавонад дар роҳи рафъи ин мушкил кӯмак кунад. Чун аксар таҳлилгарон бар инанд, ки омили аслии ба бозори меҳнат рӯ овардани кӯдакон, вазъи бади моли хонаводаҳост ва то замоне, ки ин мушкил ҷой дорад, кори кӯдак ҳам идома хоҳад кард?

Муҳаммад Қурбонов: То дараҷае шояд ин фикр асос дошта бошад. Аммо мо чизи дигареро ҳам мушоҳида мекунем, ки имрӯз модаре, ки дар сину соли ҷавонӣ аст, дар хона мешинаду фарзандашро барои кор ба бозор ё саҳро мефиристад. Оё намешавад, ки худи ин модар, ки дар сину соли корӣ аст, кор кунаду фарзандро ба таҳсил фиристад? Ман фикр намекунам, ки ин мушкилро мо тавонем дар як ё ду сол ҳал кунем. Аммо ин хишти аввал аст ва ҳоло дар мадди аввал мо бояд дақиқ кунем, ки теъдоди кӯдакони коргар чӣ қадар аст ва дар кадом минтақаҳо кӯдакон аз таҳсил дур мондаанд. Ин бори аввал, ки вазорати маориф ҳам барои рафъи мушкили кори кӯдак ҷалб мешавад. Як камбуди дар ин роҳ то имрӯз ин буд, ки давоми солҳои зиёде, ки созмонҳо дар ин масъала кор мебурданду пажӯҳишҳо мегузарониданд, вазорати маориф дар ин лоиҳаҳо ҳамроҳ набуд ва бо онҳо ҷиддӣ ҳамкор намекарданд. Дар даҳ соли ахир фақат семинар гузаронида шудааст, ки ин аслан роҳи ҳал нест.

Озодӣ: Яъне ҳоло дақиқ нест, ки теъдоди кӯдакони коргар дар кишвар чӣ қадар аст?

Муҳаммад Қурбонов: Таҳқиқоти алоҳида зиёд аст албатта, аммо онҳо вазъи пурраи кишварро бозгӯ намекунанд. Ин рақамро бояд сохторҳои давлатӣ муайян ва ифшо кунанд, аммо онҳо аз ифшо кардани ин рақамҳо, ки ман фикр мекунам, рақамҳои бузурганд, худдорӣ мекунанд. Вале то ҷое ман иттилоъ дорам, Оҷонсии омори кишвар аллакай як таҳқиқоти васеъро дар ин маврид шурӯъ кардааст ва агар ин рақамро мо дастрас кунем, корамон хеле осон мешавад. Аммо дар маҷмӯъ, ҳамин, ки мақомоти Тоҷикистон вуҷуди ин мушкил, кори сангини кӯдакро инкор намекунад, ин худ як муваффақият аст.
XS
SM
MD
LG