Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Чаро духтарони тоҷикро дар “Одноклассники” бисёр ғам медиҳанд?


“Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро духтарони тоҷик дар Одноклассники, пеши саҳифаҳояшонро девори бетонӣ гирифтаанд” гуфтааст, як ҷавони тоҷик дар як баҳсе дар Одноклассники ва аз рафиқаш чунин ҷавоб гирифтааст: “Ноз мекунанд.”

Манзур аз девори бетонӣ саҳифаҳои бастаи духтарони тоҷик аст, ки ба истиснои дӯстонашон дигар корбарони бегонаву ношинос ба он роҳ ёфта наметавонанд. Агар саҳифа баста бошад, каси бегона ба шумо навишта ва ё зери аксатон шарҳ гузошта наметавонад. Воқеан духтарони тоҷик барои қалъабандии саҳифаашон дар Одноклассники далел доранд, зеро агар саҳифаи худро боз гузоранд, ҳар рӯз пешниҳоде барои муносибати маҳрамона мегиранд ва ё дашном мешунаванд.

Азиза, яке аз корбарон, ки барои муддате саҳифаашро дар Одноклассники боз гузошта буд, паёмҳои беҷавоби гирифтаашро ба ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, ки бароятон мехонем: “Паҳ тағота куштӣ, ита безебай, ваҳҳ Ҷеки Чан вертушка шапт кна.” Яке дигар рамзи ишқу акси гулу, яхмос фиристодааст. Аммо баъди чунин комплиментҳои беҷавоб, Азизаро дашномҳои зиште кардаанд, ки забон ба гуфтани он намепечад.

Сарвинози Рӯҳуллоҳ

Сарвинози Рӯҳуллоҳ

Сарвиноз Рӯҳуллоҳ, ҳамкори мо дар Радиои Озодӣ, ки дар Одноклассники саҳифаи баста дорад, мегӯяд, бисёре аз духтарон аз муносибати бади писарон ба танг омада ва баъзеашон онро комилан тарк мекунанд: “Бисёр одамони бегона ба саҳифаи ман медаромаданд, аз ҷумла писарон, зери аксҳои ман шарҳҳои ҳархела менавиштанд. Баъд нафароне буданд, ки як бор саҳифаи маро медиданд, баъд дархости дӯстӣ мефиристоданд ва вақте ман онҳоро ба сафи дӯстонам қабул намекарданд, ҳатман чизе менавиштанд.”

Баъзе аз ҷавонон ба қавле барои ҷалби таваҷҷӯҳи духтарон аксҳои нимаурёну бозуҳои худро ба онҳо намоиш медиҳанд, ба ин умед, ки шояд мойилашон мешавад. Рустам Маҷидов, хабарнигори тоҷик, ки масъалаи шабакаҳои иҷтимоиро зиёд таҳқиқ мекунад, мегӯяд, агарчӣ писарони тоҷик дар зиндагии воқеъӣ ҳам гоҳ-гоҳ чунин рафтор мекунанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро озодтар эҳсос карда ва аз ҳама марзҳои ахлоқӣ мегузаранд.

Ба қавли Рустам Маҷидов, бисёре аз ҷавонон чунин мепиндоранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ “манбаи фисқу фуҷуранд” ва духтаронро бадахлоқ мекунанд ва маҳз ҳамин андешаи ғалат сабаби тамоми “мусибатҳои” духтарон дар Одноклассники пурбинандатарин торнамои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шудааст:

“Чун як тассавуре ҳаст, мабно ба фикри аввалӣ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле духтаронро вайрон мекунад ва писарон фикр мекунанд, он духтароне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, то ҷое “дастрас” ҳастанд. Ба ҳамин хотир чизҳои фаҳш менависанд, кӯшиши наздикшавӣ мекунанд, кӯшиши наздикшавӣ бо мақсади фаҳш зиёд дида мешавад.”

Фариштамоҳ Гулова

Фариштамоҳ Гулова

Фариштамоҳ Гулова, аз Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто навореро дидааст, ки дар он гуфта мешуд, агар духтаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дошта бошад, ӯро келин накунед. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, шумораи корбарони Одноклассники аз ҳисоби духтарони тоҷик кам нест, чун онҳо роҳҳои эмин мондан аз ин ҳамлаҳоро ёд гирифтаанд. Баъзе аз онҳо исмашонро тағйир медиҳанд, ё агар ин корро накунанд, саҳифаҳояшонро бар рӯи бегонаҳо мебанданд. Онҳое, ки шавҳару фарзанд доранд, ба ҷойи акси худ акси фарзанд ё ҳамроҳ бо шавҳарро гузоштаанд, то писарон ба онҳо ба қавле начаспанд.

Фариштамоҳ Гулова, ки дар таҳияи одобномаи муошират дар Интернет саҳм дорад, мегӯяд, бо гузашти муддате одоби корбарон дар муошират ба ҳадде беҳтар мешавад, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мисли ҳаёти воқеъӣ ахлоқи инсон нақши аслиро иҷро мекунад: “Муошират аз ахлоқи инсон вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо умед бар он дорем, ки бо мурури замон битавонем, одоби муошират дар шабакаҳои иҷтимоиро каме беҳтару хубтар гардонем. “

Одобе, ки бисёре аз корбарони ҷавони тоҷик дар Одноклассники ҳам доранд ва далели ин гуфта, ширкати озоди духтарон дар баъзе аз баҳсҳо ҳаст ва посухи ҷавонон, ки ба он духтар бо “хоҳар” гуфта муроҷиат кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG