Пайвандҳои дастрасӣ

Муллоҳои тоҷик аз “ишқи интернети”-и ҷавонону духтарон пуштибонӣ мекунанд?

...Нигора ба тӯйи арӯсӣ омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, ки рӯзи тӯйро мушаххас кардаанд ва ҳамроҳ бо Шоҳин аз пайи таҳияи рӯйхати меҳмонону даъватномаҳоянд. Ба гуфтаи Нигора, ӯву шавҳари ояндааш соле пеш дар Русия тавассути як сомонаи исломии шиносоӣ бо ҳамдигар ошно шуданд ва баъдан дар Душанбе вохӯрда ҳамдигарро писандиданд. Нигора меафзояд, ки солҳои ахир ҷавонону духтарони зиёде тавассути сомонаҳои шиносоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук, шинос мешаванд ва баъзеҳояшон оила ҳам барпо мекунанд. "Дар Русия ҳадди аққал чаҳор сомонаи исломии шиносоӣ фаъол аст, ки ба ин мавзӯъ бархӯрди ҷиддӣ доранд ва ба ягон хел “флирт” ва “ҳарзагӯиҳои булҳавасона” иҷоза намедиҳанд", мегӯяд ӯ. Нигора аз он таассуф мехӯрад, ки чунин як сомонаи

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

интернетии исломӣ дар Тоҷикистон таъсис нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, писарону духтарони тоҷик дар ин гуна сомонаҳои Русия хело фаъоланд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернети Тоҷикистон, мегӯяд, ки шиносоии ҷавонону духтарони тоҷик асосан таассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук ва Одноклассники сурат мегирад. Аз ин пеш дар Тоҷикистон сомонаи шиносоие бо номи arbuz.tj фаъол буд, вале бо сабабҳои номаълум фаъолияташро қатъ кард. Моҳи гузашта сомонаи шиносоии aloqa.tj ҳам арзи вуҷуд кард, аммо бо кадом далел вуруд ба он ҳоло ғайримумкин аст.

Издивоҷҳо “табақабандӣ” мешаванд

Муҳаррама Раҳимова, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ аз шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, як теъдод аз духтарону ҷавонони муқими шимоли Тоҷикистон баъд аз ошноӣ тавассути рӯзномаҳо ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳамроҳ дар ҷодаи зиндагӣ раҳ паймудан тасмим гирифтаанд. Вале дар Суғд чун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам арӯсро асосан волидайн, албатта, бо машварат бо домод, интихоб менамоянд. Ба гуфтаи хонум Муҳаррама, солҳои ахир бархе аз ҷавонон ва аҳёнан духтарон ҳатто баъд аз ризояти волидайн барои ақди никоҳ шитоб намекунанд, зеро мутмаинанд, ки қабл аз ҳама бояд хулқу атвори якдигарро омӯзанд.

Мусоҳиби мо меафзояд, ки ҳамзамон издивоҷи иҷбории духтарон дар водиҳо тақрибан аз байн рафта ва он ҳоло фақат дар кӯҳистон, аз ҷумла, дар рустоҳои Исфара, Мастчоҳ ва Мастчоҳи кӯҳӣ боқӣ мондааст. Шояд сабаб ин аст, ки меафзояд ӯ, бархе аз духтарони шаҳрӣ баъд аз издивоҷи маҷбурӣ даст ба худкӯшӣ заданд. Хонум Раҳимова меафзояд, омори худкӯшии духтароне, ки онҳоро зӯран ба шавҳар додаанд, мавҷуд нест, аммо никоҳҳои маҷбурӣ ҳанӯз ҳам аз сабабҳои аслии худкӯшии духтарон боқӣ мемонад.

Падидаи дигар, мегӯяд таҳлилгар, дертар хонадор шудани ҷавонон ва, баръакс, барвақттар шавҳар кардани духтарон аст. Ба гуфтаи ӯ, бештари

ҷавонон ҳоло баъд аз синни 26-27 солагӣ хонадор мешаванд, аксари духтарон бошанд, дар синни 18-19 солагӣ ва ҳатто аз ин ҳам барвақт пироҳани арӯсӣ ба бар мекунанд, зеро баъд аз 20-солагӣ шавҳар кардан мушкил мешавад. Хонум Раҳимова меафзояд, ки ин раванд ду сабаб дорад, яке иҷтимоӣ, яъне ҷавонон дар мавриди ояндаи худ хирадмандтар шудаанд ва дигарӣ иқтисодӣ – бештари ҷавонон ба он бартарӣ медиҳанд, ки чанд сол дар Русия кор карда, барои манзил маблағ ҷамъ оваранд ва баъдан издивоҷ кунанд.

Ба гуфтаи Муҳаррама Раҳимова, як таҳаввули ҷиддии солҳои ахир – “табақабандӣ” шудани оилаҳост - ҷавонони хонаводаҳои тақводор ҳатман духтаронеро хуш мекунанд, ки аз хонаводаи аҳли тақво ва ҳатман рӯсарӣ дошта бошанд, ҷавонони таҳсилкарда бештар бо духтарони соҳибмаълумот хонадор мешаванд.

Аз нигоҳи ӯ, агар солҳои пеш афроди соҳибмаълумот – омӯзгору табибу муҳандис ё донишҷӯи донишгоҳҳо “хушхарид” буданд, ҳоло духтарон талош мекунанд арӯси хонадоне шаванд, ки вазъи иқтисодияш хуб аст.

Ислом ба шиносоии ҷавону духтар мухолиф нест

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик мегӯяд, “агар дар сомонаи интернетӣ ҳудудҳои шаръӣ риоя шаванд, аз ҳарфу суханҳои бадахлоқонаву бешармона парҳез кунанд ва сӯҳбат боодобона бошад, шариат ба он мухолиф нест. Ислом ба пешакӣ шинос шудану якдигарро дидан, аммо на дар хилват, балки дар ҳузури одамони маҳрам ба духтар, иҷоза медиҳад, зеро муҳимм аст, китонҳо ҳамдигарро бубинанд ва бо шгарту шурути ҳамдигар ошно шаванд. Албатта, дар ҳудуди одобу шариати исломӣ”.

Зимнан, оятуллоҳ Алии Хоманеӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, аввалҳои соли равон фатвое содир карда буд, ки бар пояи он мукотибаи зану марди номаҳрам дар интернет мамнӯъ эълон шудааст. Шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” ба он нуктаи фатво ишора кардааст, ки паёмади ин мукотиба бештари вақт бадахлоқист.

Фейсбук ба хосгорӣ меравад?

Фарҳанги издивоҷ дар кишварҳои минтақа гуногун аст. Дар шимоли Қазоқистон бештар худи ҷавонон дар мавриди ҳаёти муштарак тасмим мегиранд. Шиносоии онҳо солҳои ахир на дар хиёбонҳо, балки аз тариқи

Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ

рӯзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Зимнан, дар Қазоқистон сомонаҳои вижаи исломии шиносоӣ фаъоланд ва дар онҳо асосан ҷавонону духтарон аз хонаводаҳои тақводор бо ҳам ошно мешаванд. Аммо, ба гуфтаи таҳлилгари қазоқ Эржан Қарабеков, вазъ дар ҷануби кишвар комилан дигар аст – дар вилоятҳои ҷанубӣ арӯсро волидайни домод интихоб мекунанд. Домоду арӯсҳо аз қавмҳои муқими ин вилоятҳо – курдҳо, туркҳои месхетӣ ва уйғурҳо фақат рӯзи тӯй ва пушти чодар якдигарро мебинанд.

Дар рустоҳои Туркманистон фарҳанги издивоҷ тақрибан бетағйир мондааст ва дар аксар вилоёт арӯсро волидайн ва аммо бо маслиҳат бо худи домод интихоб мекунанд. Аммо дар шаҳрҳо иддае аз ҷавонону духтарон баъд аз ошноӣ бо ҳам хонадор мешаванд. Гузел Худойбердиева, хабарнигори туркман мегӯяд, албатта, издивоҷ тавассути ошноӣ дар интернет ҳам сурат мегирад ва аммо дарёфти иттилоъ дар ин бора тақрибан ғайримумкин аст. Ӯ меафзояд, дар Туркманистон шароити издивоҷи шаҳрванди хориҷӣ бо туркмандухтар хело сахт аст. Шаҳрванди хориҷӣ бояд ба суратҳисоби махсуси ниҳодҳои суғурта 50 ҳазор доллар гузаронад. Дар сурати талоқ ин маблағ барои таъмини кудакони ноболиғ сарф мешавад. Шарванди хоиҷӣ ҳамчунин бояд камаш як сол дар Туркманистон зиндагӣ карда ва манзил дошта бошад.

Зимнан, дар Тоҷикистон ҳам бо вуруди тағйирот ба қонуни оила хориҷиёнро вазифадор карданд, ки пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд як соли охир дар кишвар зиста бошад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шартҳои қонуни нав издивоҷи хориҷиёнро бо шаҳрвандони кишвар шаш баробар кам кардааст. Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, чунин издивоҷҳо дар соли 2013 ҳамагӣ 137 адад будаанд, дар ҳоле ки панҷ сол пеш дар як сол дар Тоҷикистон беш аз 720 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони маҳаллӣ бо хориҷиҳо сабт мешуд.

Фавзия Куфӣ, вакили парлумони Афғонистон мегӯяд, ки солҳои ахир издивоҷи ҷавонон баъди ошноӣ аз тариқи интернет ҳам ба тадриҷ маъмулӣ мешавад ва худи ӯ шоҳиди ҳадди аққал ду ҳамин гуна пайванд

Фавзия Куфӣ

Фавзия Куфӣ

буд. Вале дар маҷмӯъ дар Афғонистон, ба гуфтаи хонум Фавзия, фарҳанги “хонаводаги”-и издивоҷ устувор боқӣ мондааст: “Дар Афғонистон издивоҷҳо тавассути хонаводаҳо танзим ва ҳама урфу одату суннатҳо риоя мешаванд. Албатта, издивоҷҳо бо ризояту писару духтар ҳам дар ҳоли афзоиш аст, бо таваҷҷуҳ ба он ки ман дар комиссиюни занони Волусӣ Ҷирга ҳастам, гоҳе духтарону писарони ҷавон ба ман ҳам муроҷиат мекунанд ва хоҳиш мекунанд, ки барои баста шудани никоҳашон кӯмак кунам. Инҳо писарону духтароне ҳастанд, ки намехоҳанд дигар бо ришяоти волидайнашон издивоҷ кунанд”, мегӯяд ӯ.

Хонум Фавзия Куфӣ меафзояд, ки солҳои ахир духтарони афғон ба издивоҷ бо ҷавонони соҳибмаълумот бартарӣ медиҳанд, падидае, ки даҳ сол пеш ғайримумкин ба чашм мерасид. Ва чунин ҷавонҳоро онҳо асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG