Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 30 муҳоҷир ва 1 имом бо 1 кило тротил дар масҷиде дар Оренбург


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар ҷараёни амалиёти пулис ба як масҷиди ғайрирасмӣ дар вилояти Оренбурги Русия як имомхатиби собиқ ва ҳудуди 30 муҳоҷир аз Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Бино ба гузориҳои расонаҳои Русия, рӯзи ҷумъаи 26 сентябр мақомоти интизомии вилояти Оренгбурги Русия зимни як амалиёт аз ҳудуди як масҷиди собиқ дар қаламрави шаҳраки Қӯшкӯли ин вилоят имомхатиби собиқи ин масҷид ва ҳудуди 30 муҳоҷир аз Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Як бахши ин муҳоҷирон ба далели надоштанри сабти расмӣ дар Русия дастгир шудаанд. Вале ба гуфтаи мақомоти интизомӣ ҳадафи асосии ин амалиёт на муҳоҷирон, балки имомхатиби собиқ буд, ки гуфта мешавад, баъди хуруҷаш аз ҳайати муфтиёти расмии мусалмонони вилояти Оренбург ба ақидаҳои ифротӣ гароидааст. Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёт аз ҳудуди масҷиди собиқи Қӯшкӯл як миқдор адабиёти ифротӣ ва ҳамчунин ду норинҷак (граната) ва як наздики як кило маводи таркандаи навъи тротил кашф ва мусоида шудааст.

Манбаъи хабаргузории ИТАР-ТАСС дар мақомоти интизомии Оренбург бидуни ифшои исми имоми боздоштшуда гуфтааст: “Ин имом беш аз 10 сол имоми масҷиди маҳаллӣ буд, вале дар соли ҷорӣ ихтиёран аз ҳайати идораи мусалмонони вилояти Оренбург хориҷ шуд ва ба таҳия ва таблиғи идеологияи тундравонаи исломӣ дар байни мусалмонон пардохт.” Ба гуфтаи ин манбаъ, “гумон меравад, ки маҳз ӯ канлаҳои барои таҳсил ба марказҳои мазҳабии минтақаи Ховари миёна фиристодани ҷавононро ташкил кардааст.”

Амалиёти вижа дар масҷиди Қӯшкӯлро нирӯҳои пулис, Хадамоти федеролии амният ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Оренбург муштаракан анҷом додаанд.

Боздошти як имоми собиқ бо гумони ташкили масирҳои ба кишварҳои Ховари Миёна фиристодани ҷавонон аз сӯи мақомоти интизомиву амниятии вилояти Оренбурги Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба ҳисобҳо, як бюахши бузург аз ҳудудан 15 000 ҷангиёни хориҷӣ дар ҷангҳои Ироқу Сурияро намояндагони кишварҳои Шӯравии собиқ ташкил медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиёни тоҷик танҳо дар Сурияро 190 нафар баршумурда, ба ҳисоби раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ҷанги бегона то имрӯз тақрибан 30 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мегӯянд, аксари ҷангиён аз ин сарзаминҳо дар қаламрави Русия ба ширкат дар “ҷиҳод” дар Сурия ҷалб шуда, аз Русия ё тавассути он кишвар ба он ҷанг рафтаанд. Ба бовари ин мақомот, ҳалқаҳои муназзами ба “ҷиҳод ҷалб кардани афрод аз миёни намояндагони халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ваё ба истилоҳи дигар, “военкомати ҷиҳод” маҳз дар қаламрави Русия амал мекунанд. Аммо то кунун мақомоти Русия дар бораи хунсо кардани ягон чунин ҳалқае хабар надодаанд.

Дар мавриди имоми собиқ аз шаҳраки Қӯшкӯли вилояти Оренбург низ дар ҳоли ҳозир танҳо гумон меравад, ки ӯ каналҳои ба Ховари Миёна фиристодани ҷавононро доштааст, вале феълан сухан танҳо дар бораи “барои таҳсил” ба он сарзамин фиристодани мардум меравад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир, масъалаи боз кардани парванда алайҳи имоми собиқи масҷиди Қӯшкӯл дар дасти баррасӣ қарор дорад. Бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ – таблиғи ақидаҳои мазҳабии ифротӣ ё таблиғи мардум ба “ҷиҳод” - боз шудани ин парванда нишон хоҳад дод, ки оё дар амалиёти рӯзи 26 сентябр дар ин гӯшаи вилояти Оренбург дар ҷануби Русия дар асл киро гирифтаанд ва оё бо ҳудуди 30 муҳоҷири тоҷику узбаку қирғиз, ки аз паси ин имом намози ҷумъа мехонданд, акнун чӣ хоҳад шуд?

Пасманзар

Ин нахустин мавриди боздошти муҳоҷирони тоҷик дар масҷидҳои Русия нест. Рӯзи 6 июни соли равон дар чунин як амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ баъди намози ҷумъа дар масҷиди бозори Салово дар шаҳри Санкт-Петербург, ки имоматиашро як шаҳрванди тоҷик бар дӯш доштааст, 146 муҳоҷир, аксаран аз Тоҷикистону Узбакистон, дастгир шуданд. Даҳҳо нафари ин муҳоҷирон, бо шумули имомро баъдан аз Русия ихроҷ карданд.

Ҳамон рӯз пулиси Русия аз як масҷиди воқеъ дар хиёбони Угрешский, дар ҷануби Маскав 300 нафар, бо шумули 170 муҳоҷири хориҷиро боздошт кард. Пулис гуфтааст, дар ин маҳал адабиёти исломӣ ба даст омада ва таҳқиқот ҷараён дорад, то маълум шавад, ки ин навиштаҳо то чӣ ҳадд мардумро ба «ифротгароӣ» даъват мекунанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи ноябри соли 2013 як шаҳрванди Тоҷикистон дар масҷиди таърихии шаҳри Маскав бо гумони таблиғи ақидаҳои ҳизби манъшудаи Таҳрир дастгир шуда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG