Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муносибати духӯраи Русия ба муҳоҷирони мусулмон


Муҳоҷирони мусулмони Маскав дар рӯзи фарорасии моҳи Рамазон сари дастурхони ифтор ҷамъ омадаанд

Муҳоҷирони мусулмони Маскав дар рӯзи фарорасии моҳи Рамазон сари дастурхони ифтор ҷамъ омадаанд

Аз як тараф, ниҳодҳои Русия саъй доранд, рӯҳониёнро ба раванди ҳамоиши муҳоҷирони мусулмон ба ҳаёти ҷомеаи Русия ҳамроҳ кунанд, аз сӯи дигар, мақомоти ин кишвар бо ҳар баҳона муҳоҷирони намозгузорро аз кишвар ихроҷ мекунанд.

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия умед дорад, ки муассисаҳои динии ин кишвар дар ҳамоиши муҳоҷирони корӣ ба ҳаёти ин кишвар мусоидат хоҳанд кард. Ин ниҳод аз ҷумла бо 31 идораи исломӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, кӯшиш дорад, ки рӯҳониёни исломиро ба раванди ҳамоиши муҳоҷирони мусулмон ташвиқ кунад.

Ба қавли Хадамоти муҳоҷирати Русия, аз миёни даҳу ним миллион муҳоҷири кории мустақар дар ин кишвар наздики дувуним миллион шаҳрванди Узбакистон, беш аз як миллиону сад ҳазор нафар шарҳванди Тоҷикистон, тахминан 600 ҳазор озарӣ ва наздик ба 560 ҳазор нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд, ки аксаран мусулмон ҳастанд.

Ба қавли мақомоти Русия муҳоҷироне, ки дар солҳои шӯравӣ ба воя расидаанд, расму одатҳои ин кишвар ва забони русиро хуб медонанд, вале муҳоҷирони ҷавон бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд. Шӯрои муфтиҳои мусулмонони Русия иброз доштааст, ки қаблан дар масҷидҳои Маскав хутбаҳои рӯзи ҷумъа ба забони тоторӣ ироа мешуд, вале ҳоло барои фаҳмо будани хутбаҳо ба тамоми мусулмонони шарик дар намози ҷомеъ, хутбаҳо ба забони русӣ тақдим мешаванд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Екатеринбург ҳазрат Алфрид, узви қозиёти мусулмонони бахши осиёии Русия гуфт, ду нафар аз муҳоҷирони тоҷик
Сентябри 2012. Полис санадҳои намозгузорони масҷиди марказии Маскавро тафтиш мекунад

Сентябри 2012. Полис санадҳои намозгузорони масҷиди марказии Маскавро тафтиш мекунад

ба мансаби имом-хатиби масҷидҳои минтақаи Екатеринбург пешбарӣ шудаанд ва маъмурият бо онҳо муомилаи хуб дорад. Ӯ афзуд, ки дар ҷойҳои дастаҷамъии иқомати муҳоҷирони мусулмон имкони сохтмони масҷидҳо баррасӣ мешавад. Ҳазрат Алфрид мегӯяд, қозиёт ба мувофиқат расидааст, ки хутбаи рӯзи ҷумъа бояд ба забоне тақдим шавад, ки онро ҳамаи намозгузорон фаҳманд.


Ҳамчунон илова мекунад, ки идораи қозиёти мусулмонони қисмати осиёии Русия ба имом-хатибҳо дастур намедиҳад, ки дар калом мавзӯъ ваъз гӯянд. Дар ҳамин ҳол баъзе муҳоҷирони корӣ шикоят доранд, ки мақомоти Русия он мусулмононеро, ки берун аз чорчӯби ниҳодҳои динии ин кишвар тоату ибодат мекунанд, зери фишор қарор медиҳанд.

Ахиран дар минтақаи Тюмени Русия чор муҳоҷир бо айбномаи узвият дар созмони манъшудаи Ҳаракати исломии Туркистон боздошт шуданд. Шаҳрвандии онҳо ошкор нашудааст, вале рӯзи сешанбе хабаргузории Итар-ТАСС аз нақли ФСБ ё худ хадамоти федералии амнияти Русия иттилоъ дод, ки аснои амалиёти зидди тундгароии динӣ дар канораҳои шаҳри Тюмен беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро бо иттиҳоми вайрон намудани шароити муҳоҷират боздошт шудаанд. Дар хабар иддао мешавад, ки дар манзили зисти онҳо ибодатгоҳ ташкил шуда, адабиёти ифротии динӣ ва беш аз 200 симкартаи телефонҳои мобили Русия ёфт шудааст.

Итар-ТАСС навиштааст, ки аз миёни боздоштшудаҳо 20 нафар бо ҷурми вайрон намудани шароити вуруд ба Русия ва ё шароити иқомат дар ин кишвар ба маблағи 2000 рубли русӣ муҷозот шуда, дар нисбати 8 нафари дигар додгоҳ ҳукми ихроҷ аз Русияро содир кардааст.

То ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ин хабар вокунише нишон надодааст, вале чанде пеш вақте ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Русия дар бораи ҳамин гуна боздошти ифротгароҳои исломии тоҷик гузориш доданд, сафорати Тоҷикистон ин хабарро такзиб намуд.

Ҷои ёдоварист, ки моҳи феврал ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Русия дар шаҳри Санкт Петербург амалиёти муштарак гузаронида, дар ибодатгоҳи бозори “Апраксин двор” даҳҳо фарди намозгузор- шаҳрвандони ҷамоҳири қафқозии Русия, Узбакистон, Озарбойҷон, Миср, Афғонистон ва аз ҷумла 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ боздошт намуданд. Баъдан ин 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуданд.

Дар ин иртибот сафорати Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки додгоҳи Русия ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро на бо ҷурми экстремизм ва ё терроризм, балки бо ҷурми поймол намудани қоидаи иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG