Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар як соли гузашта 300 ҳолати "таълими ғайриқонунии динӣ"-ро ошкор ошкор кардаанд. Дар кишвар ба ҷуз Донишгоҳи исломӣ, ҷои дигаре барои таълими динӣ нест. Хабарнигорони "Озодӣ" аз мардум пурсиданд, фарзандонашон бояд дар куҷо таълими динӣ бигиранд -- мадраса ё хонавода?
Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳеро қабул кард, ки эҳтимол шабакаи иҷтимоии Тик Ток-ро дар ин кишвар маҳдуд кунад. Тик Ток-ро дар Амрико беш аз 170 миллион нафар истифода мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз Путинро табрик гуфт ва пирӯзии ӯро "ғолибияти баҳснопазир" номид. Русия мизбони бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст ва ду кишвар ҳамкориҳои зич доранд. Мондани Владимир Путин дар қудрат барои Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад.
Кумисюни Марказии интихоботи Русия Владимир Путинро пирӯзи интихоботи президентии ин кишвар эълон кард. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ, Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия зиёда аз 87 дарсади раъй ба даст овардааст. Нозирони хориҷӣ интихоботи Русияро саҳнасозишуда номиданд.
Ахбори Озодӣ
Вайрон кардани баъзе аз биноҳо дар бахши таърихии шаҳри Бухоро баҳсбарангез шуд. Намояндагони ҳукумати Узбекистон онро ба бунёди Маҷмааи сайёҳии "Бухорои боқӣ" рабт доданд. Яке аз блогерон амали мақомотро "ҷиноят" ва "қонуншиканӣ" номид.
Дастаи футболи "Файзканд" дар ноҳияи Восеъ, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд, пароканда шудааст. Бозигарони даста ва масъулони ин бошгоҳи футбол мегӯянд, далели пош хӯрдани даста наёфтани сарпараст аст.
Дар ноҳияи Шаҳритус зани нобиное танҳо зиндагӣ мекунад, ки орзуи содда, вале муҳиме дорад. Орзуяш ин аст, ки битавонад мисли замони биноиаш дар ҷое коре ёбад ва барои ҷомеаву атрофиёнаш фарди муфиде бошад.
Дар Қирғизистон ҳамла ба табибону парасторон дар шифохонаҳо зиёд шудааст. Ҳамлаи касоне, ки фикр мекунанд, табиб ба бемори онҳо эътибор намедиҳаду бепарвоӣ мекунад. Коре, ки дар шифохонаҳои Тоҷикистон ҳам кам нест ва сабаби табибиву парасториро бас кардани даҳҳо нафар ҳам шудааст.
Ҳаёти тоҷикони Австрия (Рӯзгори муҳоҷир #17)
Дар Русия интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуруъ шуд, ки се рӯз, то рӯзи 17-уми март идома мекунад. Интизор меравад, дар ин маъракаи сиёсӣ, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз шавад ва 6 соли дигар раҳбари Русия бимонад.
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ёфтҳои бештар