Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти густурдаи муҳоҷирони тоҷику узбак дар масоҷиди Русия


Тибқи иттилои сомонаи расмии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург, дар пайи амалиёт ё рейди вижаи мақомоти интизомӣ 146 муҳоҷир аз масҷиди бозори Салово боздошт шудаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, боздошти ин афрод рӯзи гузашта ва ба дунболи намози ҷумъа сурат гирифтааст. Ба гуфтаи пулис, аксари боздошшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд. Тавре гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир аллакай даҳ нафар аз боздоштшудагон аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.

Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ Назруллоев, як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, нерӯҳои интизомии шаҳри Санкт-Петербург дирӯз пас аз намози ҷумъа атрофии масҷиди мавзеи Саловои ин шаҳрро иҳота карданд: «Дар ин масҷид аз се то чор ҳазор нафар намоз мехонданд ва дар вақти намозхонӣ масҷидро пулис иҳота карда ва баъдан бисёриҳоро қапида бурданд. Баъзеҳоро депортатсия карданд, баъзеҳоро ҷарима. Маро низ боздошт карданд ва ҳуҷҷатҳоямро гирифта то рӯзи душанбе озод карданд. Ҳоло ҳуҷҷатҳоям дар ФМС аст ва намедонам, ки маро депортатсия мекунанд ва ё ҷарима».

Дар ҳамин ҳол пулиси Русия рӯзи ҷумъа аз як масҷиди Маскав 300 нафарро боздошт кард, ки 170 нафари онҳо хориҷиён мебошанд. Мақомоти интизомии Русия то кунун сабаби боздошти ин афродро шарҳ надодаанд. Пулис гуфтааст, дар ин маҳал адабиёти исломӣ ба даст омада ва таҳқиқот ҷараён дорад, то маълум шавад, ки ин навиштаҳо то чӣ ҳадд мардумро ба «ифротгароӣ» даъват мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо, ин амалиёти боздошти намозгузорон дар масҷиде дар хиёбони Угрешский воқеъ дар қисми ҷануби Маскав анҷом шудааст..

Тибқи гузоришҳо, дар соли равон ин савумин амалиёт бар масоҷид ва марказҳои исломӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия мебошад.

Ин иқдом баъд аз он сурат мегирад, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин қабл аз бозиҳои зимистонӣ олимпӣ дар Сочӣ, ба саркӯб кардани ба таъбири ӯ «ифротгароёни исломӣ» дастур дод.

Владимир Путин рӯзи ҷумъа ба афсарони амниятии ин кишвар изҳор дошт, ки ҷанг алайҳи фасоди идорӣ, ҷиноятҳо ва шӯриш бояд ба шакли хашин ва давомдор пеш бурда шавад. Ӯ афзуд, вазъият бояд ба вижа дар шимоли Қафқоз ҳамеша таҳти назорат қарор дошта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG