Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: "Янукович аз Русия хоста буд ба Украина нерӯ фиристад"


Маскав мегӯяд, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина дар номае расмӣ аз Русия хоста буд ба Украина нерӯ бифиристад.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе дар нишасти изтиророии Шӯрои Амният гуфт, ки раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина дар номааш ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки ирсоли нерӯ барои барқарории субот дар Украина зарурӣ аст.

Дар ҳамин ҳол Саманта Повер, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки лашкаркашии Русия ба Украина вокуниш ба як таҳдиди "хаёлӣ" аст. Ӯ роҳи ҳалро музокираи ҳар чӣ зудтари русҳо бо давлати Украина ва хуруҷи нерӯҳои русӣ аз хоки он кишвар эълом кард.

Юрий Сергеев, намояндаи доимии Украина дар Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ки нерӯҳои Русия ҳамчунон дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Қрим ҳастанд. Ӯ афзуд ки аз ҳафтаи гузашта то кунун 16 ҳазор тан аз нерӯҳои русӣ ба Қрим фиристода шудаанд

Баррасии вазъи Украина дар Шӯрои амнияти СММ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) вазъиятеро, ки дар Украина пас аз вуруди нерӯҳои Русия ба ин кишвар ба миён омадааст, баррасӣ кард.

Баҳси вазъияти Украина дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо пешниҳоди Русия иттифоқ афтода, сафири Русия дар ин ниҳод Виталий Чуркин гуфт, талош дорад, мавзеъгирии кишварашро дар бӯҳрони Украина ба ҷаҳониён шарҳ диҳад.

Ин дар ҳолест, ки фармондеҳии Флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия иддаои вазорати дифои Украина дар бораи ултиматум ба нирӯҳои низомии Украина дар Қрим "комилан бепоя" номид. Хабаргузории Интерфакс аз сухангӯи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия нақли қавл мекунад, ки гуфтааст: хабари то субҳи сешанбе ултиматум гузоштани фармондеҳи ин флот ба нирӯҳои украинӣ дар Қрим "комилан бепоя" аст.

Хабари чунин зарубалаҷал (ултиматум) шоми 3 март аз сӯи мақомоти вазорати дифои Украина нашр шуд. Бино бар ин манбаъ, фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия Александр Витко ба нирӯҳои низомии Украина дар нимҷазираи Қрим то соати 05-00-и вақти маҳаллӣ (08-00 ба вақти Душанбе) фурсат додааст, ки таслим шаванд, вагарна пойгоҳҳои онҳо дар саросари Қрим мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт.



Вазъи нирӯҳои Украина дар Қрим норӯшан боқӣ мемонад. Чанд пойгоҳи артиш ва нирӯҳои марзбонии Украина дар ин нимҷазира дар иҳотаи силоҳбадастони зоҳиран рус, вале бидуни аломати мансубияташон ба кадом қисми низомӣ ё артиш қарор дошта, фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовский рӯҳим 2 март ба тарафи ҳукумати худхондаи Қрим гузашт.

Аммо рӯзи 3 март афсарони нирӯҳои баҳрии Украина ҳамроҳӣ ба фармондеҳи собиқи худ ва гузаштан ба тарафи ҳукумати худхондаи Қримро рад карданд. Онҳо дар нишасти хабарӣ дар ситоди ин нирӯҳо дар Севастопол фармони барканорӣ ва ба хиёнат айбдор шудани фармондеҳи собиқи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовскийро бо кафкӯбӣ ва хондани таронаи миллии Украина истиқбол карданд. Матни фармонро ба онҳо фармондеҳи нави флоти Украина Серҳий Ҳайдук қироат кард.

Денис Березовский рӯзи 2 март, ҳамагӣ як рӯз баъди интисобаш ба ин мақом, табдили сангар кард. Ӯро баъди ин ба хиёнат ба Ватан айбдор ва аз мақом барканор карданд. Афсарони украинӣ ба дунбол тақозои Березовский барои гузаштан ба тарафи ҷудоиталабони Қримро рад карданд. Дар ниҳоят, Березовский танҳо ҳамроҳ бо муҳофизонаш тарки ин бино кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ чигуна тавонистааст вориди қароргоҳи флоти Украина шавад.

Тасарруфи қабати аввали ҳукумати Донетск

Эътирозгарони тарафдори Русия рӯзи 3 март қабати аввали бинои ҳукумати вилояти Донетск дар шарқи Украинаро тасарруф кардаанд. Бино ба хабарҳо, тазоҳургарон рӯзи душанбе қабати аввали бинои ҳукумати вилояти Донетск дар шарқи Украинаро тасарруф кардаанд. Ин дар ҳолест ки 3 рӯз боз бар фарози ин бино парчами Русияро афрохтаанд.

Қаблан ҳазорон тазоҳургари тарафдори Русия дар беруни бино гирди ҳам омада, талаб доштанд, ки волии аз тарафи мақомоти нави Украина таъиншударо барканор ва ба ҷои ӯ волии тарафдори Русияро таъин кунанд.

Ҳамин тавр, чандсад тазоҳургари тарафдори Русия талош кардаанд, ки вориди бинои ҳукумати вилоят дар шаҳри Одесса дар ҷануби Украина шаванд, вале муваффақ нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тоторҳои Қрим мегӯянд, мухолифи дахолати низомии Русия дар умури ин нимҷазираанд. Тоторҳои Қримро режими Иосиф Сталин дар соли 1944 аз ин сарзамин бадарға карда, дар манзилҳои онҳо мардуми асосан русзабонро ҷой карда буд. Аз солҳои 80 ба ин тараф бахши бузурге аз тоторҳо ба сарзамини бобоии худ баргаштанд, вале то ҳол беш аз нисфи аҳолии нимҷазираро русзабонҳо ташкил медиҳанд.

Рӯзи 3 март гурӯҳе аз занони аксаран тотор бо шиорҳои зидди ҷанг ва зидди дахолати Русия дар умури Қрим дар Симферопол раҳпаймоӣ ташкил карданд.
Пахши зиндаи ин раҳпаймоӣ инҷо қобили тамошост:

http://www.youtube.com/watch?v=9FwO6lxcLxc&feature=share




Ҳейг: Рафтори Русия дар Украина хоси асри 21 нест

Вазири хориҷаи Бритониё дар Киев гуфт, рафтори Русия дар Украина наметавонад роҳи пешбурди умури байналмилалӣ дар асри 21 бошад. Вилям Ҳейг, ки рӯзи 3 март дар Киев сӯҳбат мекард, дар пайи таҳти назорати нирӯҳои Русия омадани нимҷазираи Қрими Украина Маскавро аз "паёмадҳо ва баҳо"-и ин аъмолаш ҳушдор дод. Ҳейг чунин шеваи амалро "рафторе ғайри қобили қабул" хонд ва гуфт, "ин наметавонад роҳи пешбурди умури байналмилалӣ дар асри 21 бошад."

Вилям Ҳейг ҷузъиёти паёмадҳои ин аъмол барои Русияро шарҳ надод ва гуфт, ки ӯ танҳо дар бораи посухҳои иқтисодиву дипломатӣ ҳарф мезад. Вазири умури хориҷаи Бритониё рӯзи душанбе дар Киев бо кафили раёсатҷумҳурии Украина Олександр Турчинов ва сарвазир Арсений Ятсенюк мулоқот кард.

Ятсенюк, ки дар канори Ҳейг бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Қрим бахше аз қаламрави Украина боқӣ мемонад. Ӯ хостори ҳимояти иқтисодиву сиёсии "воқеъӣ ва назаррас" шуд, вале гуфт, "ҳанӯз ягон шеваи посухи низомӣ дар дасти баррасӣ қарор надорад."
Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, сарбозони мусаллаҳ бидуни нишонаи қисми низомӣ ва мансуб ба кадом кишвар будани онҳо дар кӯчаҳои Симферопол, маркази вилояти Қрими Украина мустақар мешаванд. Ин сарбозон, ки бовар меравад, русанд, рӯи худро ҳам пинҳон кардаанд. Мошинҳои онҳо низ бидуни шумораҳои давлатист. Ин видео аз радиои "Садои Амрико" истиқрори сарбозон дар кӯчаҳои Симферополро намоиш медиҳад.

Сарбозони мусаллаҳ дар кӯчаҳои Симферопол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

САҲА хостори эъзоми билофосилаи нозиронаш ба Украина шуд

САҲА дар пасманзари ташдиди танишҳо бар сари Қрим хостори эъзоми "билофосила"-и ҳайати нозиронаш ба Украина шуд. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мегӯяд, ин ниҳоди қораӣ бояд "билофосила" ҳайати нозиронашро ба Украина бифиристад. Сафир Даниэл Баер рӯзи 3 март қабл аз нишасти САҲА дар Вена гуфт, ҳайати нозирон "ба назорат пардохта, аз низоъ пешгирӣ мекунад, ҳимояти ҳуқуқи ақалиятҳоро таъмин мекунад, пеши низоъҳои марзиро мегирад, эҳтиром ба тамомияти арзиро ташвиқ мекунад ва сулҳу субот ва амниятро дар минтақа барқарор хоҳад кард."

Ҳейг буҳрони Украинаро бузургтарин буҳрони Аврупо дар асри 21 номид

Пойгоҳи Украина дар Симферопол дар иҳотаи силоҳбадастон
Пойгоҳи Украина дар Симферопол дар иҳотаи силоҳбадастон
Вазири хориҷаи Бритониё қаблан вазъи пешомада дар Украинаро "хеле шадиду хатарнок" ва бузургтарин буҳрони Аврупо дар асри 21 номид. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг дар ҳоли ҳозир бо сафаре дар Киев қарор дорад ва бо раҳбарони муваққати ин кишвар мулоқот мекунад.

Сухангӯи дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфтааст, ки раҳбари Милали Муттаҳид имрӯз бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров буҳрони Украинаро баҳс хоҳад кард. Интизор меравад, ин мулоқот дар Женева дар ҳошияи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ доир шавад.

Пуштибонии Амрико аз Украина ва интиқоди тундаш аз Путин

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе ба хотири таъйиди ҳимояти Амрико аз "ҳаққи мардуми Украин барои таъини сарнавишташ, бидун имудохила ё иғвои беруна" ба Киев сафар мекунад. Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе "амали бовварнокардании таҷовуз"- Русия дар Украинаро маҳкум ва ҳамзамон таҳдид кард, ки Русия барои ин амалаш аз сӯи Амрико ва кишварҳои дигар "баҳои хеле ҷиддӣ" хоҳад пардохт.

Керрӣ аз ҷумла дар бораи имкони манъи ироаи раводиди сафар, бастани ҳисобҳои бонкӣ, ташдиди қоидаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ ҳушдор дод. Керрӣ гуфт, дар сурати идомаи аъмоли таҷовузкорона дар Украина, "Русия бой медиҳад, мардуми Русия бой медиҳад, ӯ (раисиҷумҳури Русия Владимир Путин) тамоми дастовардаро, ки бо сарфи 60 миллиард доллар дар Бозиҳои Сочи ба даст овард, бой медиҳад. Ӯ мизбони нишасти G8 дар Сочи шуда наметавонад. Агар ин идома ёбад, ӯ ҳатто наметавонад узви G8 бимонад."

Ҳамзамон вазири дороии Амрико Ҷек Лю дар нишасти хабарие дар Вошингтон гуфт, "Амрико дар ҳамкорӣ бо шарикони дуҷонибаву чандҷонибааш барои ироаи ҳадди аксари кумакҳое, ки Украина ниёз дорад, омода аст."

Имрӯз, 3 март, дар Брюссел нишасти изтирории вазирони хориҷаи 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар мавзӯи Украина доир мешавад. Паймони низомии НАТО дирӯз баъди анҷоми нишасташ дар Брюссел аз Русия хост, то нирӯҳояшро пас бикашад. Ин паймон ҳамчунин хостори истиқрори нозирони байналмилалӣ дар Украина таҳти назари СММ ва САҲА шуд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Рӯзи 2 март давлати Олмон гуфт, Владимир Путин ба пешниҳоди таъсиси "ҳайати таҳқиқотӣ ва як гурӯҳи тамос таҳти раҳбарии САҲА ба хотири оғози муколамаи сиёсӣ" розӣ шудааст. Бино бар ин манбаъ ин пешниҳодро дар як тамоси телефонӣ ба Путин садри аъзами Олмон Ангела Меркел додааст.


Гурӯҳи G-7 амалкарди Русия дар Украинаро маҳкум кард

Гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон мавсум ба G-7, ширкат дар нишасти Сочии Русияро ба ҳолати таълиқ дароварданд. Дар вокуниш ба амалкарди Русия дар Қрим, гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ширкат дар нишасти Сочиро ба ҳоли таълиқ дароварданд. Қарор аст ин нишаст моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри соҳилии Сочӣ бо мизбонии Русия баргузор шавад.

Аъзои Ҷӣ-7, ки узви гурӯҳи ҳашт кишвари қудратманди иқтисодии ҷаҳон ҳастанд, иборатанд аз Амрико, Конодо, Бритониё, Фаронса, Олмон Италия ва Ҷопон. Давлати Русия яке аз аъзои гурӯҳи Ҷӣ-8 аст.

Шоми якшанбе Кохи Сафед ба намояндагӣ аз гурӯҳи Ҷӣ-7 дар баёнияи муштараке бо Шӯрои Аврупо ва комиссияи аврупоӣ ин тасмимро эълон кард.
Дар ин баёния ҳамчунин ҳузури нерӯҳои Русия дар Қрим нақзи усул ва арзиҳое зикр шуда, ки Ҷӣ-8 ва Ҷӣ-7 бар асоси он амал мекунанд.

ТАҲАВВУЛОТИ РӮЗИ 2 МАРТ:

Фармондеҳи флоти Украина ба тарафи ҷудоиихоҳони Қрим гузашт

Денис Березовский
Денис Березовский
Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовский рӯзи 2 март, ҳамагӣ як рӯз баъди интисобаш ба ин мақом ба тарафи ҷудоихоҳони Қрим гузаштааст.
Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовский рӯзи 2 март, ҳамагӣ як рӯз баъди интисобаш ба ин мақом, дар ҳузури сарвазиир ҷудоиталаби Қрим савганд ёд кард, ки аз мардуми Қрим ва ин ҷумҳурии мухтор дифоъ хоҳад кард. Ин амалан ба маънои ба тарафи ҷониби маскавгаро гузаштани ин фармондеҳи украинист, ки рӯзи 1 март аз ҷониби мақомоти ҷадиди Украина ба ин мақом таъин шуда буд. Дар Киев ин амали Березовскийро "хиёнат" номиданд, вале мегӯянд, ӯро ҳанӯз қабл аз ин амал аз мақоми фармондеҳии флот барканор кардаанд.

Бино ба хабари дигар, вазорати дифои Украина рӯзи якшанбе гуфт, ҳудуди 1000 нафари мусаллаҳи ношинос даромадгоҳи пойгоҳи нирӯҳои марзбонии ин кишвар дар нимҷазираи Қримро бастаанд.Ба гуфтаи вазорати дифои Украина, "1000 ҷангии мусаллаҳ ва ҳудуди 20 мошин атрофи бригадаи 36-уми нирӯҳои марзбониро дар Перевалне печондаанд." Низомиҳои Украина аммо дар бораи нирӯҳои кадом кишвар будани ин силоҳбадастон ҷузъиёт надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, амалкарди Русия дар Украинаро маҳкум кард ва онро “таҷовузи боварнокарданӣ” ба хоки Украина хонд. Дар як мусоҳибаи телевизонӣ дар шабакаи CBS-и Амрико ӯ ҳамчунин гуфт, ин кишвар ва шариконаш бо “аксуламалҳои бисёр ҷиддӣ”, аз ҷумла таҳримот метавонанд, Русияро аз ҷиҳати иқтисодӣ дар инзиво қарор бидиҳанд. Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, мумкин аст, Амрико нишасти сарони 8 кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба гурӯҳи Ҷи-8-ро таҳрим кунанд, ки қарор аст, дар шаҳри Сочи баргузор шавад. Ӯ ҳамчунин дар бораи манъи додани раводид ба мақомоти Русия, масдуд кардани ҳисоби онҳо ва ҷаримаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сӯҳбат кард. Ҷон Керрӣ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Ҷи-8 сӯҳбат кардааст ва ҳамаи онҳо комилан омодаанд, Русияро дар инзиво қарор бидиҳанд.

Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг рӯзи 2 март қабл аз парвозаш ба Киев ба хабарнигорон гуфт, истиқлол ва якпорчагии Украина аз сӯи Маскав поймол шудааст. Ҳейг ҳамчунин ҳарду тарафи дахил дар буҳрони Украинаро ба худдорӣ аз низоъ даъват кард. Қарор аст, Вилям Ҳейг дар Киев бо мақомоти Украина мулоқот кунад.

Нишасти Шӯрои Атлантики шимолӣ дар ин лаҳзаҳо дар Брюссел вазъи Украинаро баррасӣ мекунад. Дабири кулли НАТО Русияро манбаи таҳдид ба амният ва суботи Аврупо номид. Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи 2 март гуфт, Русия бо амалкардҳояш дар Украина ба амният ва субот дар Аврупо таҳдид мекунад. Расмуссен дар Брюссел аз Русия хост, то танишҳоро рафъ кунад. Ӯ қабл аз оғози нишасти изтирории НАТО дар масъалаи Украина сӯҳбат мекард.

Нишасти имрӯзаи Шӯрои Атлантики шимолӣ, умдатарин ниҳоди сиёсии тасмимгир дар сохтори НАТО, бо дархости Лаҳистон даъвват шудааст. Варшава мегӯяд, аз ҳар навъ таҷовузи низомии эҳтимолӣ дар Украинаи ҳамсоя эҳсоси таҳдид мекунад.

Чанд лаҳза пештар сарвазири Украина Арсений Ятсенюк аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хост, нирӯҳояшро аз хоки Украина пас бикашад. Арсений Ятсенюк рӯзи якшанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Киев, амалкардҳои Русия дар Украина баробар ба эълони ҷанг алайҳи кишвараш аст: "Агар Путин, мехоҳад раиси ҷумҳуре бошад, ки миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ҷангро шурӯъ кардааст, пас барои расидан ба ин ҳадафаш як сари мӯ мондааст. Мо дар вартаи фалокат қарор дорем."

Андрий Парубий, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина гуфт, кишвараш тамоми нерӯҳои эҳтиётиро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар мекунад. Андрий Парубий рӯзи якшанбе, 2 март ба хабарнигорон гуфт, Шӯрои Амнияти Миллӣ ба вазорати дифоъ амр додааст, "тамоми онҳоеро, ки дар ин лаҳзаҳо нирӯҳои мусаллаҳ зарурат доранд, дар саросари Украина сафарбар кунад." Ӯ афзуд, ҷалби сарбозони эҳтиётӣ ба сафи артиш барои “таъмини амният ва тамомияти арзии Украина аст." Ба гуфтаи Андрий Парубий, нерӯҳои мусаллаҳ тадобири амниятӣ барои посбонии корхонаҳои энергетикӣ дар кишварро тақвият хоҳанд бахшид.

Дабири шӯрои амнияти миллии Украина дар шаҳри Киев гуфт, ки ҳамчунин ба вазорати умури хориҷӣ амр додаанд, то аз Амрико ва Бритониё барои таъмини амнияти Украина кӯмак бихоҳанд. Як рӯз пеш аз ин қарори мақомоти нави Украина, Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия ба раиси ҷумҳур Владимир Путин иҷоза дод, барои муҳофизати рустаборон дар Украина ва таъмини амнияти пойгоҳи баҳрии низомӣ дар Қрим сарбозони русро ба онҷо бифристад.

Қабл аз ин қарор, Игор Тенюх, вазири дифоъи Украина гуфт, ки Русия бидуни иҷозаи Киев сар рӯзи ҷумъа 28 феврал ба Ҷумҳурии мухтори Қрим 6 ҳазор сарбоз ва 30 мошини зиреҳпӯши низомӣ фиристодааст.


Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи шанбе гуфт, “бояд шиддати авзоъ дар Қрим фавран коҳиш дода шавад.” Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “Русия бояд ба истиқлол, тамомияти арзиву марзҳои Украина эҳтиром бигузорад.” Нишастҳои НАТО дар миёни талошҳои бошитоби дипломатӣ дар вокуниш ба бӯҳрон дар Украина ва бими дахолати низомии Русия дар Украина сурат мегирад.

Қарор аст, Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё рӯзи якшанбе ба Киев сафар кунад. Ӯ рӯзи шанбе аз давлати Русия хост, бар асоси Ёддошти Будапешт аз соли 1994 ба истиқлолияти Украина эҳтиром бигузорад. Бар асоси ин ёддошт, ки баъди суқути шӯравӣ имзо шуд, Амрикову Бритониё ва Русия бояд истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро муроот кунанд.

Бар асоси Паймони Будапешт аз соли 1994, Амрико, Бритониё ва Русия дар ивази даст кашидани Украина аз силоҳҳои ҳастаӣ ӯҳдадор ҳастанд, ки истиқлол ва якпорчагии ин кишварро аз ҳар навъ дахолат аз хориҷ замонат бидиҳанд. Украина ӯҳдадории худ тибқи ин паймонро, ки таслим кардани силоҳҳои ҳастаӣ буд, иҷро кардаву ҳоло аз тарафҳои гаранти он созишнома мехоҳад, то низ бар тааҳҳуди супурдаашон амал кунанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Авзоъ ва таҳаввулот дар Украина рӯзи шанбе дар гуфтугӯи якунимсоатаи телефонии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баррасӣ шудааст. Барак Обама гуфтааст, беҳтар аст, Русия бар ҳаргуна нигарониаш аз таҳаввулот дар Украинаро “аз роҳи сулҳомез ва аз тариқи муколамаи мустақим” бо ҳукумати он кишвар ва созмонҳои миёнҷигари байналмилалӣ расидагӣ кунад. Раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки идомаи беэътиноӣ ба қонунҳои байналмилалӣ аз тарафи Русия метавонад, боиси “инзивои бештари сиёсӣ ва иқтисодии” Маскав шавад. Ба иттилои Кремл, Владимир Путин ба Барак Обама гуфтааст, Русия ҳақ дорад, “аз манофеъи худ ва мардуми русзабон дар Украина ҳимоят кунад.”

Баъди таҳаррукоти низомии Русия дар Қрим, Амрикову Канада, омодагиҳояшон барои ширкат дар нишасти G8-ро боздоштаанд, ки қарор буд, моҳи июн дар шаҳри Сочи баргузор шавад.

Саманта Повер, сафири Амрико дар Созмони Милал рӯзи шанбе гуфт, ки амалкардҳои Русия бар хилофи тааҳудоти байналмилалии он кишвар аст. Ӯ дар нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост барои фӯру нишондани танишҳо дар Украина фавран ба ин кишвар нозирони Созмони Милал ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо фиристода шаванд: “Вақти он аст, ки Русия дахолат дар Украинаро бас кунад. Низомиёни Русия бояд ақибнишинӣ кунанд ва ба ормонҳои мардуми Украина эҳтиром гузошта шавад ва имкон диҳанд, ки муколамаи сиёсӣ дар он кишвар идома кунад.”

Юрий Сергеев, сафири Украина дар Созмони Милал аз Шӯрои Амният хост, барои монеъ шудан ба таҷовузи Русия ба Украина ҳар кори мумкинро анҷом диҳад. Қарор аст, авзоъ дар Украина рӯзи душанбе дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел баррасӣ шавад.

Авзоъ дар Қрим
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG