Пайвандҳои дастрасӣ

ОҶИЛ: Украина сарбозони захиравиашро сафарбар мекунад


Дар Украина сарбозони захиравиро оҷилан ба хидмат сафарбар мекунанд. Шӯрои НАТО имрӯз дар Брюссел вазъи Украина дар пайи дахолати низомии Русия дар умури ин кишварро баҳс мекунад.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки нерӯҳои эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳро ба хидмат даъват мекунанд. Қарори мазкур баъд аз он гирифта шуд, ки порлумони Русия ба раиси ҷумҳур Владимир Путин иҷоза дод, сарбозони русро ба Украина бифиристад.

Раҳбари Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Андрий Парубий рӯзи 2 март ба хабарнигорон гуфт, ин Шӯро қарор кард, то вазорати дифоъ "тамоми онҳоеро, ки дар ин лаҳзаҳо нирӯҳои мусаллаҳ зарурат доранд, дар саросари Украина сафарбар кунад." Ӯ афзуд, ҳадаф аз ин сафарбарӣ "таъмини амният ва якпорчагии Украина мебошад."

Ба гуфтаи Парубий, нирӯҳои артиш амниятро дар корхонаҳои энергетикӣ тақвият медиҳанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, қарори Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ ҳамин тавр, ба вазорати хориҷа ироа шудааст, то кумаки ваъдагии Амрикову Бритониё дар мавриди замонати амнияти Украинаро ҷӯё шавад.

Андрий Парубий

Андрий Парубий

Бар асоси Паймони Будапешт аз соли 1994, Амрико, Бритониё ва Русия дар ивази даст кашидани Украина аз силоҳҳои ҳастаӣ ӯҳдадор ҳастанд, ки истиқлол ва якпорчагии ин кишварро аз ҳар навъ дахолат аз хориҷ замонат бидиҳанд. Украина ӯҳдадории худ тибқи ин паймонро, ки таслим кардани силоҳҳои ҳастаӣ буд, кайҳо иҷро кардаву ҳоло аз тарафҳои гаранти он созишнома мехоҳад, то низ бар тааҳҳуди супурдаашон амал кунанд.

Қаблан вазири дифои Украина Иҳор Тенюх Русияро айбдор кард, ки аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ "бидуни огоҳӣ ё гирифтани иҷозати Украина" 6000 нирӯ ва 30 зиреҳпӯшашро ба вилояти Қрими Украин эъзом кардааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 2 март паймони низомии НАТО ба хотири баррасии вазъ дар Украина нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. Ҷаласаи Шӯрои Атлантики Шимолӣ, ниҳоди аслии тасмимгири паймон бо дархости Лаҳистон яке аз аъзои созмон соати яки вақти маҳаллӣ дар Брюссел баргузор мешавад. Ҳукумати Лаҳистон гуфтааст, ки аз ҳар гуна дахолати низомии Русия дар қаламрави Украинаи ҳамсояааш эҳсоси хатар мекунад.

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи шанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, “Бояд шиддати авзоъ дар Қрим фавран коҳиш дода шавад.” Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “Русия бояд ба истиқлол, тамомияти арзиву марзҳои Украина эҳтиром бигузорад.” Қарор аст, нишасти кумиссиёни муштараки НАТО-Украина рӯзи душанбе баъд аз зӯҳр дар шаҳри Брюссел баргузор мешавад.

Омодабоши низомӣ дар Украина

Олександр Турчинов,
раиси ҷумҳури муваққати Украина қаблан эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба ҳолати омодабошӣ ҷангӣ даромадаанд. Вай дар суханони кӯтоҳ дар телевизизони давлатии он кишвар гуфтааст, мақомҳои амниятӣ ҳамчунин муҳофизат аз марказҳои атомӣ, фурудгоҳҳо ва ҳама марказҳои стратегиро тақвият бахшидаанд.

Нахуствазири муваққати Украин низ бо таъкид ба ҳокимият ва истиқлоли кишвараш гуфт, мӯътақид аст, ки Русия дар хоки Украина даст ба иқдоми низомӣ нахоҳад зад. Аммо вай ҳушдор дод, ки мудохилаи низомӣ сабаби оғози ҷанг мешавад ва поёни робитаи Украина бо Русия хоҳад буд.

ҶАЛАСАИ ИЗТИРОРИИ ШӮРОИ АМНИЯТ

Дар соатҳои ахири рӯзи шанбе нишасти изтирорӣ бо ҳузури намояндагони аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ташкил шуд. Украина аз аъзои доими ин шӯро ба ғайр аз Русия, яъне Бритониё, Амрико, Чин ва Фаронса хоста буд барои баррасии вазъи он кишвар ин ҷаласаро ташкил диҳанд.Юрий Сергеев, сафири Украина дар СММ гуфтааст, Русия дархост барои дидори фаврӣ миёни ду кишварро радд кардааст. Саманта Повер, намояндаи Амрико дар СММ ва бархе дигар аъзо хостори фиристодани нозир ба минтақа дар зудтарин вақт шуданд. Хонум Повер гуфтааст, ки замони он расидааст, ки дахолати низомии Русия дар Украина поён ёбад.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия низ гуфтааст, давлати Украина бояд аз "ифротиҳо"дурӣ кунда ва ҳушдор додааст, ки чунин чизе метавонад вазъро ба "таҳаввулоти сахт" бикашонад, ки Русия ба он моил нест. Дар поён, раиси давраии Шӯрои амният-намояндаи Люксенбург гуфтааст, аъзо бар аҳамияти истиқлоли Украина ва низ коҳиши таниш ва назорати байналмилалӣ таъкид кардаанд. Бо ин ҳама, ҳеҷ иқдоми амалӣ ё қатънома тасвиб нашудааст.

ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ОБАМА ВА ПУТИН

Барак Обама президенти Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин нигаронии худро дар мавриди "нақзи ошкор"-и истиқлоли Украина, ки "хилофи қонунҳои байналмилалӣ" аст, баён кардааст.

Барак Обама

Барак Обама

Нигаронии Обама дар тамоси телефонии 90-дақиқаӣ бо ёддоварии тааҳҳудоти байналмилалии Русия аз ҷумла маншури ССМ ё мувофиқатномаи соли 1997 бо Украина ва тааҳҳудоти байналмилалии Будапешт ва Хелсинки баён шудааст.
Гуфтугӯи телефонии Обама ва Путин рӯзи шанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки Шӯрои Федератсияи Русия бо иттифоқи оро бо дархости раиси ҷумҳури он кишвар барои фиристодани нерӯҳои низомӣ ба шибҳи ҷазираи Қрим мувофиқат кард.

Бинобар баёнияе, ки Кохи Сафед дар ин маврид нашр кардааст, Амрико дахолати низомии Русия дар хоки Украинаро маҳкум мекунад. Амрико аз Русия хостааст то бо баргардонидани нерӯҳояш аз пойгоҳҳои худ дар шибҳи ҷазираи Қрим, шиддати танишҳоро коҳиш диҳад ва аз ҳар гуна дахолат дар ҷои дигаре дар Украина дурӣ биҷӯяд. Обама ба Путин гуфтааст, ки агар нигарони вазъияти рустаборони муқими Қрим ҳаст, роҳи ҳалли он гуфтугӯи мустақим бо давлати Украина ва фиристодани нозирони байналмилалӣ аз сӯи Шӯрои амнияти СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст. Путин дархости худ барои фиристодани нерӯ ба Қримро "ҳифзи амнияти ақаллияти рустабор"-и Украина, ки муқими ин минтақаи худмухтор ҳастанд, унвон кардааст.

Аз ҷониби дигар Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико низ рӯзи шанбе бо Сергей Шойгу, ҳамтои руси худ телефонӣ дар мавриди буҳрон дар Украина гуфтугӯ кардааст. Шабакаи хабарии "Фокс нюс" мегӯяд, ки дар ин гуфтугӯи телефонӣ оқои Ҳегел таъкид кардааст, ки мавқеи Русия агар тағйир накунад, хатари ноамнӣ дар минтақа вуҷуд дорад. Расонаҳо дар Амрико мегӯянд, дар соатҳои нахустини рӯзи шанбе мақомҳои расмии Кохи Сафед дидоре дар сатҳи баланд баргузор карданд, то дар мавриди вокуниш ба талошҳои Русия барои иқдоми низомӣ дар Украина гуфтугӯ кунанд. Кохи Сафед дар баёнияе, ки мунташир кардааст, мегӯяд, мардуми Украина ҳаққ доранд дар мавриди ояндаи худ тасмим бигиранд.

РУСИЯ АЛАҲЙИ УКРАИНА ҶАНГ ЭЪЛОН КАРД?

Шӯрои Федератсия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иҷоза дод, ба Украина нерӯ бифристад.Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, бо кулли оро дархости раиси ҷумҳур Владимир Путин барои ирсоли нерӯ ба Украинаро пазируфт.


Виктор Озеров, раиси кумитаи дифоъ ва амният дар Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи шӯро гуфт: “Шӯрои Федератсиюни Русия қарор кард, ки ба раиси ҷумҳур истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар қаламрави Украинаро то замони ба эътидол омадани авзоъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар он кишвар иҷоза диҳад. ” Ҳукумати Русия рӯзи шанбе гуфт, Владимир Путин барои таъмини рустаборон ва нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар нимҷазираи Қрим аз порлумон чунин дархост кардааст. Бар тибқи баёнияи Кремл, нерӯҳои Русия то замони “ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ” дар онҷо истифода мешаванд. Пештар аз ин Игор Тенюх, вазири дифоъи Украина гуфт, Русия сар аз рӯзи ҷумъа ба Украина 6 ҳазор сарбози изофӣ ва 30 мошини зиреҳпӯш фиристодааст. Ӯ афзуд, ирсоли нерӯ бе иҷозаи ҳукумати Украина сурат гирифтааст ва нақзи тамомияти арзии кишвараш аст.

Сарвазири нави Қрим

Сарвазири нави Қрим

Пештар аз ин дафтари раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, ин кишвар дархости Сергей Аксёнов, нахуствазири русиягарои Ҷумҳурии Мухтори Қрими Украина барои ҳифзи субот дар ин минтақаро нодида нахоҳад гирифт. Ҳукумати Русия дар зарфи як соат бъа муроҷиати Сергей Аксёнов посух дод ва бо нашри баёнияе гуфт, “Русия ба дархост беэътиноӣ намекунад.”
Сергей Аксёнов, рӯзи шанбе аз Владимир Путин тақозо кард, ки дар таъмини амният дар Қрим ба онҳо кӯмак кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, тамоми нерӯҳои низомӣ, пулис, марзбонҳо ва нерӯҳои амниятӣ дар Қрим бояд танҳо ба ӯ итоат кунанд ва ҳар фармондеҳе, ки мухолифи ин қарор аст, метавонад истеъфо диҳад.

Аммо дар шаҳри Киев Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина дигарбора аз Русия хост, тамоми ҳаракатҳои низомӣ дар дохили Қримро бас кунад. Ӯ дар нишасти ҳукумат, ки аз тариқи телевизион намоиш дода мешуд, гуфт, Украина ба ин “иғвоҳои” Русия бо нерӯ посух нахоҳад дод. Арсений Ятсенюк афзуд, “ҳузури номуносиби сарбозони Русия дар хоки Украина, як иғво аст ва талошҳои Русия барои водор кардани мо ба истифодаи нерӯ, ноком шудааст.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ӯ аз гузоришҳо доир ба ҳузури нерӯҳои Русия дар нимҷазираи Қрим амиқан нигарон шудааст. Ин ҷумҳурии мухтор ва умдатан руснишини Украина, ҳоло манбаъи аслии таниш миёни гурӯҳҳои русиягарои Қрим ва раҳбарони нави Аврупогарои Украина шудааст. Барак Обама рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки агар Русия ба Украина дахолати низомӣ кунад, “қимати онро хоҳад пардохт.” Барак Обама афзуд:

"Мо аз гузоришҳо дар бораи ҳаракатҳои низомии Русия дар дохили Украина бисёр нигарон ҳастем. Русия бо Украина муносиботи таърихӣ, аз ҷумла фарҳангиву иқтисодӣ дорад ва ҳамчунин дар Қрим таъсисоти низомӣ дорад. Вале ҳаргуна нақзи истиқлоли Украина ва тамомияти арзии он бисёр нооромкунанда хоҳад буд.

О.Турчинов: "Русия мехоҳад Украинаро вориди як ҷанги нохоста кунад"

Барак Обама нагуфт, ки чӣ гуна Амрико ва муттаҳидонаш ба дахолати низомии Русия дар Қрим вокуниш нишон дода метавонанд. Вале яке мақоми расмии ҳукумати Амрико гуфт, мумкин аст, Барак Обама ва раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар гурӯҳи Ҷи -8 аз ширкат дар нишасти сарони ин гурӯҳ даст кашанд, ки қарор аст, моҳи июн дар шаҳри Сочи баргузор шавад. Дар бораи эъмоли таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Русия ҳам гуфтугӯҳое дар ҷараён будааст.

Таниш дар атрофи Қрим баъд аз он авҷ гирифт, ки рӯзи ҷумъа афроди мусаллаҳ, ки мегӯянд, сарбозони Русия ҳастанд, барои посбонӣ ба фурудгоҳҳои Қрим фиристода шуданд. Ҳамчунин гузориш шуд, ки як ҳавопаймои боркаши Русия садҳо сарбозони русро ба Қрим аз ҷумла шаҳри Севастопол бурдааст, ки Русия дар онҷо як пойгоҳи бузурги низомии баҳрӣ дорад. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал, рӯзи ҷумъа гуфт, ки тамоми фаъолиятҳои низомии кишвараш дар Қрим ғайриқонунӣ нест:

“Албатта ва тавре ҳамаи шумо ҳам медонед, мо бо Украина дар бораи ҳузури Сипоҳи Баҳри Сиёҳ дар Севастопол созишнома дорем ва мо дар чаҳорчӯби ҳамон созишнома амал мекунем.“

Вале Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина, гуфт, ки давлати Русия ба нимҷазираи Қрим таҷовуз кардааст ва аз Владимир Путин хост, “иғворо” бас кунад ва нерӯҳои Русияро ақиб кашад. Дар як суханронии телевизионӣ Олександр Турчинов, таҳавуллот дар Қримро ба “иғвоҳое” монанд кард, ки ба гуфтаи ӯ, сабаби ҷанги кӯтоҳи Гурҷистону Русия дар соли 2008 шуданд. Аммо гуфт, раиси ҷумҳури муваққати Украина, нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш, масъулияти худро иҷро мекунанд ва ба иғво дода намешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG