Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корхонаи «Электротяжмаш»-и Украина мегӯяд, сарфи назар аз таҳаввулот ва нооромиҳои ахир, қарордоди таъмини нерӯгоҳи "Роғун" бо генераторро иҷро кардааст.

Дар дафтари матбуоти ширкати воқеъ дар шаҳри Харков ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки «Электротяжмаш» генератори дуввуми тамғаи СВ-1140/320-48 УХЛ4-ро барои блоки 5-уми нерӯгоҳи "Роғун" сохтаву такмил кардааст ва қасд доранд, ки онро моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон бифиристанд.

«Электротяжмаш» генератори якумро барои блоки 6 нерӯгоҳи Роғунро моҳи ноябри соли 2012 ба Тоҷикистон интиқол дод. Ҳукумати Тоҷикистон 29 марти соли 2010 бо корхонаи «Электротяжмаш» қарордоде бо арзиши 23 миллиону 695 ҳазор доллар имзо кард, ки бар асоси он бояд ширкати украинӣ нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо таҷҳизоти лозим таъмин кунад. «Электротяжмаш» ҳамчунин соли 2010 бо арзиши бештар аз 6 миллион доллар бо ширкати «Барқи Тоҷик» қарордод имзо кард ва барои тармими нерӯгоҳи барқи обии «Норак» таҷҳизоти лозимиро фиристод.

Давлати Тоҷикистон ҳамчунин бо ширкати дигари украинии “Турбоатом” соли 2010 қарордодҳое бо арзиши тақрибан 10 миллион доллар имзо кард, ки бар асоси он “Турбоатом” дар Роғун корҳои лоиҳакашӣ анҷом дода ва онро бо таҷҳизот таъмин мекунад. Дар маҷмӯъ барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 генератори нерӯманд, лозим аст

“Электротяжмаш” ва “Турбоатом” аз ду ширкатҳои аслии таъминкунандаи Тоҷикистон бо таҷҳизоти лозим барои нерӯгоҳҳои барқӣ ҳастанд ва баъзе аз чархаҳои қадимаи нерӯгоҳҳои Нораку Роғун дар замони шӯравӣ дар ҳамин ширкатҳо сохта шудаанд.

Талотумҳои сиёсии ахир ва нооромиҳо дар Украина ин нигарониҳоро ба вуҷуд овардааст, ки мумкин аст, бо шиддат гирифтани авзоъ кори ширкатҳои бузурги Украина ҳам халалдор ва вазъи молиашон бад шавад ва онҳо натавонанд, қарордодҳои худро иҷро кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG