Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони Путин барои ҳамкории давлати Русия бо мақомоти Украина


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо судури як қатор фармонҳо, ба ниҳодҳои мухтилифи кишвараш дастур додааст, ки робитаи худ бо давлати нави Украинро ҳифз кунанд.

Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", бино бар фармонҳое ки дар вебсайти раёсати ҷумҳури Русия қарор гирифтааст, раиси ҷумҳури Русия аз давлат хост то ба музокироти иқтисодӣ ва тиҷоротӣ бо Киев идома диҳанд.

Владимир Путин ҳамчунин хостори он шудаааст, ки давлати Русия бо Сандуқи байналмилалии пул ва кишварҳои узви Гурӯҳи 8 барои кӯмаки молӣ ба давлати Украина ҳамкорӣ кунад.

Раиси ҷумҳури Русия аз давлати ин кишвар ҳамчунин хостааст, ки тақозои кӯмакҳои башардӯстонаи мақомҳои ҷумҳурии худмухтори Қримро ба назар бигиранд.

Ятсенюк сарвазири Украина интихоб шуд

Парлумони Украина рӯзи 27 феврал Арсений Ятсенюкро сарвазир интихоб кард. Ятсенюк ба ҳукумати ваҳдати миллие, ки баъди суқути давлати Виктор Янукович рӯи кор меояд, раҳбарӣ хоҳад кард.

Верховни Рада - парлумони Украина рӯзи 27 феврал Арсений Ятсенюк - номзади эътилофи аҳзоби ғарбгароро сарвазир интихоб кард. Ятсенюк - намонядаи ҳизби Баткившинаи сарвазири собиқ Юлия Тимошенко, ки низ баъди суқути давлати Виктор Янукович аз зиндон раҳо ёфт, ҳукумати ваҳдати миллии Украинаро раҳбарӣ хоҳад кард.

Намояндагони ҳизби минтақаҳои Янукович дар парлумон аз қабл гуфта буданд, ки ба ҳукумати ваҳдати миллӣ шомил намешаванд, вале дар раъйгирӣ аз он тарафдорӣ хоҳанд кард.

Интихоботи кобинаи нави вазирони Украина дар ҳоле доир мешавад, ки рӯзи 27 феврал як гурӯҳи мусаллаҳ биноҳои ҳукумат ва парлумони Қримро забт кард ва раисиҷумҳури барканоршуда баъди қариб як ҳафтаи ғайб заданаш дубора аз худ дарак дод ва гуфт, то ҳол худро раисиҷумҳури қонунӣ мешуморад.

Паёми Янукович: Раисиҷумҳури қонунӣ манам

Виктор Янукович
Виктор Янукович
Раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович гуфтааст, то ҳол худро раҳбари қонунан интихобшудаи ин кишвар мешуморад. Янукович баъди қариб як ҳафтаи нопадид шуданаш, аз худ дарак дод. Ӯ рӯзи 27 феврал бо як паёми хаттӣ ба мардуми Украина муроҷиат кард ва дар ин паём аз ҷумла навишт, ки худро то ҳол раҳбари қонуни интихобшудаи ин кишвар мешуморад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки аз мақомоти Русия таъмини амнияти шахсиашро аз иқдомоти "ифротгароён" дархост кардааст.

Як хабаргузории русӣ бо такя ба як мақоми Русия, ки бидуни бурдани ном сӯҳбат кардааст, мегӯяд, ки Русия барои таъмини амнияти шахси Янукович дар қаламраваш ризоият додааст.

Мақомоти нави Украина амри боздошти Януковичро содир карда, мехоҳанд ӯро бо иттиҳоми "куштори дастаҷамъӣ" дар робита ба кушта шудани даҳҳо эътирозгар дар эътирозҳои 3 моҳи охир ба додгоҳ бикашонанд.

Маҳалли будубоши раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович то имрӯз маълум нест. Ӯ рӯзи 22 феврал, ҳанӯз қабл аз барканориаш аз мақом, қароргоҳи худ дар Межигорйе, дар канори Киевро тарк гуфта, ҳамон рӯз дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо телевизиони Харков зоҳир шуд ва дигар аз мазҳари ом ғайб зад. Баъдан дар бораи гӯё ҷилавгирӣ шудани парвози ҳавопаймои ӯ ба хориҷ аз фурудгоҳи Донетск ва ахиран дар бораи расидани ӯ бо муҳофизонаш ба вилояти Қрим, ки мақомоташ ва мардуми аксаран русзабонаш аз Янукович ва аз Русия ҳимоят мекунанд, гузориш расид.

Дирӯз бархе расонаҳои Украина ва Русия дар бораи ба Русия паноҳ бурдани Янукович ва ду писари ӯ хабар доданд. Гуфта мешавад, ки Януковичро дар меҳмонхонаи "Редиссон Роял"-и Маскав (собиқ меҳмонхонаи "Украина") дидаанд. Сомонаи украинии "Главком" мегӯяд, ки додситони кулли собиқи Украина Виктор Пшонка ҳам ҳамроҳи Янукович дар ин меҳмонхона будааст.

Рӯзи 27 феврал матбуоти Русия хабар дод, ки Янукович дар як осоишгоҳи Кремл дар канори Маскав ба сар мебарад.

Янукович дар паёмаш, ки ба хабаргузориҳои Русия ирсол шудааст, ҳамчунин қарорҳои парлумони Украинаро ғайриқонунӣ номидааст. Ӯ гуфтааст, манотиқи аксаран русзабони шарқ ва ҷануби Украина беқонунӣ дар кишварро, ки "вазиронро издиҳом дар майдон интихоб мекунад", намепазиранд.

Ин паёми Янукович дар ҳоле нашр шуд, ки субҳи 27 феврал афроди мусаллаҳ биноҳои ҳукумат ва парлумони ҷумҳурии мухтори Қрим дар ҷануби Украинаро забт карда, бар боми ин биноҳо парчами Русияро афрохтаанд.

Парчами Русия дар бинои ҳукумати Қрим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00

Нотаи Украина ба Русия дар пайи забти ду бино дар Симферопол

Парчамҳои Русия дар бинои парлумони Қрим
Парчамҳои Русия дар бинои парлумони Қрим
Раҳбари муваққати Украина дар пайи тасарруфи ду бинои давлатӣ дар маркази вилояти Қрим ва афрохтани парчами Русия дар боми ҳарду бино ҳамаро ба оромӣ даъват кардааст. Раисиҷумҳури муваққати Украина Олександр Турчинов дар тасарруфи ду бинои давлатӣ дар шаҳри Симферопол, ки субҳи 27 феврал сурат гирифт, "ҷинояткорони либоси низомӣ дар тан"-ро айбдор кард. Турчинов Русияро, ки флоти баҳри Сиёҳаш дар Қрим мустақар мебошад, ҳушдор дод, то нирӯҳояшро дар пойгоҳҳои худ нигоҳ бидорад.

Вазорати хориҷаи Украина кордори сафорати Русияро ба ҳузур хонда, хостори машваратҳои билофосила бо Маскав шудааст. Ба кордори сафорати Русия нотаеро супурдаанд, ки дар ҳудуди пойгоҳи Севастопол мондани нирӯҳои дар Қрим мустақарбудаи артиши Русияро дархост мекунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки биноҳоро дар Симферопол кӣ забт кардааст. Сарвазири ҷумҳурии мухтори Қрим Анатолий Моҳилёв гуфт, як гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз ҳудуди 50 нафар ин биноҳо, аз ҷумлаи бинои парлумони Қримро тасарруф карда, монеъи вуруди кормандони давлатӣ ба ин ду бино шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод ягон талабе ҳанӯз ппеш нагузоштаанд, балки гуфтаанд, "салоҳият"-и раҳбарӣ бар музокиротро надоранд.

Кафили вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, нирӯҳои пулис ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Маҳалли атрофи биноҳои забтшударо феълан таҳти муҳосира гирифтаанд.

Тасарруфи ин ду бино дар Симферопол ба дунболи барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсатҷумҳурии Украина аст. Януковичро баъди 3 моҳи эътирозҳо рӯзи 22 феврал бо қарори парлумон аз ин мақом барканор карданд.

Рӯзи 26 феврал ҳам дар назди бинои парлумони ҷумҳурии мухтори Қрим тазоҳургарони русу тотор бо ҳам даргир шуданд. Ҳудуди 10 000 аз тоторҳои Қрим, ки аз якпорчагии Украина ҳимоят мекунанд, бо тақрибан 5 000 нафаре, ки тарафдори аз Украина ҷудо шудану ба Русия пайвастани Қрим будандсипасдар ҷумҳурии мухтори Қрим вориди бинои парлумони ин вилоят шуда, иҷлосияи изтирории парлумони Қримро, ки масъалаи буҳрони Украинаро баҳс мекард, хароб карданд. Видеои даргирии рӯзи 26 феврал инҷост:

Даргирии эътирозгарон дар Симферопол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00


Ҳукумати нави Украина дар майдон муаррифӣ шуд

Парлумони Украина имрӯз, 27 феврал ба ҳукумати нави рӯ ба Ғарби ин кишвар раъй медиҳад. Раҳбари ғарбгарои эътирозҳои ахир Асений Ятсенюк номзад ба сарвазирӣ пешбарӣ шудааст.

Арсений Ятсенюки 39-сола, яке аз раҳбарони ҳизби Баткившинаи сарвазири собиқ Юлия Тимошенко, рӯзи чоршанбе ба мақоми сарвазир дар ҳукумати нави рӯ ба Ғарби Украина пешбарӣ шуд. Ятсенюк яке аз се раҳбари асосии эътирозҳои се моҳи охир алайҳи ҳукумати раисиҷумҳури собиқ Виктор Янукович буд, ки дар ниҳоят бо суқути ин ҳукумат ва барканории Янукович аз мақом анҷомид. Янукович ба фарқ аз эътирозгарон ҷӯёи қаробати бештар бо Маскав буд ва ба ин хотир дар моҳи ноябр аз имзои паймони ҳвамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, ки ин сабаби ба майдонҳо рехтани тарафдорони ҳамоиши Украина бо Ғарб шуд.

Номзадии Ятсенюк ва аъзои давлати ӯ шоми чоршанбе дар майдони Истиқлол – маркази эътирозҳои се моҳи охир- ба эътирозгароне, ки то ҳол дар майдон боқӣ мондаанд, муаррифӣ шуд.

Арсен Аваков
Арсен Аваков
Ҳамин тавр, дипломати собиқадор Анатолий Дешитса ба мақоми вазири хориҷаи Укрина ва Арсен Аваков ба симати вазири умури дохила пешниҳод шудаанд. Аваков аз замони суқути давлати Янукович дар таърихи 22 феврал кафили ин вазорат буд ва амри боздошту ҷуустуҷӯи Янукович ва ёрони калидии ӯро маҳз Аваков эълон кард. Анатолий Дешитса аз ҷумлаи дипломатҳои украиниест, ки дар аввалҳои моҳи феврал изҳороти ҳамбастагӣ бо эътирозгарони майдони Истиқлолро имзо карданд.

Номзади дигар ба узвияти кобинаи нав Дмитро Булатов аст, ки ба симати вазири варзиш ва ҷавонон пешниҳод шудааст. Булатов тайи се моҳи эътирозҳо раҳбарии “Авто-майдон”- яке аз шохаҳои эътирозҳои зиддидавлатии Украинаро бар ӯҳда дошта, ба ин далел дар оғози моҳи феврал рабуда шудаву тайи чанд рӯз таҳти шиканҷа қарор гирифта буд. Ҷунбиши “Авто-майдон” ҳазорон ронандагонро муттаҳид мекард, ки бо шиорҳои зиддидавлатӣ аз ҷодаҳои Киевуу шаҳрҳои дигар ҳаракат мекарданд ва ба нишони эътироз ҷодаҳои асосиро мебастанд.

Ҳушдор алайҳи дахолати низомии Русия

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи чоршанбе Русияро ҳушдор дод, ки дар сурати дахолати низомӣ дар умури Украина ба “иштибоҳи бузург” роҳ хоҳад дод. Керрӣ дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, Русия алайҳи дахолати низомӣ дар Либияву Сурия ва манотиқи дигар батакрор ҳушдор пахш мекард ва “барои онҳо муҳим аст ки ҳангоми андлешидан рӯи роҳкорҳояшон дар қиболи Украина худ ба ин ҳушдорҳо бияндешанд.”

Баррикадасозӣ дар Севастопол
Баррикадасозӣ дар Севастопол
Дирӯз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба оғози машқҳои густардаи низомӣ даро ғарби ин кишвар амр додааст. Вазиир дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, дар ин машқҳо ҳудуди 10 000 аскару афсар, 880 тонк, 90 ҳавопаймо ва 80 киштии ҷангӣ ширкат мекунанд. Маскав ҳамчунин гуфтааст, ки ба хотири ҳимоят аз флоташ дар баҳри Сиёҳ рниз тадбирҳоеро меандешад. Бахши аъзами ин флот дар бандари Севастопол, воқеъ дар вилояти Қрими Украина, мустақар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен ба Украина пуштибонии ин паймони низомиро пешниҳод кард. Расмуссен гуфт: “Муттаҳидони НАТО пуштибониашон аз истиқлоли Украинаро идома хоҳанд дод. Мо ҳимоятамон аз якпорчагӣ ва пешрафтҳои демократии Украинаро ҳам идома медиҳем. Ва мо ҳамчунин ба мавқеамон дар мавриди таҷовузнопазирии марзҳо пойбанд хоҳем монд.”

Ҷон Керрӣ гуфт, Вошингтон ҳоло масъалаи ироаи 1 миллиард доллар қарзи бокафолат ба давлати нави Украинаро баррасӣ мекунад. Ӯ афзуд, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мавзӯи кумакҳои бештаре ба Украинаро низ меомӯзад ва масъалаи ёриҳо ба Киевро бо Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ дар миён мегузорад.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест гуфт, Амрико аз талошҳои мухолифини собиқи Украина ҷиҳати ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ қотеъона ҳимоят мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон аз “бозигарони беруна дар минтақа” даъват мекунад, то ба истиқлоли Украина эҳтиром гузоранд.

Аҳолии русзабони Қрим ва вилоятҳои дигари Украина аз тағйироти сиёсии ҳафтаи гузашта, ки мунҷар ба суқатъи давлати Янукович шуд, ва ҳам аз қарори парлумон ҷиҳати лағви мақоми вижаи забони русӣ дар вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина, аз ҷумла дар Қрим, дар изтироб уфтодаанд.

Аммо Виталий Кличко, яке аз се раҳбари асосии эътирозҳои охир ва номзади эҳтимолӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 25 май, аҳолии русзабони Қримро итминони хотир дод, ки мақомоти нави Украина ба тарзи зиндагӣ ва арзишҳои рӯзгори онҳо осеб нахоҳанд расонд. Ӯ гуфт, “ман, Виталий Кличко, бо масъулияти тамом изҳор мекунам, ки дар инҷо ягон тундраву қавмгарои бофта нест, ки шумо битарсед. Ва касе нақшаи латма задан ба тарзи зиндагӣ ва анъанаҳои мардуми сокини нимҷазираи Қримро надорад.

Янукович куҷо шуд?

Виктор Янукович
Виктор Янукович
Бо ин ҳол,
XS
SM
MD
LG