Пайвандҳои дастрасӣ

"Шӯълаи умед" ва "субҳи накӯ" барои сулҳ дар Украина (2 ВИДЕО)


Дар музокироти сарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса дар Минск дар мавриди оташбаси нав дар шарқи Украина созиш ҳосил шудааст.

Раҳбарони Украина, Русия, Олмон ва Ҳолланд рӯзи 12 феврал дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус баъди 16 соати музокироти шадид нақшаи сулҳи шарқи Украинаро имзо карданд.

Раисиҷумҳурони Украина ва Русия Петро Порошенко ва Владимир Путин гуфтанд, бар асоси ин қарордод, оташбас дар шарқи Украина рӯзи 15 феврал, аз нимаи шаби шанбе ба якшанбе оғоз ёфта, ду рӯз баъди он бояд силоҳҳҳои вазнин аз минтақаи низоъ берун кашида шаванд ва як минтақаи амниятӣ байни тарафҳои даргир сохта шавад.

Порошенкову Путин ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел тамоми шаб барои расидан ба ин созиш музокирот карданд.

Бино ба хабарҳо, ин созишнома аз сӯи раҳбарони худхондаи ҷудоиталабони тарафдори Русия аз ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” низ имзо шудааст.

Меркел ва Ҳолланд гуфтанд, Путин исрор кардааст, то зери ин тавофуқ раҳбарони ҷудоихоҳон Александр Зачарченко ва Игор Плотнитский ҳам имзо гузоранд.

Порошенко гуфт, ин санад ба вилоятҳои таҳти назорати ҷудоиталабон мухторият намедиҳад ва ҳамчунин то поёни соли 2015 таҳти назорати пурраи нирӯҳои марзбонии Украина овардани тамоми тӯли марзҳои Украина бо Русияро дар назар дорад. Ӯ афзуд, Киев талаби Русия дар бораи таъсиси низоми федеролӣ дар Украинаро напазируфт.

Созиши имзошуда дар Минск ҳамчунин хуруҷи таамоми нирӯҳову таслиҳот ва зархаридони хориҷӣ аз қаламрави Украинаро талаб мекунад.

Порошенко гуфт, ин муомила ба раҳоии тамоми афроде, ки дар ду тараф асир гирифта шудаанд, дар зарфи 3 ҳафта ва бар асоси формулаи “ҳама – ба – ҳама” даъват мекунад. Раҳоии асирон бояд на дерат аз 5 рӯз баъди хуруҷи силоҳҳои вазнин аз хатти ҷанг анҷом шавад.

Путин гуфт, созиши Минск ҳамчунин аз Украина анҷоми чунин як ислоҳоти Қонуни асосиро, ки “ҳуқуқи қонунии мардуми сокини Донбассро фаро бигирад”, талаб мекунад. Ӯ афзуд, ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди “масоили башарӣ” ва “ба иҷро даровардани қонуне, ки мақоми вижаи вилоятҳои Донетску Луҳанскро замонат диҳад”, ба тавофуқ расидаанд.

Порошенко гуфт, ӯро дар ҷараён гузоштаанд, ки афсари нирӯҳои ҳавоии артиши Украина Надя Савченко, ки дар шарқи Украина асир уфтода, ҳанӯз ним сол пеш ба таври мармуз ба Русия интиқол дода шудааст, “дар ояндаи наздик” озод карда мешавад. Савченкоро дар Русия ба даст доштан дар қатли ду хабарнигори Русия дар Украина айбдор мекунанд.

Марк Фейгин, як вакили мудофеи Савченко дар Маскав гуфт, ӯ фикр намекунад,ки муваккили ӯро дар чорчӯби ин муомила ҷиҳати табодули асирон иваз кунанд. Вале Иля Новиков, вакили дигари афсари украинӣ изҳори умед кард, ки ӯро то 19 феврал озод хоҳанд кард.

Созиши рӯзи 12 феврал ба даст омада ҷойгузини қарордоди оташбаси Минск аз моҳи сентябри соли 2014 хоҳад шуд. Он қарордод танҳо дар зоҳир риоя мешуд ва аксари рӯзҳо дар бораи поймол шуданаш аз ҳарду тараф гузоришҳо ба даст мерасид. Бар изофа, дар ин 5 моҳе ки аз замони имзои қарордоди аввал гузашт, садҳо сарбоз аз ҳарду тараф ва ҳамчунин шумори бузурге аз мардуми мулкӣ кушта шуда, ҷудоиталабони тарафдори Русия нирӯҳои Украинаро ба масофаи беш аз 500 километр танг карданд.

Ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина қариб як сол боз истиқлоли вилоятҳои нисфи аҳолиашон русзабони Донетск ва Луҳанскро талаб доранд. Дар Ғарб ва дар Киев бар ин боваранд, ки ин ҷудоихоҳонро Русия бо пулу нирӯву силоҳ таъмин ва аз нигоҳи сиёсӣ пуштибонӣ мекунад. Русия аммо даст доштанаш дар бӯҳрони Украинаро ҳамеша рад мекунад.

Дар маҷмӯъ аз моҳи апрели соли 2014 ба ин тараф дар ҷангҳои шарқи Украина беш аз 5350 нафар ҷон бохта, даҳҳо ҳазори дигар бехонаву дар шуданд.

Владимир Путин расидан ба созиш дар музокироти Минскро “субҳи накӯ” ва Ангела Меркел “шӯълаи умед” барои Украина унвон карданд. Аммо садри аъзами Олмон гуфт, ӯ таҳти ягон “фиреби назар” қарор надорад, чунки “кори хеле, хеле ва хеле зиёде бояд анҷом шавад.” Ӯ аз раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ситоиш кард, ки барои хатми хунрезӣ дар кишвараш тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом дод. Франсуа Ҳолланд гуфт, муомилаи Минск “сабукие барои Аврупо шуд ва намунаи хуби корест, ки Фаронсаву Олмон метавонанд ба хотири сулҳ анҷом диҳанд.”

Вале вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер, ки низ дар музокироти Минск ҳузур дошт, бо истиқбол аз созиши ҳосилшуда гуфт, ин муомила ҳанӯз “роҳи ҳалли фарогир” ваё “пешрафти қобили мулоҳиза” нест.

Ҳамзамон бо нишасти чоргона, музокироти сегонаи Русияву Украина ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо таҳти раёсати намояндаи вижаи САҲА Ҳейди Талиавини низ идома дорад. Дар ин музокироти "гурӯҳи тамос" намояндагони ҷудоиталабони шарқи Украина низ ширкат мекунанд. Ҳадаф аз ин нишаст таҳияи тавофуқи ҷадид ҷиҳати риояи қарордоди оташбасест, ки моҳи сентябр низ дар Минск имзо шуда буд.

Музокироти сахт, аммо умедворкунандаи Минск

Қаблан манобеи украинӣ мегуфтанд, ки Олмон, Фаронса, Украина ва Русия, ки дар Минск-пойтахти Белорус барои пайдо кардани роҳи ҳал ба оташбас дар шарқи Украина гуфтугӯ доранд, баёнияи муштараке дар ҳимоят аз тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳоқимияти Украина содир хоҳанд кард. Хабаргузории "Ройтерз" рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз як узви ҳайати украинии ширкаткунанда дар гуфтугӯҳо гуфт, санади алоҳида низ аз сӯи гурӯҳи сеҷонибаи "тамос", ки ба он Русия, Украина ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо шомил ҳастанд, содир хоҳад шуд.

Нишасти чаҳоргона дар пойтахти Белорус дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҷудоихоҳони тарафдори Русия ҳамлаҳои худро бештар карда ва ба фишорҳо ба ҳукумати марказии Украинаро афзоиш додаанд. Ба гуфтаи артиши Украина, дар шабонарӯзи гузашта 19 сарбози ин кишвар ҷонашонро дар даргириҳои шарқи Украина ва дар наздикии Дебалтсево аз даст додаанд. Ин шумора яке аз зиёдтарин талафоти артиши Украина дар ҷангҳои 9 моҳи гузашта аст.

Ҷудоиталабон ки дар моҳи январ бо оташбаси панҷмоҳа бо ҳукумати Украина поён доданд, талош доранд нерӯҳои давлатиро дар шаҳри стратегии Дебалтсево ба муҳосира бигиранд ва ҷойгоҳи худро мустаҳкамтар намоянд. То кунун беш аз 5000 нафар дар даргириҳои Украина кушта шудаанд ва Амрико ҳоло ошкоро масъалаи фиристодани силоҳ ба ҳукумати Украина барои дифоъ дар баробари "таҷовузи Русия"-ро матраҳ мекунад.

Нишасти Минск дар чаҳорчӯби як тарҳи пешниҳодшуда аз сӯи Фаронса ва Олмон барои поён додан ба ҷанг баргузор мешавад. Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Фаросуоа Олланд, президенти Фаронса бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтугӯро оғоз кардаанд. Чаҳор раҳбар дар ибтидо пушти дарҳои баста мулоқот карданд ва баъдан ҳайатҳои намояндагони чаҳор кишвар ба онҳо пайвастанд.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина пеш аз нишаст гуфт, ки дар сурати даст наёфтан бар барқарории оташбас, вазъият "аз контрол хориҷ хоҳад шуд." Умед барои муваффақияти ин гуфтугӯҳо кам ба назар мерасад ва ба ин вобаста аст, ки ҳукумати Украина имтиёзи бештаре ба ҷудоиталабони дар ҳоли пешравӣ дар майдони ҷанг, бидиҳад. Аз сӯи дигар, эҳтимоли мувофиқати ҷудоиталабон бо бозгашт ба мавқеияти пешинаи худ баъид ба назар мерасад.

Бо ин ҳол Русия ба тавофуқ хушбин аст ва ба гуфтаи як дипломати Русия, эҳтимоли расидан ба тавофуқ 70 дарсад аст. Ин дипломати рус мегӯяд, "президентҳо барои ҳеҷ, ба Минск сафар накардаанд."

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ гуфтааст, ки пешрафтҳои хубе дар музокирот ҳосил шудааст, аммо пофишориҳои Киев барои назорати марзи Русия ва Украина, ки қисмате аз он зери назорати ҷудоиталабон аст, метавонад тавофуқро ба таъхир биандозад.

Дар даргириҳои байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина аз моҳи апрел то кунун беш аз 5350 нафар кушта шудаанд. Ҷудоихоҳон истиқлоли вилоятҳои нисфи аҳолиашон русзабони Донетск ва Луҳанскро талаб доранд. Дар Ғарб ва дар Киев бар ин боваранд, ки ин ҷудоихоҳонро Русия бо пулу нирӯву силоҳ таъмин ва аз нигоҳи сиёсӣ пуштибонӣ мекунад. Русия аммо даст доштанаш дар бӯҳрони Украинаро ҳамеша рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG