Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Минск --пойтахти Беларус мулоқоти чаҳорҷониба барои баррасии роҳҳои қатъи ҷангҳои шарқи Украина баргузор мешавад.

Дар мулоқоти Минск, ки имрӯз ба манзури ҳалли бӯҳрон дар шарқи Украина баргузор мешавад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ширкат мекунанд. Мулоқоти Минск бахше аз талошҳои дипломатӣ барои қатъи муноқишаест, ки дар шарқи Украина аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол 5350 нафар ба қатл расидаанд.

Дар мусоҳибае аз Юрий Фёдоров, таҳлилгари умури сиёсиву низомии Русия дар шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех пурсидам, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки ба мулоқоти Путину Меркел ва Олланд, ки дар Маскав гузашт, танҳо Порошенко дар Минск ҳамроҳ мешавад, пас ин тақрибан такрори ҳамон мулоқоти Маскав нахоҳад буд?

Фёдоров: Ман фикр намекунам, ки ин такрори мулоқоти Маскав аст. Баъд аз мулоқоти Маскав як силсила мулоқотҳои дигар баргузор шуда ва тағйиротҳо пеш омад. Меркел дар конфронси амниятии Мюнхен суханронӣ кард. Сипас вай ба Вашингтон рафт ва бо президент Барака Обама мулоқот дошт. Барои ҳамин дар мулоқоти Минск ҷониби Ғарб бо мавзеъгирии ҳамоҳангшуда масъалаҳоро баррасӣ мекунад, мавзеъгирие, ки бо раҳбарияти Амрико низ ҳамоҳанг шудааст. Гузашта аз ин, баъд аз мулоқоти Маскав бо ибтикори Амрико байни Путин ва Обама гуфтугӯи телефонӣ низ сурат гирифт. Дар ин гуфтугӯ Обама дақиқ изҳор дошт, ки агар таҷовуз ба Украина хотима наёбад, паёмадҳои он барои Русия сангин хоҳад буд. Барои ҳамин вазъ тағйир ёфтааст.

Озодӣ: Бо назардошти ҳамин тағйироте, ки шумо мегӯед, оё Путин розӣ хоҳад шуд, ки нерӯҳои худро аз шарқи Украина хориҷ кунад ва кӯмакҳои худ ба ҷудоихоҳонро қатъ намояд?

Фёдоров: Ба ҳар ҳол дар бораи мавзеъгирии Ғарб мешавад як навъ асоснок сӯҳбат кард. Вале инро дар мавриди мавзеъгирии Русия гуфта наметавонем. То ҳол матбуоти ҷонибдори Кремл дар Русия лаҳни гуфтори худро тағйир надодаанд. Вале пешбинии ман ин аст, ки Путин маҷбур хоҳад шуд ба баъзе гузаштҳо розӣ шавад. Вагарна бархӯрди Ғарб ба иқтисоди Русия паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Русияро бештар дар муҳосираи сиёсӣ мегиранд. Ба манфиатҳои иқтисодии атрофиёни Путин низ зарба ворид хоҳад шуд.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки мумкин аст мавзеъгирии Меркел ва Олланд роҷеъ ба баъзе масъалаҳо аз ҳам фарқ дошта бошад?

Фёдоров: Ман фикр мекунам, ки мавзеъгирии Меркел ва Олланд аз бисёр ҷиҳат ба ҳам наздик аст. Тафовутҳо дар марҳилаҳои гуногун буд. Вале дар Минск муҳим ин аст, ки то чӣ андоза мавзеъгирии Амрико бо ду кишвари муҳими Аврупо, яъне бо Олмону Фаронса ба ҳам монанд аст. Амрико сиёсати сахтгирона бар зидди Русияро дунбол мекунад, вале бархӯрди Аврупо каме фарқ дорад. Мавзеъгирии Обама то ҳол пурра рӯшан нашудааст, ки оё ба Украина аслиҳа медиҳад ё худдорӣ мекунад. Олмон ҷонибдори фиристодани аслиҳа нест. Вале ин нукта рӯшан аст, ки агар музокироти Минск ноком шавад, дар он сурат барои Амрико роҳи дигаре боқӣ нахоҳад монд, ба ҷуз ин ки Украинаро бо аслиҳаи марговар таъмин кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG