Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар ҳоле ки аз таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия интиқод мекард, аз мардуми кишвараш низ хост, пули худро “ба об напартоянд”.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, таҳримҳои Амрикову Аврупо алайҳи Русияро “бераҳмона” номид ва гуфт, ин таҳримҳо ба Остона ҳам таъсир доштааст. Аммо ӯ изҳор дошт, Русия бо сари баланд аз ин вазъият берун баромада, ба пешрафтҳои тозае даст хоҳад хоҳад ёфт.

Назарбоев, ки рӯзи 11 феврал дар ҷаласаи кобина сухан мегуфт, афзуд: “Бовар дорам, Русия метавонад аз ин мушкилҳои иқтисодӣ бо сари баланд барояд ва мо низ метавонем”.

Ин суханон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Нурсултон Назарбоев лаҳни интиқодомезашро нисбат ба Русия тағйир додааст. Вай моҳҳои охир аз мудохилаи Русия ба корҳои Украина интиқод мекард ва бим дошт, ки Русия метавонад ҳамин тавр ба корҳои Қазоқистон ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахолат намояд.

Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳарчанд поин рафтани рубли Русия дар як соли охир ба ширкатҳои Қазоқистон зарар расондааст, аммо вазъро буҳронӣ накардааст. Ӯ дар ҷаласаи ҳукуматаш пешниҳод кард, харҷи буҷа коҳиш дода шавад.

"Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъсис дода, гуфта будем, зиндагӣ ба танзим медарояд. Вале ҳоло вазъ чунин шуд. Ин аз мо вобаста нест. Бале. Ҳоло Русия дар шароити вазнин қарор дорад, аммо мо ҳамроҳи Русия ҳастем. Ин таҳримҳои бераҳмона ба касе кумак намекунад",-афзуд Назарблоев.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар идома хост, ки сарфу харҷи маъракаҳо дар ин кишвар аз нафт бой низ камтар шавад. Ба қавли Нурсултон Назарбоев, дар сурати худдорӣ аз сарфу харҷи зиёд иқтисоди ин кишвар чор миллиард доллар фоида хоҳад дид.

Нурсултон Назарбоев дар ҷараёни маҷлиси ҳукуматаш изҳор дошт, ки иқтисоди ин кишвар дигар бо “доллар” кор накунад.

Рӯзи 5 феврал кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба созиш расиданд, ки алайҳи баъзе шахсони алоҳида ва ширкатҳои Русия таҳримоти иловагӣ ҷорӣ кунанд. То ҳол номи ин шахсиятҳо ва корхонаву ширкатҳо ба нашр нарасидааст. Вале хабаргузории Ройтерз аз қавли намояндагони кишварҳои аврупоӣ навишт, “касе аз ин шахсиятҳо ва ширкатҳо маъруфу машҳур нестанд”.

Бӯҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон ҳам таъсир кардааст. ВИДЕО АЗ ДУШАНБЕ:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG