Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Убайдуллоев дар Маскав. Аз танқиди таҳримҳо то мулоқот бо муҳоҷирон


Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар Маскав гуфтааст, мардуми Тоҷикистон пурра аз мавқеи Русия тарафдорӣ карда, сиёсати таҳримот зидди он кишварро маҳкум мекунад. Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дар раъси як ҳайати бузурги ҳукумати Тоҷикистон 3 рӯз боз дар пойтахти Русия қарор дорад.

Як ҳайати густардаи мансабдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо беш аз 100 ҳунарманди тоҷик се рӯз боз дар Маскав қарор доранд ва то имрӯз бо мақомоти аршади Русия ва ҷамъиятҳои муҳоҷирон ва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқотҳо анҷом додааст.

Рӯзи 23 октябр дар пойтахти Русия музокироти ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия Сергей Наришкин баргузор шуд.

Интиқод аз таҳримоти зидди Русия

Бино ба гузориши сомонаи расмии Думаи давлатии Русия, Убайдуллоев аз ҷумла дар мулоқот бо Наришкин гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон пурра аз мавқеи Русия тарафдорӣ ва сиёсати таҳримот ба зидди ин кишварро маҳкум мекунад: «Ягон кишвар ҳаққи таҳмили шартҳои худ болои ягон каси дигарро надорад.»

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо Сергей Наришкин

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо Сергей Наришкин

Муҳаммад Эгамзод, намояндаи масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқотҳои Муҳамадсаид Убайдуллоев мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, бахусус масоили мавриди ҳамкориҳои парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шудааст: «Имрӯз аз ҷумла дар музокирот бо Матвиенко маросими имзои созишномаи ҳамкории миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Русия баргузор гардид.»

Муҳаммадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ки ӯ бо 70 % аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҷо омадааст. Ин ҳайат ба ҷуз Убайдуллоев муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раҳбари вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед, президенти Фарҳангистони улум Фарҳод Раҳимӣ ва чандин нафари дигарро дар бар мегирад.

Баррасии "Гурӯҳи 24" дар мулоқот бо муҳоҷирон

Муҳаммад Эгамзод

Муҳаммад Эгамзод

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, нахустин мулоқоти, ба таъбири ӯ, «пурмӯҳтаво» дар доираи ин сафар рӯзи 21 октябр дар бинои «Президент-Ҳотел» бо ширкати муҳоҷирони корӣ, донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Русия ва ҳам бо намояндагони созмонҳои муҳоҷирон баргузор шуд. Ба қавли ӯ, Убайдуллоев дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки пеш аз мулоқот бо мақомоти дахлдори Русия мехоҳад бо ҳамватанон дидору сӯҳбате анҷом диҳад ва мушкилоти онҳо дар Русияро аз забони худи онҳо шунавад.

Муҳаммади Эгамзод гуфт, «ин мулоқот бо иштироки созмонҳои ҷамъиятии муҳоҷирон аз саросари Русия баргузор шуд. Дар рафти ин мулоқот як сӯҳбати боз ҷараён гирифт. Раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ҳама саволҳо, аз ҷумла дар мавзӯи муҳоҷират посух доданд.»

Сафари ин ҳайати густардаи ҳукумати Тоҷикистон ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки дар авоили моҳи октябр созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» мардумро ба як раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати кунунӣ дар маркази Душанбе даъват карда буд. Ин тазоҳурот доир нашуд, вале мояи нигарониҳои зиёд дар Душанбе ва афзоиши башиддати тадбирҳои амниятӣ дар пешорӯи 10 октябр – рӯзи даъват ба ин тазоҳурот – гардид.

Дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё дар ин нишаст дар бораи таҳдиди амниятии созмонҳои мамнӯи мисли «Гурӯҳи 24» ҳам сӯҳбат шуд?, оқои Эгамзод гуфт: «Албатта, дар ин бора ҳам сӯҳбат шуд, зеро дар баромадҳои худи Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва ҳам раҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ маълум буд, ки аксари ҳозирин хоҳони сулҳу субот дар кишвар ҳастанд. Дар ин бора Убайдуллоев гуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар пурра масъулияти нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини пешрафти кишварро медонад ва бино бар ин, ин омилҳо ва ҳаракатҳо наметавонанд зиндагии осуда ва ороми кишвари Тоҷикистон, суботи сиёсии Тоҷикистонро ноором созанд. На танҳо даъват карданд, ки фирефтаи даъватҳои пайвастан ба ин гурӯҳ нашаванд, балки ҳам гуфтанд, ҷавонони мо, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунанд, бо нияти кору таҳсил омадаанд, бояд ки аз ҳар гуна ҳаракатҳо ва гурӯҳҳое, ки ҳадафҳояш номаълум аст ва барои вайрон кардани суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, худдорӣ кунанд.»

Аммо дар ҳамин ҳол, намояндагони созмонҳои муҳоҷирон дар Русия ба Озодӣ гуфтанд, ки ба мулоқот бо Убайдуллоев ва фиристодаҳои дигари баландпояи ҳукумати Тоҷикистон намояндагони созмонҳои мунтақид, аз ҷумла созмонҳои таҳти раёсати Абдулло Давлатов, Каримҷон Ёров, Каромат Шарипов ва Иззат Амон роҳ наёфтаанд. Як ҳамсӯҳбати Озодӣ гила кард, ки "ин мулоқот низ асосан бо ҳузури намояндагони ҷамъиятҳое гузашт, ки бо мақомоти давлатии Тоҷикистон робитаи ба истилоҳ хуб доранд ва масъалаҳои барои муҳоҷирони тоҷик доғро доман намезананд."

Рубоб - барои вазири дохилаи Русия

Вазирони дохилаи Тоҷикистону Русия

Вазирони дохилаи Тоҷикистону Русия

Муҳаммад Эгамзод инчунин гуфт, дар доираи ин сафар вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев ҳам дидору мулоқот карда ва ҳатто ба ӯ рубоби тоҷикӣ тӯҳфа кардааст. Ҳамин тавр, шоми рӯзи 22 октябр тамоми курсантҳои тоҷик, ки дар мактабҳои низомии вазорати умури дохилаи Русия таҳсил мекунанд, дар мулоқоти Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Рамазон Раҳимзода иштирок кардаанд. Убайдуллоев аз онҳо даъват кард, ки касби худро хуб аз худ кунанд, зеро Тоҷикистон ба мутахассисони хуб дар ин соҳа ниёз дорад, - гуфт Эгамзод.

Дар мулоқоти Сумангул Тағоева, вазири меҳнат ва муҳоҷират бо Константин Ромадановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мавзӯъҳои марбут ба мушкилоти муҳоҷирон, аз ҷумла, сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст додаанд, баррасӣ шудааст. Дар миёни ин гурӯҳи шаҳрвандон шумори донишҷӯён хеле зиёд аст.

Муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия ба Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристанд. Ин мардум як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор мераванд. Гуфта мешавад, шумори шаҳрвандони тоҷики ихроҷшуда аз Русия ба 200 ҳазор нафар мерасад ва ин ба маъноест, ки 200 000 хонавода дар Тоҷикистон аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгори худ маҳрум мешаванд. Ҷониби Русия дар мулоқот бо Сумангул Тағоева ваъда додааст, ки батадриҷ ин масъалаҳо ҳалли худро пайдо мекунанд

Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ бо мири шаҳри Маскав Сергей Собянин ва раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв масъалаҳои муҳоҷиронро, ки шуморашон дар ин қаламрав то 400-450 ҳазор нафар мерасад, баррасӣ кардааст. Ҳамчунин Убайдуллоев дар мулоқот бо Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ кардааст.

Рӯзи 23 октябр дар бинои Донишгоҳи давлатии Маскав консерти калони ҳунармандони тоҷику рус баргузор мешавад. Ҳайати ҳунармандони тоҷикро, ки шуморашон 80 нафар аст, Давлатманди Хол, Афзалшоҳи Шодӣ, гурӯҳҳои “Шашмақом”-хону ҳам эстрада намояндагӣ мекунанд. Рӯзи шанбе дар ҳудуди ВДНХ – Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG