Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р.Раҳимзода ба ҳамтои русаш рубоб тӯҳфа кард


Russia -- Meeting of the Ministers of Internal Affairs of Tajikistan and Russia in Moscow, October 22, 2014

Russia -- Meeting of the Ministers of Internal Affairs of Tajikistan and Russia in Moscow, October 22, 2014

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз, 22 октябр дар Маскав бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев мулоқот намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистон як зумра масоил, аз ҷумла муқовимат ба терроризму экстремизм, масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ, масъалаи омода намудани кадрҳои тахассуси алоҳида дар донишкадаҳои вазорати корҳои дохилии он кишвар, инчунин масъалаҳои душаҳрвандӣ, таъмини сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ бо сару либоси низомӣ ба таври ройгон ва тайёр намудани кадрҳоро дар соҳаи экспертизаи фоноскопӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раҳимзода ба ҳамтои русаш як рубоб ҳам тақдим кардааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 октябр барои иштирок дар Конфронси 3-юми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия ва Форуми 4-уми байнипарлумонии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ба шаҳри Москва сафар кардааст. Дар чорчӯби ин сафар вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо намояндагони ҷамъиятҳои Тоҷикистон дар Русия низ вохӯрӣ доир намудааст.

XS
SM
MD
LG