Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, онҳо дар фикри ба таври сунъӣ созмон додани ягон иттиҳодияи умумрусиягии тоҷикон нестанд. Ӯ гуфт, бояд ин созмон аз тарафи худи муҳоҷирон ташкил шавад.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав, мегӯяд, бо вуҷуди ин ки хостори ташкили созмони ягонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русияанд, аммо дар ин кор ташаббус нишон намедиҳанд. “Чунин ташаббус бояд аз ҷониби худи ҷамъиятҳо матраҳ шавад ва онҳо бо ҳам дар ин бора гуфтугӯ карда, ба тавофуқ бирасанд”,-афзуд ӯ.

Оқои Сатторов илова кард, “сафорат ё ҳукумати Тоҷикистон ба таври сунъӣ ин созмонро ташкил намекунад. Чунин созмон ихтиёрӣ аз ҷониби мардум бояд ташкил шаванд. Ҳар чизе, ки бо ишораи боло мешавад, бо директива мешавад, он оянда надорад. Агар муҳоҷирони тоҷик, тоҷикистониҳо хоҳанд, ки якҷоя шаванд, бигузор якҷоя шаванд. Мо мухолифат надорем. Барои муттаҳидии онҳо агар ягон кумаку дастгирии ҳукумату сафорат лозим бошад, мо ба кумак омодаем. Аммо ин ташаббус бояд аз худи муҳоҷирону ҷамъиятҳои онҳо бошад.”

Озариҳову арманиҳо доранд...

Беш аз 20 раҳбарону намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Русия рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфтанд, замоне фаро расидааст, ки тамоми муҳоҷирон зери як чатр ба ҳам биёянд. Онҳо пешниҳод карданд, созмони ягонаи тоҷикон дар Русия ташкил шавад ва оқои Раҳмон ҳам аз гуфтаи онҳо истиқбол кард. Абдумаҷид Сурхаков, намояндаи Иттиҳодияҳои синфии муҳоҷирони кишварҳои муштаркулманофеъ дар Русия, мегӯяд, Озарбойҷону Арманистон, Украинаву Беларус ва Қирғизистону Узбакистон алакай чунин созмон доранд.

“Созмони онҳо бо ҳамватанонашон ҳамкории хуб доранд. Онҳо роҳу равиши кору зиндагӣ ба муҳоҷирони навомадаро нишон медиҳанд. Қонунҳои Русияро ба онҳо меомӯзонанд, таҷрибаи худро ба онҳо медиҳанд. Ташкил кардани чунин ҷамъият ба ҳамаи мардуми тоҷик вобаста аст, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва ба ҷамъиятҳое, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд. Агар онҳо хоҳанд, бо дастгирии сафорат ё ҳукумати Тоҷикистон ин гуна созмонро ташкил кардан мумкин аст”, -гуфт ӯ. Ба ақидаи ин коршиноси тоҷик, чунин созмон метавонад ба муҳоҷирон кумаки иттилоотӣ, молӣ ва ё маънавӣ расонад.

"Ҳар кас кӯрпаро ба тарафи худ мекашад"

Вале Турсуной Алимардонова, коршиноси умури муҳоҷират, мегӯяд, муттаассифона, то ҳол миёни ҷамъиятҳои тоҷикон ваҳдати назар вуҷуд надорад ва онҳо ҳар кадом ба истилоҳ “кӯрпаро ба тарафи худ мекашанд” ва мехоҳанд, бо ташкили созмон ё ҷамъияте имтиёз ба даст оранд. “Чунин рақобатҳо бештар дар байни ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Маскав мушоҳида мешавад, вале дар минтақаҳои Русия тоҷикон бо якдигар муттафиқтар ба назар мерасанд”,-афзуд ӯ.

Барои бардоштани нахустин қадамҳо дар ин роҳ ва ба даст гирифтани ташаббуси ташкили созмон ё ҷамъияти ягона шахсе зарур аст, ки ӯро дар доираҳои мухталифи Русия хуб шиносанд, он гуна ки озариҳо донишманди худ Аббос Бобоев - раиси Анҷумани озарбойҷониҳои Русияро мешиносанд, ба вай эҳтиром доранд ва ба ҳарфаш гӯш медиҳанд. Абдумаҷид Сурхаков мегӯяд, барои раҳбарии чунин ҷамъияти ягона шахсият бояд буд: “Раҳбари чунин ҷамъият бояд шахсияте бошад, ки шаҳрвандии ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Шаҳрвандии Русияро ҳам дошта бошад, вале тоҷики асил бошад. Вай бояд бо мардуми ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як хел муносибат кунад. Бо ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷике, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд як хел ҳамкорӣ кунад. Маҳалгароиро аз байн бардорад. Албатта, вай бояд донишманд бошад, шахсе бошад, ки дар давоми кору зиндагиаш дар Русия соҳиби эътибор шуда бошад. Бо ҷамъиятҳои кишварҳои дигар робитаву муносибати наздик дошта бошад, яъне вайро бишносанд. Қонунҳоро хуб донад. Ташкилотчӣ бошад ва тавонад бо мақомоти марбутаи Тоҷикистону Русия барои гуфтани сухани худ ҷуръат дошта бошад. Корҳои созмондиҳиро роҳандозӣ кунад ва бо ҳама ҳамкорӣ карда тавонад.”

Абдулло Давлатов ё Каромат Шарифов?

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов

Аммо ӯ мегӯяд, баид ба назар мерасад, ки ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия дар бораи номзадии раҳбари ягона фикри яксон дошта бошанд. Дар гузашта бо ризояти сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъиятҳои тоҷик дар ҳамин самт талош карда буданд ва мехостанд дар заминаи “Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия” ҷамъияти воҳид ташкил шавад, шӯрои раҳбарӣ низ интихоб шуда буд, вале ин талошҳо то ба охир нарасид ва сабаб ҳам ин буд, ки байни раҳбарони худи ҷамъиятҳо ё аъзои ин шӯро ваҳдати воқеӣ ба амал наомад. Онҳо нисбат ба ҳукумат ва сафорати Тоҷикистон мавзеъгирии яксон надоштанд. Чунин мавзеъгирӣ ин ваҳдати муваққатиро аз байн бурд.

Коршиносон мегӯянд, дар Русия аслан ду ҷамъияти бузурги тоҷикон вуҷуд дорад. Яке “Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия” ба раҳбарии Абдулло Давлатов ва дигаре ҷунбиши “Муҳоҷирони тоҷики Русия” ба раҳбарии Каромат Шарифов. Ҳукумат ё сафорати Тоҷикистон дар Маскав наметавонад ин ду ҷамъиятро нодида бигирад ва ё онҳоро дар ҳошия бигзорад, баръакс, сафорат метавонад барои барқарор кардани ҳамкориҳои миёни ин ду ҷамъият нақш дошта бошад. Онҳо мегӯянд, дар сурати ҳамкории ин ду ҷамъият замина барои ташкили ҷамъияти ягона низ имконпазир хоҳад буд, ҷамъияте, ки тамоми сохторҳои муназзам ва фаъоли худро бояд дошта бошад, то ба ҷамъияти коғазӣ табдил наёбад. Дар он сурат онҳо дар рушди соҳибкорӣ ба якдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Дар давоми бештар аз 20 соли муҳоҷирати тоҷикон ба Русия ҳоло дар аз миёни онҳо баъзеҳо то ба савияи сармоядору корхонадор рушд карданд ва акнун имкони сармоягузорӣ дар ватани аҷдодии худро низ доранд. Имомуддин Сатторов - сафири Тоҷикистон дар Русия, ки солҳои зиёд дар Олмон кору зиндагӣ кардааст ва муддате ҳам сафири Тоҷикистон дар ин кишвар буд, бо фаъолияти ҷамъиятҳои турк дар Олмон ошност. Ӯ мегӯяд, замоне туркҳо аз Туркия дар ҷустуҷӯи кор ба Олмон муҳоҷират карда буданд. Онҳо тадриҷан соҳиби сармояву корхона шуданд ва дар иқтисоди Туркия сармоягузорӣ карданд. “Ҳамаи тоҷикистониёни Рсияро даъват мекунем, ки биёянд ва дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ҳоло шумораи тоҷиконе, ки дар Русия кор мекунанд, ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон доранд. Дар оянда онҳо роли бештар хоҳанд дошт. Мо ҳамеша Олмонро мисол меорем. Ман солҳои зиёд дар Олмон зиндагиву кор кардам. Чанд миллион турке, ки дар Олмон зиндагӣ доранд, онҳо ҳам маблағҳои зиёд ба Туркия интиқол медиҳанд, на мисли муҳоҷирони мо, ки мегӯем 3-4 миллиард, балки моҳона чанд миллиард интиқол медиҳанд. Онҳо кор ва фарҳанги кории аврупоиро ёд гирифтанд. Онҳо ширкатҳои олмониро ҳам ба Туркия бурданд, корхонаҳои муштарак сохтанд. Ба ин тартиб саҳми бузурги худро дар пешрафти иқтисоди Туркия гузоштанд”,-гуфт сафир.

Ҳар гоҳ, ки дар Тоҷикистон сухан дар бораи ҳамкорӣ бо сармоягузорони тоҷики муқими хориҷӣ ба миён меояд, ҳукумат ва раҳбарияти Тоҷикистон аз сармоягузорон ё соҳибкорони тоҷики муқими Русия низ даъват мекунанд, ки дар иқтисоди кишвари худ саҳм гузоранд. Вале дар қадамҳои аввал бояд ҳукумат шарту шароит ё имтиёзҳоеро ба онҳо пешкаш кунад, то онҳо ташвиқ шаванд ва бидуни ҳароси аз даст додани сармояи худ ё барои ба даст овардани даромад бахше аз сармояи худро дар Тоҷикистон “кор фармоянд”.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG