Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд аз асароти таҳримоти зидди Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ҳушдор медиҳад. Аммо Бонки рушди АвроОсиё мегӯяд, 74 дарсади сокинони Тоҷикистон ба сармояҳо аз Русия бартарӣ медиҳанд.

Ниҳодҳои молии байналмилалӣ Тоҷикистонро дар дуроҳаи пешгӯиҳои худ қарор додаанд. Яке ҳушдор медиҳад, ки тобеияти кишвар аз иқтисоди Русия ҳомили хатарҳои пешбининашаванда аст. Аммо дигарӣ мекӯшад, ин эътимодро ба вуҷуд орад, ки Тоҷикистон муттаҳиди иқтисодие беҳтар аз Русия надорад.

Ҳафтае қабл Бонки бозсохт ва рушди Аврупо бо нашри як ҳисобот эълон кард, ки иқтисоди Тоҷикистон ба далели пойбандиаш ба Русия, ки ба навбаи зуд ба далели коҳиши рушди ин кишвар дар пайи таҳримҳои Амрикову Аврупо зери хатар қарор дорад, дар вазъи нигаронкунандае қарор гирифтааст. Бино ба ин гузориш, 48% - и ММД (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ)-и Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли дастмузди муҳоҷирини меҳнатӣ таъмин мешавад ва дар ҳоли коҳиши ин рақам “сабаби нигарониҳо” буда метавонад.

Дар Душанбе низ инро рад намекунанд. Ба қавли доктори улуми иқтисод ва вакили порлумони Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов, равобити иқтсодии Русияву Тоҷикистон хеле танготанг аст ва ҳар мушкиле ки иқтисоди он кишвар рӯбарӯ мешавад, ба Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад: “Аммо таҳлили инҳо (Бонки бозсохт ва рушди Аврупо) асосан дар сатҳи макроиқтисодист. Инҳо чиро дар назар доранд? Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар назар доранд, интиқоли маболиғ ва фоизи бонкҳоро, яъне робитаҳои иқтисодӣ-молиявиро. Тоҷикистон ба ҷуз ин равобити бевосита дорад, яъне мо ҳам ба Русия мол содир мекунем ва аз он ҷо мол ворид мекунем. Агар оморро бингарем, воридоти мо бештар аз содиротамон ба Русия аст. Дар чунин ҳол, пеш омадани мушкил дар иқтисоди Русия, бидуни шак, дар иқтисоди Тоҷикистон низ мушкил эҷод мекунад.”

Аксари молҳо дар бозорҳои Тоҷикистон аз Чин аст

Аксари молҳо дар бозорҳои Тоҷикистон аз Чин аст

Русия бо 29,8 дарсад саҳмаш дар таркиби тиҷорати хориҷии Тоҷикистон шарики рақами аввали тиҷоратии Душанбест. (ҷои дуюм - Чин бо 14, 1%). Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар 756 миллиону 611 ҳазор долларро ташкил додааст. Дар ин муддат агар Тоҷикистон 50 миллиону 235 ҳазор доллар мол ба Русия содир карда бошад, воридоти мол аз он кишвар 706 миллион долларро ташкил додааст.

Гузашта аз ин, муҳоҷирони кории тоҷик, бино ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2013 беш аз 4 миллиард доллар, баробари қариб нисфи ММД-и Тоҷикистон аз Русия маблағ ворид кардаанд. Аммо ин рақам баъд аз таҳримҳои Амрикову Аврупо алайҳи Русия ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Иқтисодшинос Константин Бондаренко мегӯяд, дар ҳоли то 10 – 15 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳо рушди иқтисоди Тоҷикистон аз 6 – 7 дарсади имрӯза метавонад ба 1 – 2 дарсад поён шавад. Вай мегӯяд, дар мисоли бӯҳрони соли 2008 дар Русия як нукта рӯшан шуд, ки қабл аз ҳама соҳаҳои сохтмон ва тиҷорат осебпазиранд, маҳз он соҳаҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон бештар дар онҳо кор мекунанд: “Сарчашмаҳои дохилии рушд дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надоранд, ҳадди ақал рушди онҳо мушкил карда шудааст. Сармоягузорон, ба истиснои Чин, таваҷҷуҳи хосе нишон намедиҳанд. Сармоягузориҳои дохилӣ асосан ба тиҷорат, сохтмон ва хариди амволи ғайриманқул равона шудаанд. Бахусус, дар амволи ғайриманқул пулҳо “манъ” мешаванд. Сабаби афзудани сохтмонҳо низ ин аст. Агар дар тиҷорати ҷиддӣ бузург сармоя гузоранд, рискҳои аз даст додани он зиёданд. Низоми андоз ҳам барои бизнес дар дохил мушкили зиёд эҷод кардааст. Табиист, вақте авомили дохиливу хориҷӣ агар ҳамнавоӣ кунанд, коҳиши чашмраси иқтисод ба вуҷуд меояд.”

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки мушкил дар иқтисоди Русия метавонад ҷанбаҳои мусбат низ дошта бошад. Ба қавли онҳо, дар ҳоли коҳиши маводи сӯхт ва дигар амволи содиротии Русия ба Аврупо аввалӣ то пайдо кардани бозорҳои нав маҷбур аст, ки онҳоро дар кишварҳои ҳамсояаш ба фурӯш барорад. Ба қавли онҳо, ин ҳол метавонад Тоҷикистонро низ як муддат наҷот диҳад. Ҳамчунин халоъи маҳсулоте, ки то ҳол Русия аз Аврпуо содир мекард, метавонад аз ҳисоби содироти маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, аз ҷумла меваву сабзаҷот ҷуброн шавад.

Қобил Давлатов, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, бӯҳрони эҳтимолӣ, ки пешбинӣ мешавад, баръакс, шароити дигар барои гуногунсозии иқтисоди Тоҷикистонро ба вуҷуд меорад. Ба қавли ӯ, дар низоми бонкӣ ва тиҷорат Русияро метавонанд кишварҳои дигар иваз кунанд: "Мо барвақт аз низоми эҷодкардаи иқтисоди Русия баромадаем. Масалан, мо СВИФТ – и алоҳида дорем. Мо бидуни бонкҳои Русия низ ба низоми ҷаҳонии молиявӣ метавонем ворид шавем. Таҳрим шавад ҳам, ба мо дахл надорад. Бале, дар соҳаи муҳоҷират мушкил пеш меояд. Аммо ин додугирифтҳои молиявии моро бо бақияи дунё маҳдуд намекунад, баръакс, дар низоми муносибатҳои пулӣ аз лиҳози фаннӣ мушкиле пеш намеояд.”

Замоне ки ин гузориш таҳия мешуд, Бонки рушди АвроОсиё, ниҳоди молиявие, ки Русияву Қазоқистон таъсис додаанд ва он ҳамаи 6 кишвари узви ЕвразЭС - Ҷомиаи иқтисодии Авруосиёро муттаҳид мекунад, бо муаррифии як пажӯҳиш дар кишварҳои Шӯравии собиқ, манзараи дигареро боз намуд. Ин пажӯҳиш дар миёни сокинони 12 кишвари пасошӯравӣ аз сӯи Маркази таҳқиқоти ҳамгироии Бонки рушди АвроОсиё гузаронида шуда, таҳти унвони “Ченаки ҳамгироӣ” ба нашр расидааст.

Бино ба ин пажӯҳиш, мардуми Тоҷикистон иттиҳод бо Русияро бартар мешуморанд. 74% сокинон ба сармоягузориҳо ва 68% ба ҳамкориҳои илмиву фаннӣ бо Русия бартарият додаанд. Дар дигар соҳаҳо ҳам мардуми Тоҷикистон бештар аз сокинони кишварҳои дигари ИДМ Русияро аз ҳама бартар шумурдаанд. Аз ҷумла, ба истиснои Русияву Қазоқистон (84% - 79%), 72% - и онҳо аз нақшаҳои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ, зинаҳои аввали вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷонибдорӣ кардаанд. Мардуми Беларус ҳамагӣ 68% аз узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ хушҳолӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG