Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 октябр мӯҳлати пешбинишудаи фиристодани огаҳӣ дар бораи душаҳрвандии Русия ба поён мерасад. Онҳое, ки ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва ҳам Русияро дар дуроҳа мондаанд.

Дар қонуни нави Русия, ки дар бораи додани гувоҳинома роҷеъ ба душаҳрвандӣ ба тасвиб расидааст, гуфта мешавад, кишварҳое, ки бо Русия қарордоди душаҳрвандӣ доранд, аз ин муқаррарот озод хоҳанд буд. Танҳо Тоҷикистон ва Туркманистон бо Русия қарордоди душаҳрвандӣ доранд.

27 сентябр Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳоҷирати федеролии Русия ва Владимир Плигин, раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба қонунгузорӣ ва сохтори давлатӣ хабар доданд, ки то 4 октябр ҳамаи шахсони дорои мақоми душаҳрвандӣ бояд аз душаҳрвандии худ ба ниҳодҳои зидахли Русия хабар диҳанд. Дар изҳороти онҳо, ки дар шакли мусоҳиба дар рӯзномаи “Известия” чопи Маскав ба табъ расидааст, гуфта мешавад, ки дар сурати пинҳон доштани душаҳрвандӣ баъд аз 4 октябр чунин шахсон то 200 ҳазор рубли русӣ ҷарима хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ин ду мақоми Русия, қонун дар ин бора 4 август ба тасвиб расидааст ва 17 август баъд аз содир шудани фармони Хадамоти Федеролии Русия ин қонун ба иҷро даромадааст, яъне эътибор пайдо кардааст.

То рӯзи пахши мусоҳибаи ин ду мақоми давлатӣ, 50 ҳазор нафар аз душаҳрвандии худ ба мақомоти муҳоҷиратии Русия гувоҳинома ё ба таври хаттӣ хабар додаанд.

Аз замони фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1992 то ҳол 5 миллиону 500 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Дар бораи шумораи чунин шахсон аз Тоҷикистон маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Тахмин зада мешавад, ки шумораи онҳо ҳудуди 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Онҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин, Ромодановский ишора мекунад, ки барои ин ду кишвар истисно вуҷуд надорад ва онҳо низ бояд гувоҳинома пешниҳод кунанд. Владимир Плигин низ таъкидомез мегӯяд, ононе, ки дар баробари шаҳрвандии Русия шаҳрвандии ё Тоҷикистон ва ё Туркманистонро доранд, бояд гувоҳиномаи худро дар бораи доштани шиносномаи кишвари дуввум пешниҳод кунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки қонун ва қарордоҳои душаҳрвандӣ бо якдигар ҳамхонӣ надоранд ва зиддиятҳои мантиқӣ мардумро метавонад саргардон кунад ва ҳатто аз онҳо ҷарима ҳам ситонанд.

Алксандр Попов, коршиноси умури муҳоҷират дар Иттиҳодияиҳои синфии муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав аст. Ин Итиҳодияиҳои синфӣ ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон машғуланд. Вай бо назардошти қарордодҳои мавҷудаи душаҳрвандӣ мегӯяд, шаҳрвандони ин ду кишвар набояд дар ташвиш бошанд.

Раҳматулло Мазориев

Раҳматулло Мазориев

Раҳматулло Мазориев, корманди Маркази ғайридавлатии омӯзиши равандҳои муҳоҷирати вобаста ба вилояти Перм мегӯяд, чунин қонуну муқаррарот ба шаҳрвандони Тоҷикистону Туркманистон дахл надорад: "Ин огаҳӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистону Туркманистон дахл надорад ва зарур нест, ки шаҳрвандони ин ду кишвар гувоҳинома диҳанд. Онҳо тибқи санадҳои мавҷудаи аз ин уҳдадории ҳуқуқӣ озоданд. Масалан, ман ҳам соли 1994 шаҳрвандии Русияро гирифта будам ва акнун онро 20 сол шуд. Ҳамон вақт ҳам анкетаҳо буд. Ҳоло ҳам ҳамон ҳаст, фақат камтар тағйир даровардаанд. Онро нусхаи ариза ҳам гуфтан мумкин аст. Дар яке аз бандҳои он пурсида мешавад, ки “Шумо шаҳрвандии ягон давлати дигарро доред?” Ин графаи махсус барои ҳамаи хориҷиёнест, ки шарҳвндии Русияро қабул мекунанд. Ин ариза дар чаҳорчӯбаи қонунҳои қабули шаҳрвандӣ пур карда мешавад. Ин анкета аз чаҳор сафҳаи калон иборат аст. Дар ҳамин ариза довталаб ба суол ҷавоб медиҳад. Масалан, ман ҷавоб додам, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорам. Оо, ин маълум аст-ку..., дар сурате, ки шахси ҳуқуқӣ худаш маълумотнома додааст ва ҳукумат онро хуб медонад, чӣ зарурат будааст, ки имрӯз онро дар шакли гувоҳинома ё огоҳинома ба Хадамаоти муҳоҷират шахси дорои душарвандӣ супорад ё агар насупорад бояд ҷаримаҳои калон пардохт кунад. Ман фикр мекунам, ки ин кор бемантиқ аст."

Озодӣ: Ба назари шумо, ба ҳар ҳол бо назардошти ҳамон суоле, ки дар анкета оварда шудааст, худи Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумотро аз он ҷо бигирад ё шаҳрвандон бояд ин маълумотро дубора пешниҳод кунанд?

Мазориев: "Ин як кори зиёдатист. Масалан, ман вақте, ки дар коридорҳои Хадамоти муҳоҷират мегардам ва ё ба утоқи кории кормандони он медароям, бовар кунед коғазу дафтару делаҳоро мебинам, ки ҷевонҳо пур аст ва аз гӯшаҳои мизҳо мерезад. Барои ҳамин акнун боз чӣ зарурат дорад, ки ин қадр одамон рафта дар навбат истанду боз як коғази дигарро пур кунанд ва вақти худро сарф кунанд. Дар ин ҳолат кори ҳар маъмури муҳоҷират ҳам зиёд мешавад. Шахсе, ки шаҳрвандӣ гирифт, маълумот дар бораи вай дар “Центральная база данных” нигаҳ дошта мешавад. Ин мантиқ надорад... Ман баъд аз ин эълон ҳайрон мондам. Ба наздикӣ дар як ҷаласаи Мизи гирд ҳам ман ин масъаларо ёдоварӣ кардам ва нуқтаи назари худро гуфтам, ки ин кор мантиқ надорад. Чаро чунин талаботро пеш мегузоранд, сабаб чист?"

Озодӣ: Ба назари шумо одамон вақти худро зоеъ мекунанд ва асабоният зиёд мешавад?

Мазориев: "Албатта, масалан ман ба шаҳри Челябинск, вилояти Свердловск ва шаҳрҳову ноҳияҳои дигар рафта будам, ба идораи хадамоти муҳоҷират даромадам. Сарфи назар аз минтақаҳои ёдшуда, ин идораҳо аз муҳоҷир пур ҳастанд ва ҳама барои коре дар навбат буданд. Ҳама асабӣ, ҳамаи кормандони муҳоҷират ҳам аз чунин вазъ норизоятии худро баён мекарданд. Ба ҳамин хотир, чӣ зарур буд, ки дубора аз шахссони дорои душаҳрвандӣ ариза талаб кунанд."

Тоҷикистон ва Русия соли 1995 барои содда кардани раводид ва додани имтиёзи ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони худ дар қаламрави ҳарду кишвар созишнома душаҳрвандӣ имзо карданд. Порлумони Тоҷикистон ин санадро ҳанӯз дар ҳамон соли 1995 тасвиб кард, вале Думаи давлатии Русия танҳо дар соли 2006 барои ин “фурсат ёфт.” Ба ин далел, созишномаи душаҳрвандии Тоҷикистону Русия аз соли 2006 мавриди иҷро қарор гирифт.

Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи душаҳрвандиро имзо кардааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ҳамзамон шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд, бояд дар қатори шиносномаи Тоҷикистон шиносномаи алоҳидаи Русияро низ бигиранд. Дар Тоҷикистон ин шаҳрвандон имкон доранд, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияро аз вазорати корҳои хориҷӣ, шӯъбаи шиносномадиҳии вазорати корҳои дохилӣ, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва консулгарии федеролии Русия дар Суғд дастрас кунанд.

Бино ба омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, аз соли 1992 ба ин тараф дар маҷмӯъ 5,5 миллион нафар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз тақрибан 300 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, вале дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо дар баҳои шаҳрвандии Русия аз табаияти Тоҷикистон комилан даст кашидаву чанд нафар дар баробари шиносномаи русӣ шиносномаи тоҷикиашро низ барои як рӯзи мабодо ҳифз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG