Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон - 16-умин кишвари фасодзадаи дунё


Ҷадвали TRACE MATRIX

Ҷадвали TRACE MATRIX

Тоҷикистон дар як раддабандии ҷаҳонии кишварҳои фасодзада дар байни 197 кишвар дар мақоми 182-юм ва дар иҳотаи кишварҳои африқоие, чун Либерияву Конго ва Алҷазоиру Камерун ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи созмони Trace International, ки вазъи фасод дар 197 кишвари ҷаҳонро мунъакис мекунад, яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунё номида шудааст. Тоҷикистон дар раддабандии TRACE Matrix, ки бори аввал нашр мешавад, дар байни 197 кишвар дар мақоми 182-юм ва баъди кишварҳои африқое, чун Либерия, Ҷумҳурии демократии Конго ва Мавритания ҷой гирифтааст. Зимнан баъди Тоҷикистон ҳам дар ин ҷадвал як идда кишварҳои қораи Африқо, аз ҷумла Алҷазоиру Африқои марказӣ ва Эритреяву Камерун қарор доранд. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ дар ин ҷадвал, ки рӯзи 13 ноябр нашр шуд, ҷойгоҳи аз Тоҷикистон пойинтарро танҳо Узбакистон дорад, ки дар зинаи 194-ум омадааст.

Дар панҷгонаи фасодзадатарин кишварҳои дунё ба уз Узбакистон, боз Камюбоҷа, Ангола ва Яман қарор дошта, Нигерия дар поёни поёни раддабандии TRACE Matrix ҷо шудааст. Ин дар ҳолест ки панҷгонаи кишварҳои камфасодтарини дунёро Ирландия, Канада, Зеландияи нав, Ҳонгконг ва Шветсия ишғол кардаанд. Даҳгонаи оритарин кишварҳои дунё аз фасодро ҳамчунин Финландия, Сингапур, Ҷопон, Олмон ва Амрико зеб медиҳанд.

Ин раддабандӣ ҳарчанд барои бори аввал нашр мешавад, ба гуфтаи расонаҳо, як ҳақиқатро возеҳ мекунад, ки ҳар қадар кишвар аз фасод пок бошад, ҳамон қадар ба рушди хубтари иқтисодӣ даст ёфтааст ва баръакс – кишварҳое ки дар фасод ғарқ шудаанд, маъмулан фақиртарин кишварҳои дунё боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, дар садри ин раддабандӣ кишварҳои аз нигоҳи саноативу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешрафтаи дунё ҷой гирифтаву дар поёни он асосан кишварҳое, чун Тоҷикистон, қарор гирифтаанд, ки нокомиашон дар амри мбуориза бо фасод сабаби ақиб уфтодани онҳо аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шудааст.

Trace International раддабандии фазъи фасод дар 197 кишвари дунёро бар пояи 4 меъёр – равобити аҳли тиҷорат бо ҳукумат, вуҷуди қонунҳо ва ниҳодҳои зидди ришвахорӣ, шаффофияти хадамоти давлативу ҷамъиятӣ ва имкони назорати ҷомиаи шаҳрвандӣ бар ин ҳама таҳия кардааст. Хатари фасод дар ин 4 арсаро муҳақиққон бар пояи ҷадвали 100-баллӣ ҳисоб карда, риски умумии фасодро дар Тоҷикистон, барои мисол, 79 дарсад баровард кардаанд. Хатари фасод дар бахши равобити аҳли тиҷорат бо ҳукумат дар ин кишвари Осиёи Марказӣ 80 фоиз, дар арсаи шаффофияти хадамоти давлативу ҷамъиятӣ 72 дарсад баровард шуда, имкони назорати ҷомиаи шаҳрвандӣ 66 дарсад гуфта мешавад.

Танҳо арсае ки Тоҷикистонро аз уфтодан дар вартаи боз ҳам амиқтар дар ин “чоҳи фасод” наҷот додааст, вуҷуди қонунҳо ва ниҳодҳои зидди ришвахорист, ки 11 дарсад баровард шуда, дар ҳар сурат, тавонистааст, Душанберо дар ин раддабандӣ дар мақоми аз поён 16-ум ҷойгир кунад, на мисли Узбакистон – дар панҷгонаи фасодзадатаринҳо.

Тоҷикистон ба фарқ аз бисёре дигар аз кишварҳои пасошӯравӣ чанд ниҳоди мубориза бо фасод дорад, аз ҷумла як ниҳоди вижае бо номи Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар назди ҳукумати Тоҷикистон, ки дар соли 2007 таъсис ёфт, ва Палатаи ҳисоб, ки дар канори ин Оҷонсӣ аз як соли пеш ба фаъолияти амалӣ пардохтааст.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди 7 соли фаъолият Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон асосан ба “шикор”-и моҳичаҳо дар дарёи бузурги фасоди ин кишвар маҳдуд шуда, то кунун ягон мансабдори баландпоя ваё наздик ба доираҳои ҳукмронро ба масъулият накашондааст.

Баландпоятарин нафаре ки ин Оҷонсӣ ба додгоҳ кашонд ва маҳкум ба 26 соли зиндон кард, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов буд. Вале азбаски боздошти ӯ як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ сурат гирифт ва он ҳам асосан бо иттиҳомоте, чун бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус, бисёриҳо дар ин қазия унсури сиёсиро назар ба азми воқеъӣ барои мубориза бо фасод муассиртар диданд. Боздошти ду вакили Зайд Саидов ба дунболи худи ӯ ва таҳқиқи аъмоли ду фарзанди ин соҳибкор ин андешаро, ки мубориза бо фасод ба як асбоби мубориза бо мухолифини ҳукумат табдил мешавад, боз ҳам қавитар кардааст.

Бо ин ҳол, аз байни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми баландтарин – 11-умро дар раддабандии TRACE Matrix Гурҷистон ба даст овардааст. Аз се кишвари соҳили Балтик, ки баъди суқути Шӯравӣ ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО даст ёфтанд, Литва дар ҷои 18, Эстония дар мақоми 22 ва Латвия дар зинаи 25-уми ин ҷадвал ҷой гирифтаанд. Беларус дар зинаи 74, Арманистон дар мақоми 87, Молдова – 130, Украина – 132, Русия -134, Озарбойҷон – 140, Қазоқистон – 141 ва Қирғизистон дар зинаи 161-ум қарор доранд. Ҷолиб ин аст, аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистони сарбаста бо мақоми 115-умаш кишвари аз фасод оритарин дар минтақа унвон шуда, ҳатто Афғонистони ҷангзада бо мақоми 163-юмаш аз Тоҷикистону орому дар сулҳу салоҳ 21 зина болотар ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон дар раддабандии соли 2013-уми созмони Transparency International аз нигоҳи вазъи фасодаш дар байни 175 кишвар дар мақоми 154-ум ҷой гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG