Пайвандҳои дастрасӣ

Паллаҳои пасту болои тарозуи адолати додгоҳҳои Тоҷикистон


Муҷассамаи Фемида - рамзи адолати додгоҳӣ дар Бишкек

Муҷассамаи Фемида - рамзи адолати додгоҳӣ дар Бишкек

Сокинони оддӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ба адолати додгоҳҳои ин кишвар эътимоди чандоне надоранд. Аммо мақомоти Додгоҳи олӣ бар инанд, ки ягон ҳукме нест, ки ҳарду тарафро розӣ бигузорад - баранда аз толор қонеъ ва бозанда ҳатман норозӣ берун мешавад.

Дар ҳоле ки ҳар якшанбеи дуюми моҳи октябр дар Тоҷикистон ба рӯзи кормандони адлия ва додрасҳо дар Тоҷикистон рост меояд, аҳли ҷомеаи мадании ин кишвар бо назардошти ҳукмҳои ғайримунсифонаи додгоҳҳо дар чанд соли охир мегӯянд, ҳоло эътимодашон ба ин ниҳод камтар шудааст.

26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, 14 сол ҳукми раиси ширкати “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов ва ҳамин тавр баҳси додгоҳии рӯзноманигор Олга Тутубалина бо зиёиён ва чанд парвандаи дигари пурсарусадо аз ҷумлаи ҳукмҳоест ки аз назари аксари сокинон ноодилона содир шудааст. Баръакс чанд қазияи пурсарусадои марбут ба афроди наздик ба ҳукумат, аз ҷумла садами нақлиёти бо ширкати писари вазири собиқи роҳи оҳан, ки ҷомеъа ҳукми сазоворро дар нисбати ҳалокати се шаҳрванди бегуноҳ интизор дошт, ба ҷойе нарасид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон

Аммо Ҳабибулло Амирбекзода, сардори дастгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин иддаои сокинонро рад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Амирбекзода, ҳама шаҳрвандон дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи онҳо кафолати дастрасӣ ба низоми додгоҳиро доранд. Бо ин далел додрасҳо бар асоси қонунҳои амалкунанда кори худро ба роҳ мондаанд.

Раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, барои боз ҳам хубтар кардани фаъолияти додрасҳо қаблан ду барнома ва чанд қонун қабул шуда буд. Ҳоло лоиҳаи нави барнома дар робита ба фаъолияти додрасҳо омода шуда, пас аз тасдиқи президент ва ҳукумати Тоҷикистон мавриди амал қарор мегирад. Ба гуфтаи ӯ, “он ки солҳои охир мардум зиёд ба додгоҳ муроҷиат мекунанд ё ба Додгоҳи олӣ, ба он маъност, ки дигар мардум ҳуқуқи худро бештар медонанд. Онҳо аз худ дифоъ мекунанд. Ҳақи худро талаб менамоянд. На бо он хотир, ки додгоҳяҳо ҳукми ноодилона мебароранд. Чизи дигар ин ки ҳукм ё ҳалномаи додгоҳ дар ҳама давру замон ҳамаи тарафҳоро қонеъ карда наметавонад. Як тараф ҳатман норозӣ мемонад.”

Ҷаноби Амирбекзода ҳамзамон эътироф крад, ки дар бархе ҳолатҳо хатоҳои содирнамудаи зинаҳои поёнии додгоҳҳо ошкор мешаванд ва ҳукм ё ҳалнома аз сӯи додгоҳи болотарбекор мегардад.

Абдуқаюм Юсуфӣ

Абдуқаюм Юсуфӣ

Аммо Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқдони тоҷик, бо такяи ба таҷрибаи кораш мегӯяд, аксар мавридҳо ҳукм ё ҳалнома мунсифона сурат намегирад ва ба ин далел боварии мардум нисбат ба адолати додгоҳӣ тавре ки бояд бошад, нест: “Додгоҳяҳои ҷавоне, ки меоянд, дониши хуб надоранд. Аммо азбаски онҳо ба қавле “тағо” доранд, ҳар ҳукме, ки содир мекунанд, додгоҳҳои зинаи болоӣ низ дигар қарори онҳоро бекор карда наметавонад. Қарорҳои ғайриқонунии онҳо дар сатҳи боло низ дастгирӣ меёбанд.”

Сӯҳбати сарироҳии мо бо мардум ҳам нишон дод, ки эътимоди одамон ба адолати додгоҳӣ коста аст.

Ирина Раҳимова, сокини пойтахт гуфт, ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар надорад. Ба гуфтаи ин зани 55-сола, фасод дар ниҳодҳои додгоҳӣ реша дорад ва бидуни пардохти маблағ ҳал кардани мушкил хеле сангин аст. Ин зан бо суол ба мо муроҷиат кард, ки агар адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон мебуд, чаро Олга Тутубалина, хабарнигори тоҷик барои баёни андешааш ҷарима шуд? Чаро додгоҳ ӯро ба хотири даъвоҳои беасоси зиёиён ҷаримаи калон баст? Ҳамчунин ин хонум афзуд, ки худи ӯ низ пас аз фавти модараш хост хонаро ба номаш кунад бо мушкилиҳои зиёд ин корро анҷом дод ва пулеро, ки бояд писари беморашро табобат мекард, дар додгоҳ сарф кардаааст.

Назира Саидова, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт агар адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ риоя мешуд, ҳаққи мардум зиёд поймол намегашт: “Масалан донишҷӯдухтаронро барои сатр пӯшидан аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Ё барои сатрашон дар донишгоҳҳо қабул намекунанд. Аммо ягон корманди додгоҳ аз ҳаққи онҳо дифоъ намекунад. Охир тибқи қонун мо озод ҳастем-ку.”

Аммо Раҳматулло Раҷабов, ба суоли “оё ба қарорҳои додрасҳо эътимод доред?” чунин посух дод: “Ба додгоҳяҳо бовар дорам. Зеро дар чанд мурофиаи додгоҳӣ ширкат кардаам ва додрас ҳарду ҷонибаро қонеъ карда тавонист.”

Зимнан, бино ба як назарсанҷие, ки маркази омӯзиши афкори умуми Central Asia Barometer анҷом додааст, сатҳи эътимоди аҳолии Тоҷикистон ба ҳукумат, артиш, додгоҳ ва милиса рӯ ба коҳиш буда, аз ҷумла танҳо 24 дарсад ба милисаву додгоҳ изҳори боварӣ кардаанд. Аз 1500 нафари дар 10 шаҳри Тоҷикистон дар ин назархоҳӣ пурсидашуда 10 дарсад гуфтаанд, ба мақомоти интизомӣ, аз ҷумла ба милисаву додситониву додгоҳ, комилан бовар надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG