Пайвандҳои дастрасӣ

OECD ба Душанбе: Вазирони фасодкор ҳам бояд ҷазо бинанд


Тетяна Хаванская

Тетяна Хаванская

Як созмони байналмилалии нозири масоили мубориза бо фасод аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дар ин набард набояд мансабдорони баландпояи муҷрим дар ришваву фасодро сарфи назар кунад.

Созмони байналмилалии нозири масоили мубориза бо фасод аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар ин набард аз муҷозоти мансабдорони фасодкор сарфи назар накунад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР ё OECD) мегӯяд, дар Тоҷикистон мансабдорони баландпоя аз таъқиби ниҳодҳои мубориза бо фасод эмин монда, нисбат ба ришвагириву фасодкориҳои онҳо парвандаҳо боз намешаванд.

Тетяна Хаванская, масъули Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) рӯзи 5 ноябр дар ҳошияи баҳси “Ҳисоботи севуми ҳукумати Тоҷикистон оид ба коррупсия” дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки зимни таҳлили парвандаҳои марбут бо фасод дар Тоҷикистон онҳо равандеро мушоҳид карданд, ки аксарияти парвандаҳо марбут “ришватхориҳои хударданд”. Вай гуфт: “Мо дар тавсияи худ ба Тоҷикистон зикр кардем, ки мо парвандаҳоеро дидан мехоҳем, ки ба мансабдорони баландпоя марбут бошад ва нисбат ба онҳо ҷазои сахт таъин карда шавад. То ки боқимонда мансабдорон аз корҳое, ки ҳоло анҷом медиҳанд ҳазар кунанд.”

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи афроди дувум ва севумдараҷаи ниҳодҳои ҳукуматӣ парванда боз мекунад, вале вазирону мансабдорони баландпояро то кунун сарфи назар мекунад.

Хонум Хаванская ҳамчунин таъкид кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд баҳри пешгирии густариши фасод ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 17 тавися дода буд ва кишвар уҳдадор шуда буд ин тавсияҳоро иҷро кунад. Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин тавсияҳоро пурра иҷро накардааст ва танҳо 4 тавсияро аксаран ва 13 тавсияи дигарро қисман иҷро кардааст. Аммо Хавансакая афзуд, Тоҷикистон як тавсияи ин созмон - таъин кардан ҷазои ҷиноӣ ба ширкатҳо ва ё шахсони ҳуқуқиро аслан иҷро накардааст. Вай гуфт: “Тавсияи мо ба таъин кардани ҷазои ҷиноӣ ба шахсони ҳуқуқӣ марбут буд. Яъне парванда дар нисбати на шахси алоҳида балки як ширкат ва ё корпоратсия боз карда мешавад. Албатта, дар ин сурат ҳамаи кормандони ин ширкат маҳбас карда намешаванд, аммо дар нисбати он дигар навъҳои ҷазо мисли ҷарима ва ё ҳатто қатъ крадани фаъолияти он тадбиқ карда мешавад. Бо фасоди маишӣ мубориза бурдан осонтар аст. Аммо дар бисёре аз кишварҳо фасод дар сатҳи бисёр боло сурат мегирад ва он дар шаклҳои хеле гуногун сурат мегирад.”

Аммо мақомдорони зирабти Тоҷикистон мегӯянд, иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд вақти зиёде металабад ва дар муддати кӯтоҳ роҳандозӣ кардани он ғайримкон ба назар мерасад. Дар нишасти мазкур бархе аз масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод ҳамчунин гуфтанд, ки бо баъзе тавсияҳои ин созмон розӣ нестанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин робита гуфт: “Дар вохӯрии сатҳи баланди роҳбарони идораҳои мубориза бо фасоди Аврупои шарқӣ ва Осиёи миёна, ба Тоҷикистон дар амри татбиқи тавсияҳои ин созмон баҳои мусбат дода шуд.”

Дар ҳоли ҳозир, як гурӯҳи 7-нафарии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои баррасии “Ҳисоботи сеюми ҳукумати Тоҷикистон оид ба мубориза бо фасод”, ки дар миёнаҳои моҳи гузашта аз тарафи як гурӯҳи намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Порис муаррифӣ шуда буд, дар Душанбе қарор доранд.

Коршиносони СҲИР ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додаанд, ки шароити муносибе барои гузаронидани пурсишҳо ва тафтишҳои мунтазам ҷиҳати мушаххас кардани фасоду ришва дар шохаҳои ҳукумат, шароит фароҳам оварда шавад ва чунин таҳқиқ ақаллан як бор дар се сол анҷом дода шуда, натиҷаи он дар барномаҳои зидди коррупсияи Тоҷикистон истифода гарданд. Тавсияҳои байналмилалӣ пас аз пайвастани Тоҷикистон ба СҲИР дар соли 2004 ба Тоҷикистон пешниҳод шуда, даври аввали мониторинги он дар соли 2006 ва даври дуввум дар соли 2010 сурат гирифта буд. Пас аз даври сеюм Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои узви СҲИР ҷой дода хоҳад шуд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) - Organisation for Economic Co-operation and Development (OECD) - як созмони байналмилалист, ки марказаш дар Порис буда, 34 кишвари дунёро муттаҳид мекунад. Ин созмон риояи меъёрҳои иқтисоди озоди бозорӣ ва мубориза бо фасод дар кишварҳои ҷаҳонро назорат мебарад ва монанди FATF – ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул – “рӯйхати сиёҳ”-и кишварҳоеро, ки меъёрҳои иқтисоди бозориро поймол мекунанд, тартиб медиҳад.

Ҳамасола дар баҳогузориҳои созмони байналмилалии Transparency International Тоҷикистон дар қатори кишварҳое зикр мешавад, ки барои густариши фасоду ришва шароити мусоид доранд. Соли гузашта ин ниҳод дар раддабандии ҷаҳонии мизони фасод Тоҷикистонро дар миёни 177 кишвар дар ҷои 154-ум гузошта буд.

XS
SM
MD
LG