Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри таронаҳо дар васфи Эмомалӣ Раҳмон


Таронаи дар васфи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи Шабакаи аввал дар Фейсбук
Таронаи дар васфи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи Шабакаи аввал дар Фейсбук

Ба дунболи чопи китоби шеърҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, дар Интернет таронаҳои нав дар васфи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр шудаанд, ки ӯро ҳамчун “пешво” ва “қаҳрамони миллат” тавсиф мекунанд.

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар саҳифаҳояш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва дар пойгоҳи интернетии Ютуб таронаи нави овозхони тоҷик Ҷовидон Нозимов, фарзанди овозхони маъруф Зафар Нозимовро бо номи “Эй Пешвои миллат” нашр кардааст.

Дар ин тарона Ҷовидон Нозимов раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун “Пешвои миллат”, “мушкилкушои миллат” ва “қаҳрамони миллат” тараннум мекунад.

Ҷовидон Нозимов, ки дар саҳна ба сабки хоси падараш пайравӣ мекунад, дар таронаи “Эй пешвои миллат” аз ҷумла мехонад:

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Эй Қаҳрамони миллат,

Зўру тавони миллат...

Як корманди масъули Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон рӯзи 22 феврал ба Озодӣ гуфт, таҳияи ин тарона дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси худи Ҷовидон Нозимов буд: “Ӯ худаш ба ин шеър тарона баста, иҷро кард ва ба Шабакаи аввал овард. Коргардонҳои мо ба он клип сохтанд ва дар Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.”

Ҳамсӯҳбати дигари мо аз Шабакаи аввал гуфт, ҳадаф аз нашри таронаҳо дар васфи Эмомалӣ Раҳмон “таблиғи хидматҳои бузурги Пешвои миллат ва ба мардум фаҳмондани сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо ин корро дар Шабакаи аввал идома хоҳем дод.”

Аммо мунтақидон худи эътои унвони “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон ва инак сабқати дар ҳоли авҷи нашри шеъру таронаҳо дар васфи ӯро идомаи сиёсати парастиши шахси раҳбари аввал меноманд, ки ба ҷуз Қирғизистон, дар ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.

Таронаи “Эй Пешвои миллат”-и Ҷовидон Нозимовро дар Фейсбук аз 19 феврал то имрӯз 10 ҳазор нафар дар Ютуб ҳудуди 3 000 нафар тамошо кардаанд. Шабакаи аввал ҳамин тавр, рӯзи 19 феврал дар саҳифааш дар Фейсбук ҳамчунин таронаи дигареро бо номи “Ватан гуфтам” нашр кардааст, ки видеоклипаш моломоли кадрҳо аз даврони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аст ва худи таронаҳо ҳам ӯро тараннум мекунад.

Нашри таронаҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи декабр, билофосила баъди тасвиби қонуне, ки ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Пешвои миллат” дод, дар яке аз чопхонаҳои Душанбе нахустин китоби шеърҳо дар васфи президенти Тоҷикистон таҳти унвони "Пешво" нашр шуд. ​Гурез Сафар, яке аз мураттибони ин китоб, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин китоб бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромада, шеъри беш аз 30 адиби муосири тоҷикро дар васфи “Пешвои миллат” фаро гирифтааст.

Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барои иншои беҳтарин дар бораи Эмомалӣ Раҳмон озмун эълон кард. Ин озмун то 20 апрели соли ҷорӣ идома карда, иншоҳои беҳтарин дар шакли як маҷмӯа ба табъ хоҳанд расид. Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон гуфт, озмуни иншои беҳтарин сокинонро водор хоҳад кард, то дар бораи кори раисиҷумҳур маълумоти бештар бихонанд: "Дар ҳаққи асосгузори сулҳу ваҳдат эҷод кардани асарҳо, шеърҳо кори кӯчактарин ба ҳисоб меравад. Заҳматҳои ӯ барои миллат ва пойдории субот ва ҳимояташ аз ҷавонон хеле зиёд аст."

Моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" тасвиб шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон расман мақоми «Пешвои миллат» ва як силсила имтиёзҳову салоҳиятҳои нав медиҳад.

Тавсифи ҳарчӣ бештари раҳбарони чор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистону Қазоқистон ба як сабқати эълонношуда монанд шудааст. Чанде пеш дар Интернет наворе нашр шуд, ки дар он як гурӯҳи «фаъолони ҷомиа» бо якдигар дар таърифу тавсифи хидматҳои раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов “мусобиқа” мекунанд. Дар поёни моҳи январ дар Интернет пораҳо аз суханрониҳои вакилони ҳизби ҳокими Қазоқистон ба маърази тамошо гузошта шуд, ки дар он мансабдорони қазоқ бо ҷӯшу хурӯш аз “хидматҳои бемисл”-и раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев ситоиш мекунанд ва Назарбоев ҳам дар ҷамъбаст мегӯяд, ки ӯро аз шунидани чунин ҳарфҳо хеле хушаш меояд.

Муроҷиат ба Пешвои миллат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

XS
SM
MD
LG