Пайвандҳои дастрасӣ

Навбат барои таъзим ба президент


Лаҳзае аз таъзими мансабдорон ба президенти Туркманистон

Лаҳзае аз таъзими мансабдорон ба президенти Туркманистон

Дар як навори видеоӣ дар Интернет барои таъзим ба раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов навбат поидани мансабдорони ин кишвар тасвир шудааст.

Дар як навори телевизиони туркмании “Алтин Асир” (“Асри тилоӣ”), ки ахиран дар Интернет бознашр шуд, навбатпоии мансабдорон барои таъзим ва фишурдани дасти раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тасвир шудааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки мансабдорон гулдастаҳо дар даст навбат истодаанд ва баъди ба толор ворид шудану дар саҳни он рост шудани Бердимуҳаммадов ҳар яке бо навбат пеши ӯ таъзим мекунад ва дасташро мефишуранд. Дар баҳси зери ин навор дар саҳифаи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Фейсбук бисёриҳо чунин шакли парастиши шахси раҳбарро як намунаи дигари мансабпарастие номидаанд, ки дар тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ реша давондааст.

Корбаре бо номи Леся Роговская аз ҷумла менависад, “албатта, бисёр чизҳоро метавон боз ҳам ба вижагиҳои Шарқ нисбат дод. Вале алакай асри 21 аст! Ӯ ҳам як одами оддист! Чаро бояд ба вай таъзим кунанд? Ва чаро бо гулдастаҳо?” Бисёрии корбарон чунин ҳокимпарастиро ба менталитети мақомоти минтақаи Осиёи Марказӣ рабт додаанд, вале Анвар Сабитхонов посух додааст, ки “ин маразм аст, на менталитет.”

Ҷумгал Омурхан навиштааст, “режимҳои худкома дар ҳамаҷо кори худро мекунанд, чӣ дар Туркманистон ва чӣ дар Кореяи шимолӣ.”

Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари масоили Туркманистон ва Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "шахспарастӣ чизи ҷадиде дар Туркманистон нест. Система ҳамон аст, фақат шаклаш дар аҳди Бердимуҳаммадов дар муқоиса бо даврони Ниёзов каме фарқ мекунад. Бердимуҳаммадов баъди расиданаш ба қудрат ибтидо як бахше аз осори шахспарастии даврони Ниёзовро аз байн бурд. Вале ҷои онро хеле зуд парастиши худи ӯ гирифт. Мо мебинем, ки китобҳои раҳбари навро ба таври муҷалло чоп мекунанд, ӯ донишманди рақами яки кишвар ҳам дар асппарварист, ҳам дар дандонпизишкӣ, ки пешаи аслии ӯст, ҳам дар таърихи тибби гиёҳӣ ва ҳам дар кулли масоили дигар."

Дар Туркманистон парастиши шахси раҳбари аввал бахусус дар аҳди раёсати Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ ба авҷаш расида, ба шарафи Ниёзов ва модари ӯ ҳатто номи рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро гузошта, ҳайкали 70-метрии ӯро аз оби тило рехта буданд. Дар ҳар шаҳру ноҳияи ин кишвар ҳатман кӯчаву хиёбонҳои асосӣ, театрҳову қасрҳои консертӣ, каналҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ номи Ниёзовро доштанд. Баъди даргузашти ӯ дар соли 2007 Бердимуҳаммадов бархе аз осори шахспарастии Ниёзовро тағйир дод ва аз ҷумла номҳои қаблии рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро баргардонд ва номи Ниёзовро аз бисёре аз маконҳои ҷуғрофӣ бардошт. Ҳамин тавр, ҳайкали тилоии Туркманбоширо аз маркази Ишқбод барчиданд.

Тоҳири Шермуҳаммадӣ мегӯяд, мутаассифона, Туркманистон дар парастиши шахси раҳбари аввал дар минтақа танҳо нест ва ин як падидаи умумӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон дониста мешавад.

Дар Қазоқистон ба раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев расман унвони “Элбасӣ”, яъне “пешвои миллат”-ро додаанд, ки ба ӯ имтиёзҳои фаровоне ато мекунад. Дар инҷо алакай осорхонаи Назарбоеву Донишгоҳи Назарбоев ва китобхонаи ба номи ӯро таъсис додаанд, дар борааш даҳҳо филму китоб таҳия кардаанд.

Дар Узбакистон раисиҷумҳур Ислом Каримовро аксари мансабдорон “отамиз”, яъне “падар” ном мебаранд.

Дар Тоҷикистон низ парастиши шахси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир вусъат гирифтааст. Дар моҳи декабри соли 2015 парлумони Тоҷикистон қонунеро қаблу кард, ки ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” медиҳад. Акнун дар ахбори расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро танҳо бо ҳамин сифат ном мебаранд.

Қаблан ҳам зимни сафарҳои Раҳмон ба манотиқ ва мулоқотҳояш бо мардум дида мешуд, ки чигуна мардумро барои истиқболи вижа аз раисиҷумҳур омода мекунанд. Аз ҷумла кӯдакон ва ҳар нафаре, ки дар мулоқот бо президент сухан мегирад, ҳатман ашъори тавсифие дар ҳаққи раисиҷумҳур қироат мекунад. Ҳамин тавр, ҳамагӣ бояд дар рӯбарӯи раисиҷумҳур дастҳо пеши бар биистанд. Шоҳидон мегӯянд, ҳанӯз қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳӣ нафарони махсус мардумро “таълим” медиҳанд, ки дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо ӯ чӣ гуна рафтор кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG