Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоҳиран барои ҳарчӣ бештар ва беҳтар тавсиф кардани раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (дар ҳоли ҳозир ба истиснои Қирғизистон) як сабқати эълоннашуда оғоз гардидааст.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барои иншои беҳтарин дар бораи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки дар охири соли гузашта унвони пешвои миллатро соҳиб шуд, озмун эълон кардааст. Як масъули кумита 13 феврал гуфт, ки озмун то 20 апрели соли ҷорӣ идома карда, иншоҳои беҳтарин дар шакли як маҷмӯа ба табъ хоҳанд расид. Ба қавли мусоҳиби мо, дар ин озмун донишомӯзону муҳаққиқони ҷавон иштирок мекунанд.

Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ки озмуни иншои беҳтарин сокинонро водор хоҳад кард, то дар бораи кори раисиҷумҳур маълумоти бештар бихонанд. "Дар ҳаққи асосгузори сулҳу ваҳдат эҷод кардани асарҳо, шеърҳо кори кӯчактарин ба ҳисоб меравад. Заҳматҳои ӯ барои миллат ва пойдории субот ва ҳимояташ аз ҷавонон хеле зиёд аст," - афзуд ӯ.

Аммо бархе аз коршиносон тасмими ахири Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро як қадами дигар барои мадҳу ситоиши бештари раисиҷумҳур дониста ва гуфтанд, ки чунин гомҳо Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари худкома ба намоиш хоҳад гузошт. Онҳо мегӯянд, то кунун даҳҳо шеъру тарона ва китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон иншо шудааст, ки 24 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад ва ҳоло чӣ ҳарфи тоза мешавад ба он изофа кард?

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки чунин бархӯрд бозмонда аз Шӯравии собиқ аст ва барои аксари сокинони миёнсолу кӯҳансоли тоҷик чизи нав нест. Ӯ гуфт, “ин як маъракаи идеологӣ аст, бо услуби Шӯравӣ. Аксар кормандони расмии мо зодаи Шӯравӣ ҳастанд ва дар он давра кор кардаанд. Тамоми рафтори онҳо аз сиёсати Шӯравӣ об мехӯрад. Махсусан, ҳамонҳое, ки дар бахши идеология кор мекарданд.”

Озмуни иншои беҳтарин дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта аввалин маҷмӯаи шеърӣ дар бораи ӯ таҳти унвони "Пешво" нашр шуд. ​Гурез Сафар, яке аз мураттибони ин китоб, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин китоб бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромада, шеъри беш аз 30 адиби муосири тоҷикро дар бораи сулҳ ва дар васфи “Пешвои миллат” фаро гирифтааст.

Моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт. Истифодаи ибораи “Пешвои миллат” сар аз соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон корбурд мешуд. Аммо парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунӣ ба мақом табдил дод.

Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Бар асоси моддаи 4-уми ин қонун ордени “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” низ таъсис дода мешавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Бахусус аз он нуктаи қонун интиқод мешавад, ки ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад.

Зоҳиран ҳоло барои тавсифи ҳарчӣ бештари раҳбарони чор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистону Қазоқистон як сабқати эълоннашуда оғоз гардидааст. Ҳафтаи гузашта як навори тавсифи Ислом Каримов аз сӯи фаъолони ҷомеаи он кишвар ба интернет роҳ ёфт, ки дар он раисиҷумҳури Узбакистон дармонбахшу адолатпарвар тавсиф шуд.

Баъди он телевизионҳои давлатии Туркманистон намоиш дод, ки чигуна мақомдорони он кишвар барои таъзим ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар навбат истодаанд. Дар Туркманистон парастиши шахси раҳбари аввал бахусус дар аҳди раёсати Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ ба авҷаш расида, ба шарафи Ниёзов ва модари ӯ ҳатто номи рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро гузошта, ҳайкали 70-метрии ӯро аз оби тило рехта буданд.

Дар ҳар шаҳру ноҳияи ин кишвар ҳатман кӯчаву хиёбонҳои асосӣ, театрҳову қасрҳои консертӣ, каналҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ номи Ниёзовро доштанд. Баъди даргузашти ӯ дар соли 2007 Бердимуҳаммадов бархе аз осори шахспарастии Ниёзовро тағйир дод ва аз ҷумла номҳои қаблии рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро баргардонд ва номи Ниёзовро аз бисёре аз маконҳои ҷуғрофӣ бардошт. Ҳамин тавр, ҳайкали тилоии Туркманбоширо аз маркази Ишқбод барчиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG