Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Маро дар рӯям таърифу тавсиф накунед!"


Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи Кӯлоб. 29.10.2013 (Акс аз www.president.tj)

Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи Кӯлоб. 29.10.2013 (Акс аз www.president.tj)

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии минтақаи Кӯлоб шоми 29-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб бо суханронӣ дар варзишгоҳи Кӯлоб ва як намоиши театрикунонидашуда ба поён расид.

Зимни ин сафар дар Кӯлоб литсейи президентӣ, маҷмаи варзишӣ барои 1600 нафар, корхонаи мевахушккунӣ, бинои сеошёнаи идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва боз чанд иншооти хурду бузург бо ширкати президент расман ба фаъолият оғоз карданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз 21 соли пеш дар Кӯлоб ёдовар шуд, ки он замон ба ҳайси раиси собиқи вилоят ин ҷо кор мекард. Ҳамчунин аз мардуми Кӯлоб барои дастгириашон барои пой гузоштани ӯ ба арсаи сиёсат изҳори минатдорӣ кард. Ӯ гуфт: «Имрӯз ман шаҳри зебои Кӯлобро сайру гашт карда, 2-уми ноябри соли 1992, яъне лаҳзаҳои ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи вилоят интихоб шуданам ба хотирам омад, ки ҳамон рӯзҳо маҳз бо дуои неки пирони рӯзгордидаву сокинони ватандӯсти ин шаҳри бостонӣ ва дастгирии рӯҳи бузургони гузаштаи он ба арсаи сиёсат қадам гузоштам. Он рӯзҳо мо чунин зиндагии орому осударо орзу мекардем ва шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва заҳмати дастаҷамъонаи сокинони худогоҳу ватандӯсти кишвар, ки ба чунин рӯзҳо расидем.»

Ҳамчунин президент гуфт, ба мардуми Кӯлоб бовар дорад, ки бархе аз камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон, имрӯз бархе барномаҳои мадҳу сано ба президенти кишвар лағв шуданд. Як хонандаи мактаб бидуни зикри исмаш гуфт, қарор буд, онҳо бо ду шарикдарси худ дар васфи прездент шеър бихонанд, аммо бо сабабҳои номаълум барояшон гуфтаанд, ки дигар шеърҳояшонро нахонанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар барномаи боздиди президент аз Кӯлоб мадҳу сано ҷой дошт, аммо камтар аз дигар нуқтаҳои сафарҳои ахири ӯ ба музофоти кишвар.

Ҳамин тавр, рӯзи 28-уми октябр президент дар Восеъ ба Абдуразоқ Шамсиддинов, сокини ин ноҳия иҷозат надод, ӯро тавсиф кунад. Ӯ гуфт, аз ин мадҳу санохонӣ асабонӣ мешавад ва қабул надорад, ки дар рӯяш ӯро васф кунанд. Президент дар ҳоле ин суханро гуфт, ки Шамсиддинов мегуфт, «Ҷаноби олӣ, шумо дар Нораку Ховалинг гуфтед, ки таърифро дӯст намедоред.»

Дар сӯҳбат бо Озодӣ Абдуразоқ Шамсиддинов гуфт: «Дар Ховалингу Норак гуфта буд, ки маро таъриф накунед. Ман бо ёддоварӣ аз он мехостам гӯям, ки ҳарчанд шумо инро гуфтед ва намехоҳед, вале агар мо шуморо таъриф накунем, дигар киро таъриф кунем? Мехостам, бигӯям, ки мо дар интихобот шуморо дастгирӣ мекунем, ки дигар нахостанд маро бишнаванд.»

Қарор буд, президент ҳамчунин пулеро дар ноҳияи Шӯрообод, ки Афғонистону Тоҷикистонро мепайвандад, расман ифтитоҳ кунад, аммо бо сабабҳои номаълум сафари президент ба ин ноҳия доир нашуд.

Бештари вақти сафарҳои президент ба навоҳии кишварро сурудхонии хонандагон ва рақси мардону занон зери сурудҳоеро дар бар мегирад, ки дар васфи ӯ хонда мешаванд. Ҳоло ба назар мерасад, ки миёни масъулони шаҳру навоҳӣ пешвози президент ба як сабқат табдил ёфтааст, ки дар кадом навоҳӣ президентро хубтар пешвоз мегиранд. Барои пешвози президент ҳатто аз моҳҳо пеш омодагӣ мегиранд.

Нозирони умур мегӯянд, агар Эмомалӣ Раҳмон ҷиддан ба қатъи ин маъракаҳои пур аз мадҳу сано ва пешвозгириҳои пурдабдабааш дар шаҳру навоҳӣ иқбдом накунад ва барои мисол, ягон ҳокими маҳаллиро барои сарфи беҳудаи маблағҳои давлат ба чунин маъракаҳои беҳуда ҷазо надиҳад, гумон аст, ки ин анъанаи истиқболҳои пуршукӯҳ аз Раҳмон, ки ҳарчӣ бештар ба истиқбол аз як султон ё подшоҳ монанд мешавад, хотима биёбад.

Барои мисол, бо вуҷуди ҳушдорҳои охири ӯ, ки ҷалби кӯдакон ба маросими истиқбол аз шахси ӯ ва ҳам таърифц тавсифашро манъ мекард, дар шаҳри Кӯлоб боз ҳам хонандагони зиёде бо шеърҳои ситоишӣ пеши президент саф оростанд. Ва шоми 29 октябр дар варзишгоҳи Кӯлоб бо истифода аз издиҳом "акси зинда"-и президентро ҳам сохтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG