Пайвандҳои дастрасӣ

Шиорҳои "номзади арзанда" дар кӯчаҳои пойтахт (ВИДЕО)


Шиори таблиғотӣ дар назди меҳмонхонаи "Авесто"

Шиори таблиғотӣ дар назди меҳмонхонаи "Авесто"

Дар як ҳафтаи қабл аз интихоботи президентии Тоҷикистон кӯчаҳои Душанберо шиору овезаҳои таблиғотии як номзад "пур" кардаанд.

Маъракаи таблиғи номзадҳои интихоботи президентии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе хеле камранг менамояд ва шиору лавҳаҳои каме ҳам, ки ба чашм мерасанд, танҳо аз номзади ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон(ҲХДТ) - раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон - ҳимоят мекунанд.

Чунончӣ, як акси бузурги Эмомалӣ Раҳмонро бо бо навиштаҷоти «Ҳама ба интихобот» ва «Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз додан -- интихоби ояндаи дурахшони ҳар яки мост!» дар бинои ширкати давлатии «Барқи тоҷик» овезон кардаанд. Шиорҳои таблиғотии номзади ҲХДТ-ро бо шаклу андозаҳои мухталиф дар оинаи мошинҳо, истгоҳҳои хиёбони марказӣ ва назди бинои вазорату идораҳо метавон дид. На дар ҳамаи онҳо даъват ба раъйдиҳӣ ё мавзӯъи интихобот дида мешавад, аммо дар ин шабурӯз ҳамаи онҳо ба интихобот рабт хоҳанд дошт.

Аммо чунин таблиғоти васеъ то куҷо таъсир дорад? Ҳилоламоҳ, сокини шаҳри Душанбе, ки дар яке аз истгоҳҳои хиёбони Рӯдакӣ мунтазири нақлиёт буд, беихтиёр ба аксҳои Эмомалӣ Раҳмон нигариста, бо ҳамроҳонаш мегуфт, ин номзади арзанда аст, зеро вай танҳо ӯро мешиносад: «Мегӯянд, ки шаш номзад аст. Ман аҳамият надодам, чунки намешиносам. Ҳамин Эмомалӣ монад беҳтар, ин қадар обод кард, меҳнат кард.»

Ҳамсӯҳбати дигари мо Давлатбӣ гуфт, каме пештар акс ва ҳолномаи Саъидҷаъфар Исмонов - номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистонро дидааст, ки дар ҷои барои таблиғ номувофиқ овезон буд. Давлатбӣ мегӯяд: «Онҳо ҳам дар ҳаққи Тоҷикистон меҳнат кардаанд, ман ҳамаи онҳоро мешиносам. Лекин мегӯям, ки Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст».

Панҷ номзади дигар - Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар таблиғи номзадиашон чандон фаъол ба назара намерасанд ва як лавҳаи ҳамсон доранд. Чунин лавҳа аз ҷумла дар назди бозори Шоҳмансури пойтахт овезон аст, вале дида мешавад, ки таваҷҷӯҳи бинандагонро ҷалб намекунад. Онҳое, ки зери ин аксу ҳолномаҳо ба фурӯши ҳаргуна маҳсулот машғул буданд, ҳатто намедонистанд, ки ин номзадҳо кистанд ва дар болои сарашон дар бораи онҳо чӣ навишта шудааст?

Бобои Шариф, ки дар назди даромадгоҳи ин бозор ба мевафурӯшӣ машғул аст, гуфт, ин номзадҳое ки аксашон болои сари ӯ овезон шудаанд, барояш ношиносанд: «Инҳо худашонро намешиносанд, баъд онҳоро кӣ мешиносад?!»
Фурӯшандаи дигари ин бозор Шарифамоҳ, мегӯяд: «Аз миёни ин шаш нафар фақат президенти худамонро мешиносем, тамом. Хайр, интихобот ки рафтем, ба ҳамин президенти худамон, ки чанд сол боз мешиносем, овоз медиҳем».

Таблиғоти номзадҳо ба интихоботи рӯзи 6 ноябр гоҳо шаклу сурати ҷолибе мегирад. Хабарнигори Озодӣ талош кардааст, то чанде аз лаҳзаҳои ҷолиби ин маъракаро рӯи навор биорад.


Таҳлилгарон мегӯянд, бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти феълии Тоҷикистон танҳо Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ метавонист рақобати воқеъӣ нишон диҳад, аммо бо берун мондани ӯ аз корзор номзади дигаре барои чунин рақобат бо оқои Раҳмон на ҳимояти кофӣ дорад ва на ҳадафу ирода.

Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон баробарии комили тамоми номзадҳо дар маъракаи таблиғотиро тақозо мекунад. Ин дар ҳолест ки бар изофаи теъдоди бешумори шиору овезаҳои таблиғотии номзади ҳизби ҳоким, телевизионҳои давлатӣ қариб ҳар рӯз барои чанд соат ба хотири пахши гузоришҳои тӯлонӣ аз ҷараёни сафарҳои президент ба ин ё он ноҳия пахши дигар барномаҳои худро қатъ мекунанд ва эфирро барои ин чанд соат пурра ба таблиғи номзадии Эмомалӣ Раҳмон мебахшанд.

Аммо бо вуҷуди чунин шароити, ба истилоҳ, «нарм» барои «номзади рақами аввал», ҳанӯз рӯшан нест, ки чунин нобаробарии назаррас дар маъракаи таблиғотӣ далели чист – нобоварии доираҳои ҳоким ба нирӯи номзади худ ё…

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG