Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На ҳама бо президент имкони ҳарфи дил гуфтанро доранд


На ба ҳама сокиноне, ки ҳарфи гуфтанӣ доранд, имкон даст медиҳад, то ҳарфи дили худро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бирасонанд.

Дар ҷараёни сафарҳояш президенти кишвар ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон бо сокинон сӯҳбатҳо анҷом медиҳад, вале дар бештари маврид онҳо танҳо аз мадҳу сано иборатанд. Зимни сафари худ ба ноҳияи Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб бо буридани лентаи рамзии чанд иншооти тозабунёд инчунин бо сокинон мулоқот доир кард. Аммо онҳое, ки ҳарфи гуфтани доштанд, пушти дар монданд ва иҷозаи мулоқот бо президентро пайдо накарданд.

Иддае аз занҳои фархорӣ, ки мехостанд, аз мушкилоти беш аз 7 солаашон барои дастрасӣ ба замин барои бунёди манзили ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят кунанд, ба варзишгоҳи марказии ин ноҳия роҳ дода нашуданд. Моҳлиқо Каримова, яке аз ин занҳо ҳам ҳангоми талош барои ворид шудан ба варзишгоҳ аз ҷониби шахси номаълум зарх хӯрдааст. Ин зан зимни сӯҳбат бо мо гуфт: «Қариб даромада будам, ки як милиса гуфт, ки ҳамин занро барор. Як марди миёнақади фарбеҳ ду бор телаам дод ва як вақт ҳушам ба сар зад, ки дар берунам ва ду талабаи мактаб обам мешапанд. Он нафаре, ки маро тела дод, намедонам чӣ кора буд.»

Қиссаи Моҳлиқо, ки то пеши президент нарасид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим


Барои мулоқот бо президенти кишвар масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз қабл сокинонро омода мекунанд. Аммо Саидаброр Хоҷаев, як донишҷӯ мегӯяд, агар ба онҳо иҷозаи мулоқот бо президентро диҳанд, дар дил пешниҳоди зиёд дорад. Ӯ мегӯяд, ба президент пешниҳод хоҳад кард, ки ҷойҳои кори воқеӣ зиёдтар шавад, то муҳоҷирати ҷавонон ба Русия камтар шавад. Ӯ гуфт: «Онҳое, ки Донишгоҳро хатм мекунанд, бо ҷои кор таъмин шаванд. На ин ки дар ҳисоботҳо, балки дар амал. Муҳоҷират, ки азобҳои зиёд дорад, кам шавад ва ҷавонони мо ватанро обод кунанд.»

Ойҷонбӣ Ҷумъаева, як зани кӯҳансоли сокини маҳаллаи Гагарини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯ замони Шӯравӣ унвони қаҳрамон-модарро дошт ва аз имтиёзҳое бархӯрдор буд, вале ҳоло ҳамчун зани серфарзанд ҳеҷ имтиёзе надорад. Ӯ мегӯяд, солҳост, талош дорад, то бо президент дидор кунад ва мушкилоти имрӯзи қаҳрамон-модарҳои замони Шӯравиро дар миён гузорад.

Ӯ гуфт: «Моро ҳукумати Шӯравӣ ташвиқ кард, ки фарзанди зиёд кунем. Ман 11 фарзанд калон кардам. Ҳозир 140 сомонӣ нафақа мегирам, ки ҳеҷ чиз намешавад. Дар як ҳавлии хурд 6-7 оила рӯ ба рӯ зиндагӣ мекунем. Бароямон замин намедиҳанд, то хона кунем. Ман аз президент хоҳиш мекардам, ки ба қаҳрамон-модарон имтиёз диҳад. Ба ҳар ҳол, мо бо фарзандонамон ба давлат хизмат кардаем.»

Дар ин миён бархе бо тақлид ба сӯҳбатҳои сокинон дар шабакаҳои телевизионӣ гуфтанд, ки онҳо ҳеҷ суоле надоранд ва ба президент ҳангоми роҳ ёфтан ба мулоқот танҳо барои ободкориаш минатдорӣ хоҳанд кард. Ҷумъахон Раҷабов, сокини миёнасоли Кӯлоб мегӯяд: «Ман барои он савол намедиҳам, ки худам дида истодам, ки дар куҷо чӣ мегузарад. Президент одами худодод аст. Ман дар озодиям, ҳар ҷое хоҳам меравам, дигар баро чӣ ба президент савол диҳам?»

Зимни сафарҳои президент ба навоҳии Кӯлоб дар соли ҷорӣ танҳо ба Гулсунбӣ Акрамова, як сокини Кӯлоб имкон даст дод, то арзашро ба президенти кишвар бирасонад. Ӯ ҳам барои расонидани арзаш беш аз сад километр роҳро тай карда, ба ҷамоати Шуғнови ноҳияи Ховалинг рафта буд. Ин зан аз ноадолатиҳои раиси ҷамоати Кӯлоб ва тақсими ноадолатонаи замини кишт шикоят карда буд. Ҳоло ӯ мегӯяд, пас аз шунидани арзаш аз ҷониби президент аксари мушкилаш дар ҳоли ҳал шудан аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳоло бо сафари кориаш дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад. Қарор аст, фардо дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати ӯ литсеи президентӣ, Маҷмаи варзишӣ барои 1600 нафар ва чанд корхонаву иншоот боз шавад. Инчунин, пули иртиботӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо маблағгузории ҳукумати Олмон аз ҷониби Фонди Оғохон сохта шудааст, ба истифода дода мешавад.

Бо ҳамин сафари президент ба манотиқи кишвар, ки давраи 7 солаи президентиаш ба охир мерасад ва қарор аст, бо ширкати ӯ ва 5 номзади дигар, 6-уми ноябр интихобот баргузор шавад, анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG