Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъракаи пешазинтихоботӣ дар вилояти Суғд бозгӯи он аст, ки мақомот талош доранд иштироки фаъоли мардум дар интихобот ва ба ин васила машрӯъияти бештари ин маъракаро таъмин кунанд.

Шиору навиштаҳои пеш аз интихобот дар сари роҳу хиёбонҳо, назди қитъаву ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҷойҳои ҷамъомади мардум сокинонро ба иштирок дар интихобот даъват мекунанд. Мақомот низ дар мулоқоту сӯҳбатҳо, умдатан бо кормандони бахшҳои буҷавӣ ва ба воситаи расонаҳо сокинонро ба ҳозир шудан ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ мехонанд.

Ҳамрохон Атаева, котиби комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 26-и шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии роҳандозони маъракаи таблиғотӣ таъмини ҳар чи бештари иштироки овоздиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳур аст.

“Ин навиштаҳову шиорҳои тарғиботӣ аз тарафи худи ҳизбҳои довталаб навишта шудааст. Ва онҳо ба ҳамаи номзадҳо баробар дахл доранд. Ягона мазмуни шиорҳои даъваткунандаи мо ин, ки рӯзи интихобот овоздиҳандагон бо истифода аз ҳуқуқи қонунии худ ва ҳар кас худ бо варақаи овоздиҳиаш назди қуттиҳои наздиктарин қитъаҳои овоздиҳӣ ҳозир шаванд. Лекин овоздиҳандагон бо ихтиёри худ ба номзади арзандаашон овоз медиҳанд,”- афзуд хонум Атаева.

Вилояти Суғд бо беш аз 2 миллион аҳолӣ аз минтақаҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва 1 миллиону 300 ҳазор овоздиҳанда дорад. Ба назари коршиносон, иштироки фаъоли сокинони ин минтақа дар баргузории интихобот нақши муаасир хоҳад дошт.

Коммиссияи ҳавзавии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар маркази вилояти Суғд наздики 97 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, беш аз 7 ҳазор овоздиҳандаи дигари Хуҷанд дар хориҷ аз Тоҷикистон, умдатан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Як вижагии аслии навиштаву шиорҳои тоблуҳои бузурги тарғиботӣ дар рӯзҳои охири маъракаи қабл аз интихобот дар он аст, ки дар онҳо аз ягон довталаби курсии раисҷумҳурӣ ном бурда намешавад. Инчунин, варақаҳои тарғиботии номзадҳои алоҳида низ дар ҷойе ба чашм намерасад.Танҳо бархе навиштаҳо аз овоздиҳандагон даъват мекунанд рӯзи 6-уми ноябр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ба “номзади арзанда” овоз диҳанд.

Вале кист он “номзади арзанда”? Ва оё овоздиҳандагон ӯро медонанд ва ба вай овоз хоҳанд дод? Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд бо ин саволҳо ба сокинон муроҷиат кардам:

Як дӯзанда: “Ба Ҷаноби олӣ, чунки он кас ҳама ҷоро ободу хушрӯ карда истодаанд.”

Ҷавони донишҷӯ: “Ман фақат як номзадро мешиносам: Эмомалӣ Раҳмон, ки президент ҳастанд ва ба он кас овоз медиҳам, дигар номзадҳоро медонам, ки 5 кас ҳастанд, аммо номашонро намедонам.”

Ҷавони дигар: “Ман ҳозир ҳеч чиз гуфтан наметавонам. Номзадҳоро медонам, ки аз ҳизби халқӣ демократӣ ҳаст, аз ҳизби сотсиал-демократӣ ё кадоми дигараш ҳам ҳаст.”

Як марди миёнсол: “То интихобот ҳоло вақт ҳаст-ку, то он рӯз фикр мекунам, иншоаллоҳ ва ягон номзадро интихоб мекунам.”

Ҳамин тавр, бештари мусоҳибонам миёни номзадҳо ба интихоботи раисҷумҳурӣ танҳо як нафарро мешинохтанд ва мегуфтанд, ба вай овоз хоҳанд дод. Ва ин чандон ҷойи тааҷҷуб ҳам надорад. Мақомот бо намояндагӣ аз ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ бо сокинон зиёд мулоқотҳо меороянд ва таъкид мекунанд, ба “номзади арзанда”-и онҳо, ки ба ҳама шинос аст, овози худро дареғ надоранд.

Дар ҳоле, ки довталабони дигари курсии раисҷумҳурӣ нафарони камшинохта дар миёни мардум буда, ба ҷуз чанд вохӯриҳои хушку расмӣ бо сокинони Суғд дигар тақрибан кореро барои шиносонидани худу барномаҳояшон ва касби овозҳои сокинон анҷом надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG