Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар посух ба нигарониҳои волидони донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Украина мегӯянд, авзоъ дар Киев ва шаҳрҳои дигари ин кишвар хеле беҳтар ва шароит барои идома таҳсил фароҳам шудааст.

Ин изҳороти намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Укрина дар посух ба дархости падари як донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи тиббии Киев аст, ки аз Радиои Озодӣ дар мавриди маълум кардани вазъи амниятии Украина кумак хостааст.

Қиёмиддин Муҳиддинов - шаҳрванди Тоҷикистон дар номае ба радиои Озодӣ навиштааст, ки писараш донишҷӯи соли якуми донишгоҳи тиббии шаҳри Киев аст ва дар рӯзҳои нооромӣ вайро ба Тоҷикистон баргардонидааст ва ҳоло бо назардошти вазъ дар Украина намедонад, ки писарашроо барои идомаи таҳсил ба Киев бифиристад ё на. Вай менависад, ки онҳо дар маҷмӯъ 22 нафар дар донишгоҳ таҳсил мекунанд.

Қиёмиддин Муҳиддинов аз Радиои Озодӣ дар ин бора кумак хостааст. Радиои Озодӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Киев телефонӣ тамос гирифт ва шароити идомаи таҳсилро пурсид. Парвиз Назарзода - яке аз кормандони масъули сафорат гуфт, ки ҳоло вазъ нисбат ба моҳи феврал дар Киев хеле ором аст ва
ба донишҷӯёни тоҷик дар Киев ва шаҳрҳои дигари Украина хатаре таҳдид намекунад ва онҳо метавонанд ба таҳсили худ идома диҳанд. Оқои Назарзода гуфт, дар бораи фиристодани фарзанд худи палару модарон бояд тасмим бигиранд ва сафорат танҳо ин нуктаро таъкид мекунад, ки шароит барои идомаи таҳсил фароҳам шудааст.

Киев. Рӯзи 9 март

Киев. Рӯзи 9 март

Ин дар ҳолест ки ахиран баъзе аз падару модарони донишҷӯёни дигар низ ба вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат ва аз сарнавишти фарзандонашон дар Украина изҳори нигаронӣ кардаанд. Сафорат бо гурӯҳҳои донишҷӯён робитаи мунтазам дорад ва вазорати маорифи Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо сафорат ин масъаларо зери назорати худ гирифтааст.

Қабл аз рӯи кор омадани ҳукумати нави Украина ҳудуди 15 нафар донишҷӯи тоҷик барои кӯмак ба сафорати Тоҷикистон дар Киев муроҷиа кардаанд ва хостори бозгашт ба Ватан шудаанд. Сафорат мегӯяд, онҳо бо хоҳиши худашон ва бо кӯмаки сафорат ба Тоҷикистон баргаштанд.

Сафорат моҳҳои январ ва феврал ду бор ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина муроҷиат кардааст, ки аз рафтан ба маҳали тазоҳуроти эътирозӣ дар ҳар шаҳр худдорӣ кунанд.

Ҳоло дар донишгоҳҳои мухталифи Украина бештар аз 480 нафар донишҷӯ таҳсили худро идома медиҳанд. Илова бар ин аз 4 то 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Украина кору зиндагӣ мекунанд. Баъзе аз онҳо шаҳвандии ин кишварро қабул кардаанд. Сафорат мегӯяд, дар муддати нооромиҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи таҳдид ба амнияти худ ба сафорат муроҷиат накардаанд ва мавридҳои таҳдид низ ба қайд гирифта нашудааст.

Меҳроҷ Шарифов

Меҳроҷ Шарифов

Вале ҳодисаи куштори донишҷӯ Меҳроҷ Шарифов дар шаҳри Харков, ки 28 январ рух дод, ҳодисаи ягона ба шумор меравад. Парвиз Назарзода мегӯяд, ки баъд аз ин ҳодиса вай ба шаҳри Харков сафар кардааст ва дар мулоқоте пулиси шаҳри Харков иддао кардааст, ки гӯё Меҳроҷ Шарифов худаш лағжидааст ва сараш ба арматура бархӯрдааст, ки ниҳоят сабаби марги вай шудааст. Оқои Назарзода мегӯяд, бо вуҷуди чунин иддао расидагӣ ба ин ҳодиса ба поён нарасидааст ва натиҷаҳои он эълон нашудааст. Ҷониби сафорат аз чунин тавзеҳоти пешакӣ қаноатманд нест ва дархост кардааст, ки ба парванда ба таври ҷидддӣ расидагӣ сурат бигирад.

Фозил Шарифов - падари Меҳроҷ дар як сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки 28 январ писараш барои хариди нон ба мағоза баромадааст ва дар роҳ одамони ниқобпӯш ба вай ҳамла кардаанд ва бо оҳанпора ба сараш задаанд. Писараш аз зарби оҳанпора баъд аз 7 соат дар бемористон ҷон додааст. Ба гуфтаи сафорат, дар ин рӯзҳо эҳтимоли ҳамла ба Меҳроҷ низ аз сӯи бозрасон расидагӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG