Пайвандҳои дастрасӣ

5 донишҷӯи тоҷик аз Одесса ба Тоҷикистон баргаштаанд


Аз бими ноором шудани авзоъ дар Украина теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик, то замони ба эътидол омадани вазъ ба хонаҳояшон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Аз ҷумла дар Академияи миллии саноати хӯроквории Одесса рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз 10 донишҷӯе, ки дар риштаҳои гуногуни ин академия таҳсил мекарданд, 5 нафараш ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ҳарчанд шаҳри Одесса назар ба дигар минтақаҳои Украина оромтар аст, вале ин донишҷӯён бо дархости волидонашон, ё ба Русия рафтаанд ва ё ба хонаҳояшон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Вале аксарияти ҷавонони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии Украина таҳсил доранд, ҳамчунон дар он кишвар мемонанд, зеро таҳсил дар ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба таври маъмулӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла дар бахши хориҷии Донишгоҳи миллии ба номи Тарас Шевченко дар шаҳри Киев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин донишгоҳ 7 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд ва ҳеҷ яке аз онҳо таҳсилро гузошта, ба Тоҷикистон барнагаштааст.

Як донишҷӯи Академияи мухобирот ба номи Попов дар шаҳри Одесса ҳам гуфт, ҳамаи 8 донишҷӯи тоҷики ин донишгоҳ таҳсилро идома медиҳанд, чун барои аксарияти онҳо соли охири таҳсил ҳаст. Бахтиёр Қӯшаков, донишҷӯи соли аввали факултаи тиббии Донишгоҳи ба номи Каразина дар шаҳри Харков, низ рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин донишгоҳ 6 нафар аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва ҳеҷ яке аз онҳо майли бозгаштро надоранд, зеро вазъ дар ин шаҳр ором аст ва таҳсил низ мисли рӯзҳои маъмулӣ идома дорад. Ба гуфтаи Бахтиёр Қушаков, ҳеҷ кас ба донишҷӯёни тоҷик дар Харков кордор нест ва касе ҳам таҳдиде ба ҷони худ эҳсос намекунад. Ин дар ҳолест ки як рӯз қабл аз шаҳри Харков ба Радиои Озодӣ номае расида буд, ки дар он аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост мешуд, то барои берун бурдани шаҳрвандони тоҷик аз ин шааҳр ҳавопаймо бифиристад.

Дар донишгоҳҳои Украина, ки ҳоло гирифтори бӯҳрони амиқи сиёсист, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тақрибан 450 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки баъзе аз онҳо аз ҳисоби давлат мехонанд ва баъзе - аз ҳисоби худашон. Дар Тоҷикистон, ки худаш шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ буд, волидони ин донишҷӯён нигарон шудаанд, ки дар сурати ноамнӣ ва бадтар шудани авзоъ дар Украина бачаҳояшон маҷбуранд, таҳсилро нотамом гузошта, баргарданд.
XS
SM
MD
LG