Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат: Дар пайи қатли донишҷӯи тоҷик дар Харков парвандаи ҷиноӣ боз шудааст


 Меҳроҷ Шарифов.

Меҳроҷ Шарифов.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, замони рух додани ҳодиса қатли донишҷӯи тоҷик намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Украинаро ба ҷои ҳодиса фиристонда буданд.

Ба гуфтаи ин вазорат сафорат барои интиқоли ҷасади Меҳроҷ Шарифов ба Тоҷикистон кӯмак кардааст. Тибқи иттиллои вазорати корҳои хориҷӣ дар пайи қатли донишҷӯи тоҷик, аз тарафи мақомоти Украина парвандаи ҷиноӣ бозшуда ва ҳоло тафтишот идома доштааст.

Як донишҷӯи 22-солаи тоҷик дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст, вале ҳоло дақиқ нест, ки ин ҳодиса ба нооромиҳои ахири ин кишвар то чӣ андоза рабт дорад.

Меҳроҷ Шарифов, сокини ноҳияи Шаҳринав, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Харкови Украина, дар таърихи 28-юми январ аз сӯи афроди ношинос бо зарби оҳан (арматура) дар кӯча кушта шудааст.

Фозил Шарифов, падари Меҳроҷ рӯзи 11-уми март дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки писараш шоми 28-юми январ барои овардани нон меравад ва дар ин ҳангом афроди ниқобпӯш ба ӯ ҳамла карда, бо оҳанпора ба сараш мезананд. Ба гуфтаи падари Меҳроҷ, писараш пас аз ҳафт соати ҷарроҳӣ ба ҳуш наомада, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Фозил Шарифов гуфт: «вақте аз Маскав ба Харков таҳсилашро идома дод, ҳамеша аз ҳамсабақонаш розӣ буд. Вай дар хобгоҳ зиндагӣ мекард. Пули донишгоҳро супоридам, пурсидам, ки чӣ камбудӣ дорӣ? гуфт ки хуб аст. Муаллимҳояшро пурсидам, гуфтанд мо аз ӯ розӣ ҳастем. Ҳамон бегоҳи якшанбеи 26 январ телефон кардам, гуфт ки ош пухтам, ҳозир шом мехурем. Вақте ки нонро гирифта аз мағоза ба хобгоҳ баргаштани мешавад, ки ин ҳодиса рух медиҳад. Соат 2-и шаб буд ба ман телефон карданд, ки писарат дар беморхона тез расида биё. Ман рафтам, ки алакай духтурон ҷарроҳӣ кардаанд вале алакай у зинда набуд гуфтанд, ки нашуд. Онҷо дар қатори духтурон декани донишгоҳашон ҳам буд».

Ба гуфтаи падари Меҳроҷ, писараш пас аз ҳафт соати ҷарроҳӣ ба ҳуш наомада, дар беморхона ба ҳалокат мерасад ва ӯ ҷасади писарашро баъд аз ду рӯзи ҳодиса ба зодгоҳаш овард ва ба хок супурд.

Мақсуда Шарифова, модари Меҳроҷ, мегӯяд, маротибаи охир бо ҷигарбандаш панҷ рӯз пеш аз маргаш сӯҳбати телефонӣ дошту халос. Ба гуфтаи хонум Мақсуда: «рӯзи 21 январ бо телефон сӯҳбат карда будам. Вай гуфт, ки ягон мушкили надорам, ҷои хуб, тоҷикҳо инҷо бисёр, ягон камбудӣ нест. Баъди телефонашро хомӯш кардан дар телефони ман аз писарам смс омад, ки навишта шудааст, «очаҷон ман Азиза гуфтани духтареро дӯст медорам. Бо телефон натавонистам ба шумо гӯям. Агар тобистон ба Тоҷикистон равам ӯро хостгорӣ мекунед?» ҳамин хел навишта шуда буд. Вай як духтарро дӯст доштаасту ба ман шарм дошта нагуфт, лекин ба орзуҳояш нарасида ӯро куштанд. Ман медонам ки ӯро куштанд, чунки писари ман дар 22 соли умраш маротибае сузандору нагирифта буд, ягон ҷояш дард намекард. Ҳамин хел бачаи сап-сафеди маро куштанд, қотилон».



Волидони донишҷӯи кушташуда мегӯянд, Меҳроҷ пас аз хатми мактаб-интернети ноҳияи Шаҳринав, ба Донишгоҳои тиббии Маскав дохил шуда, ду сол онҷо таҳсил кардааст. Баъдан, бинобар мушкили молӣ, ӯ аз ин донишгоҳ ба Донишгоҳи тиббии Харков дар Украина интиқол ёфта, таҳсилашро идома додааст. Хароҷоти таҳсили Меҳроҷ аз ҳисоби падараш Фозил Шарифов, ки дар муҳоҷирати кори дар Русия аст, пардохт мешуд.

Падари Меҳроҷ мегӯяд, мақомоти Укрина гуфтаанд, ки омилони куштори фарзанди ӯро ҷустуҷу доранд. «Мақомот гуфтанд, камераҳои назоратие, ки куштори Меҳроҷро аз сӯи афроди ношинос сабт кардааст, таҳқиқ карда истодаанд.»

Ба гуфтаи падари Меҳроҷ, сафорати Тоҷикистон дар Украина низ аз ин қазия хабардор буданд ва ҳатто як нафар намояндаи худро фиристоданд, вале бенатиҷа: «Як бача аз ҳамон сафорат омада буд, лекин аз дасташ ягон кор наомад. Ҳатто дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ягон кумак накарданд. Боз ҳамон тоҷикҳое, ки дар Харков зиндагӣ мекарданд онҳо ёрдам карданд мо ҷасадро овардем».

Як манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Украина низ ин хабарро рӯзи 11-уми март ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо "аз ин қазия огоҳанд" ва онро таҳқиқ доранд.

Хабари марги Меҳроҷ Шарифов дар ҳолест, ки моҳи январ сафорати Тоҷикистон дар Украина хитоб ба донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар эъломияе ба нашр расондида ва дар он гуфта буд, ки “бо назардошти авҷгирии хушунатҳо дар маркази шаҳри Киев ва идомаи задухӯрдҳои эътирозгарон бо қувваҳои полис ба маҳаллоти пуриздиҳоми шаҳр набароянд ва дар ин рӯзҳо аз иштирок дар ҳар гуна чорабиниҳо худдорӣ намоянд”.

Парвиз Назарзода, як масъули сафорат ба Озодӣ гуфта буд, рӯзи 19 феврал, сафотар бо ирсоли нома бори дигар аз тоҷикони муқими кишвар хост, ки бар асари амиқтар шудани бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар аз рафтан ба маркази Киев худдорӣ кунанд: “Мо аз ин пеш ҳам аз ҳамватанҳои худ хоҳиш карда будем, ки ба хотири амнияташон бидуни зарурати ногузир аз рафтан ба ҷойҳои тазоҳурот худдорӣ кунанд. Номаву паёмак ё СМС ҳам ба донишҷӯён ва ҳам ба диаспораи тоҷикон дар Украина фиристода шудааст.”

Эътирозҳо дар Украина бо талаби истеъфои раиси он ҷумҳурӣ Виктор Янукович беш аз 3 моҳ идома кард, ки бар асари он беш аз 100 нафар кушта шудаанд

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон, дар Украина дар маҷмӯъ тақрибан 5 000 шаҳрвандони собиқ ва феълии Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар ин кишвар 490 донишҷӯи тоҷик низ таҳсил доранд ва 43 нафари онҳо муҳассили донишгоҳҳои шаҳри Киев будаанд. Бахши аъзами донишҷӯёни тоҷик – 150 нафар - дар се донишгоҳи шаҳри Харков - Донишгоҳи тиббӣ, Академияи нақлиёти роҳи оҳан ва Донишкадаи политехникӣ таҳсил мекунанд. Дар макотиби олии шаҳрҳои Днепропетровск, Одесса, Донетск, Тернопол ва Кировоград ҳам донишҷӯёни тоҷик зиёд будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG