Пайвандҳои дастрасӣ

"Донишҷӯёни тоҷик тарки Украина накардаанд"


Эътирозҳои рӯзи 1 март дар Харков

Эътирозҳои рӯзи 1 март дар Харков

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи дар пайи ноамниҳои охир ба таври оҷил Украинаро тарк намудани даҳҳо донишҷӯи тоҷикро рад мекунад.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои бахши кишварҳои муштаракулманофеъи вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки аксари донишҷӯёни тоҷик таҳсилро дар донишгоҳҳои Киев, Харков ва Донетск идома медиҳанд ва хабари хуруҷи онҳо аз Украина дуруст нест. Аз ин пеш як манбаи Радиои Озодӣ дар шаҳри Киев хабар дод, ки рӯзҳои ахир даҳҳо донишҷӯёни тоҷик ба далели идомаи ноамнӣ дар Украина ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Як масъули сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Киев низ дар сӯҳбат бо мо хабари хурӯҷи донишҷӯёнро такзиб намуд ва аммо гуфт, “агар баъзеҳо бидуни машварат бо сафорат ба Тоҷикистон баргашта бошанд ҳам аҷаб нест ва ин тасмими шахсии онҳост.” Мусоҳиби мо афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста бо сафорат тамос мегиранд ва дар мавриди Украинаро тарк кардан ё накарданашон машварат мепурсанд.

“Мо ба онҳо тавсия медиҳем, ки дар ин бора бо раҳбарони донишгоҳҳо сӯҳбат кунанд ва агар ба Тоҷикистон рафтанӣ бошанд, ҳатман иҷоза бигиранд, то ҳангоми бозгашт барояшон дарди сар эҷод нашавад,” - гуфт ӯ. Ба гуфтаи корманди сафорат, онҳо бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои Харков ва Донетск ҳам пайваста дар тамосанд.

Мусоҳиби мо афзуд, ки вазъ дар шаҳри Киев ором аст, дари ягон донишгоҳ баста нашудааст. Ӯ хабари дар хиёбонҳои пойтахти Украина пайдо шудани афроди ифротӣ ва миллатгароро ҳам рад кард ва изҳор намуд, “агар хатаре барои ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон пеш ояд, онҳо дар зудтарин фурсат ба ватан баргардонида мешаванд.”

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон, дар Украина дар маҷмӯъ тақрибан 5 000 шаҳрвандони собиқ ва феълии Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар ин кишвар 490 донишҷӯи тоҷик низ таҳсил доранд ва 43 нафари онҳо муҳассили донишгоҳҳои шаҳри Киев будаанд. Бахши аъзами донишҷӯёни тоҷик – 150 нафар - дар се донишгоҳи шаҳри Харков - Донишгоҳи тиббӣ, Академияи нақлиёти роҳи оҳан ва Донишкадаи политехникӣ таҳсил мекунанд. Дар макотиби олии шаҳрҳои Днепропетровск, Одесса, Донетск, Тернопол ва Кировоград ҳам донишҷӯёни тоҷик зиёд будаанд.
XS
SM
MD
LG