Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди фирори 3 тоҷик аз боздоштгоҳ


Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар Маскав
Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар Маскав

Бино ба хабарҳо, 3 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми талоши фирор аз боздоштгоҳе дар вилояти Ярославли Русия дастгир кардаанд.

3 шаҳрванди Тоҷикистон шаби 14 январ талош кардаанд, то аз боздоштгоҳи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳраки Красний Бори ноҳияи Тутаевои вилояти Ярославл фирор кунанд. Вале, ба гуфтаи дафтари матбуоти бахши вилоятии ин Хадамот, ҳангоми фирор дастгир шуданд.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати вилояти Ярославл мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон шабона аз ҳуҷраҳои худ дар қабати аввали бино берун шуда, ба қабати дувум рафтаанд ва мехҳои тирезаро канда, ба шикастани панҷараи оҳанин шурӯъ карда буданд, вале маъмурони боздоштгоҳ ҳарсеро дастгир ва аз фирори онҳо пешгирӣ кардаанд.

Дар пайи ин қазия қарор шуда, ки режими нигаҳдории боздоштшудагон дар ин боздоштгоҳ шадидтар карда шавад. Аз ҷумла тасмим гирифтаанд, ки ин маҳалли нигоҳдории муҳоҷирони хориҷиро бо шабакаҳои изофии назорати видеоӣ муҷаҳҳаз гардонанд.

Дар боздоштгоҳҳои Худамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар саросари он кишвар муҳоҷирони хориҷие нигоҳ дошта мешаванд, ки бо ҷурми поймол кардани шароити кору иқомат дар ин кишвар дастгир шуда, мунтазири баррасии парвандаашон дар додгоҳ ва баъди судури ҳукми додгоҳ, дар интизори ихроҷашон ба ватан қарор доранд.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Ин мардум, ки аксарияти куллашро аҳолии қобили кор ташкил медиҳад, ҳамасола ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз будҷаи солонаи ин кишвар бештар ва баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Таъмини рӯзгори аксарияти хонаводаҳо даро Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст. Ба ин далел, муҳоҷирони корӣ як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон – фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ – унвон мешавад.

Дар моҳи феврали соли 2013 Русияву Тоҷикистон ба созишномае имзо гузоштанд, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар бояд сабукиҳое меовард. Аз ҷумла мебоист замони будубоши бидуни сабти расмии атбоъи Тоҷикистон дар Русия аз 3 рӯзи кунунӣ то 15 рӯз боло бурда шуда, ба муҳоҷирони тоҷик ҳаққи гирифтани муҷаввизи кор барои муддати бештар аз як сол дода мешуд.

Ин созишнома ҳамроҳ бо ваъдаи кумакҳои низомӣ ба артиши Тоҷикистон ва лағви боҷи гумрукии содироти маҳсулоти нафтиаш ба ин кишвар бахше аз гузаштҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201-уми низомиаш ва он ҳам ба сурати маҷҷонӣ дастикам то соли 2042 буд. Аммо ба фарқ аз созишномаи пойгоҳ гузаштҳои ҷониби Русия, аз ҷумла созишномаи муҳоҷират, то ҳол тасвиб ва ба маърази иҷро гузошта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамчунон аз афзоиши фишори мақомоти он кишвар алайҳи худ шикоят мекунанд. Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ахиран дар сомонааш рӯйхати сиёҳи шаҳрвандони хориҷиеро нашр кард, ки ба далели нақзи қоидаҳои кору иқомат аз ин кишвар ихроҷ(депортатсия) ё берун (выдворение) карда шудаанд ва ҳаққи убури марзҳои Русияро барои муддати тӯлонӣ ва гоҳо то 5 солу 10 сол надоранд. Ин рӯйхати сиёҳ то имрӯз 72 000 шаҳрванди Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик аз ҳаққи сафар ба Русия ин амалан ба маънои аз манбаъи асосии таъминоти иқтисодиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аст. Дар ин авохир даъватҳое зиёд баланд мешавад, ки Душанбе набояд дигар суботи иҷтимоии кишварро комилан вобастаи мақомоти Русия кунад ва дар фикри таъмини шаҳрвандонаш бо ҷои кори муносиб дар ватан шавад.

Аммо дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки ба маҳзи дасти кӯтоҳи молӣ барномаҳои муассиру фарогири таъсиси ҷойҳои корӣ дар кишвар ва тавони кумаки ҷиддӣ ба ин 72 000 муҳоҷири собиқеро, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, надоранд.

XS
SM
MD
LG