Пайвандҳои дастрасӣ

Навори видеоие, ки дар он як гурӯҳи ҷавонони рус ситезаҷӯёна афроди ғайрирусро аз вагонҳои метрои Маскав берун мекунанд, баҳсҳои доғеро дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ба вуҷуд овардааст.

Ин ҷавонон ба амалиёти худ “Белый вагон“ (“Вагони сафед”) ном дода, вориди як вагон мешаванд ва мусофиронеро, ки чеҳраи ғайриславянӣ доранд, зери мушту лагат мегиранд ва аз вагони метро берун меафкананд. Издиҳоме, ки дар берун истодааст, бо шиори “Бикуш! Бикуш!” аз ин ҷавонон пуштибонӣ мекунад ва пеши роҳи нирӯҳои пулисро, ки мехоҳанд вориди маҳалли латукӯби мардуми ғайрирус шаванд, мегиранд. Дида мешавад, ки маъмурони пулис низ барои ҷилавгирӣ аз ин латукӯби оммавии мардуми ғайрирус азму хоҳини чандоне нишон намедиҳанд ва бештар ба як тамошобин мемонанд, то ба масъули таъмини тартибот.

Бино ба охирин хабарҳо, дар шаҳри Саратов Мария Давиденко, раҳбари ҷунбиши “Русские зачистки. Саратов”-ро барои вайрон кардани тартибот ва нақзи қоидаҳои сабти ном ба маблағи 11 500 рубли русӣ ҷарима бастаанд. Пайравони ӯ ба тақлид аз амалиёти “Белый вагон” дар маркази Саратов таҳти шиорҳои "Россия для русских! Саратов для славян!" ("Русия барои русҳост! Саратов барои славянҳост!" монеъи савор шудани мардуми ғайрирус аз трамвай ва нақлиёти дигари ҷамъиятӣ шудаанд.

Ҳоло расонаҳои русӣ мегӯянд, ки издиҳоми ҷамъшуда дар истгоҳи метрои Маскав на "Убивай! Убивай!" ("Бикуш! Бикуш!"), балки "Убывай! Убывай!", яьне "Дафъ шав! Дафъ шав!", нидо мекардаанд. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ин бозии калимаҳо ҳам наметавонад доманаи даҳшати ин наворро камтар кунад.

Маълум мешавад, ки ин навор ҳанӯз рӯзи 21 сентябр дар Интернет аз номи нафаре бо номи мустаори АД-НС гузошта шуда, то имрӯз 80 000 нафар ин наворро тамошо кардаанд, вале таваҷҷӯҳ ба он замоне боло гирифт, ки блогнависи шинохтаи рус Рустам Агадамов онро дар саҳифааш дар Фесбук дубора нашр кард. Ин навори нажодпарастонаро дар саҳифаи Рустам Агадамов дар зарфи 3 рӯз беш аз 100 000 нафар тамошо карда, 1488 нафар дар поварақи он шарҳ навишта ва 1808 нафар он дигарбора бознашр кардаанд.



Ҳанӯз то куҷо ҳақиқат доштани ин навор ваё дақиқан дар кадом истгоҳи метрои Маскав сурат гирифтани ин кор маълум нест. Дар ҳар сурат, мақомоти пулиси Маскав то кунун ин наворро таҳқиқ ва шарҳе дар борааш надодаанд. Аммо навори латукӯбу аз вагони метро рондани мардуми омад ва он ҳам таҳти пуштибонии гарми издиҳоме, ки “Бикуш! Бикуш!" ё ба гуфтаи бархе расонаҳои русӣ, "Дафъ шав! Дафъ шав!" гӯён нидо мекунад, баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кардааст.

Аксари корбарон чунин бархӯрд нисбат ба мардуми омадаро натиҷаи сиёсати “калон”-ҳои Русия меноманд ва мегӯянд, мақомот дар интихоботҳои ахир ба хотири таъмини пирӯзиашон қартаи зидди муҳоҷиратро, бахусус дар интихоботи якуним моҳ пеши шаҳрдори Маскав фаровон истифода бурданд ва ба таъбири як корбар, “ҷини қавмгароиро бо дастони худ аз кӯза бароварданд.” Сироҷиддин Толибов дар баҳси ин мавзӯъ дар Фейсбук менависад, “бори мушкилоти кунунии Русия дар гардани онҳоест, ки ин кишварро идора мекунанд, на дар гардани мардуми оддӣ.”

Бояд ба ватан баргашт, чорае дигар нест

Дар ин баҳсҳо ҳамчунин аз муҳоҷирон боисрор дархост мешавад, ки беҳуда дар кӯчаҳо нагарданд ва онҳое, ки ҳанӯз дар ватананд, аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд, зеро вазъ барои мардуми ғайр дар Русия хеле хатарнок шудааст.Як хулосаи умумии ин мардум ин аст, ки бояд ба ватан баргашт, зеро дар шароити кунунӣ чорае дигар ҳам ба ҷуз ин намемонад. Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷик дар Русия бо нашри навори "Бикуш! Бикуш!" ба ҳамаи ҳамватанонаш муроҷиат кардааст, ки “вазъ хатарнок аст. Ба дӯстону бародаронатон бигӯед, ки дигар ба ин кишвар наоянд.“

Дар пасманзари ин навор даъватҳо аз муҳоҷирон ба тарки Русия, бозгашт ба ватан ва гирифтан аз домани ҳукуматҳои худ, ки шароити кору зиндагӣ дар ватанро барояшон фароҳам кунанд, ҳарчӣ баландтару баландтар садо медиҳад. Аҳмад Билол ном корбаре дар Фейсбук менависад, “аз мо дар Русия дигар хушашон намеояд, вақти бозгашт ба ватан расид. Мо захоири кофие дорем, ки худро хӯронем ва таъмин кунем. Бас аст гастарбайтер буданд, бас аст ин таҳама таҳқири мо, бас аст хӯрондани муфтхӯроне, ки дар сари қудрат истодаанд.”

Сафват Бурҳонов

Сафват Бурҳонов

Журналисти тоҷик Сафват Бурҳонов бо муроҷиат ба пайвандони беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Тоҷикистон менависад: “То мафкураи миллат дигар нашавад, сиёсати дурусти давлатӣ низ пайдо намешавад. Умед бастан ба касею чизе аблаҳист. Модар агар ба пули писари гастарбайтер тило хараду падар мошин, вой бар миллат. Ҷо-ҷое хароҷоти аблаҳонаро кам бояд кард ва аз он чи ҳаст- заминҳоро бояд корид. Ғизо бояд парварид. Ватани худро бояд обод кард. Шиками шуморо замини Тоҷикистон имкони сер кардан дорад!”

Ҳабиб Ҳакимов, овозхони гурӯҳи дар гузашта пуровозаи “Фарзин”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба мавзӯъҳои ғайрифарҳангӣ зиёд тавҷаҷӯҳ нишон намедод, низ аз тамошои навори “Белый вагон“ чунон ба риққат омадааст, ки онро дар саҳифаи худ дар Фейсбук нашр карда, баҳси доманадореро дар ин мавзӯъ оғоз кардааст. Ба ақидаи Ҳабиб Ҳакимов, “ин як мояи шармсории Путин ва шармсории Русия дар саросари дунёст. Тамоми дунё дар ин бора сӯҳбат мекунад.”

Парвиз Туробӣ ин ҳамаро “фашизми маъмулӣ”-е хондааст, ки ба бовари ӯ, аз ҷониби мақомоти Русия пуштибонӣ мешавад. Дилшод Алимов бо алам менависад, “Руси кабир дар гузашта монд. Феълан дар Русия фашизми кабир рушд мекунад.”

Дмитрий Евсиков

Дмитрий Евсиков

Дмитрий Евсиков аз гурӯҳи ҳунарии “Барака”, ки ахиран бо хондани таронаҳои бадахшӣ, аз ҷумла сурудҳои Муборакшоҳ Мирзошоеви фақид тамошобинонро дар Тоҷикистон дар ҳайрат гузошт, низ ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шуда, навиштааст, “аз ончӣ ки дар инҷо дидам, шармам меояд... Ин дар воқеъ як даҳшат аст ва ман ҳеҷ гоҳ тасаввур карда наметавонистам, ки рух додани ҳодисае чунин имкон дорад.”

"Бас кунед!"

Аммо вокунишҳо ба ин навор, ки дар миёни мардуми ғайрирус тақрибан бо иттифоқи оро манфӣ аст, дар байни мардуми Русия зиддуқиз будааст. Бархе мегӯянд, мардуми ғайрирус имрӯз “мева”-и бархӯрди ғайрииинсонии худ ба мардуми русзабон дар солҳои аввали суқути Иттиҳоди Шӯравиро мечашанд.

Евгений Акастиолов ном корбаре дар ҳошияи баҳси ин навор дар саҳифаи Рустам Агадамов дар Фейсбук навиштааст, “Фаромӯш кардед, ки чигуна дар солҳои 90-93 занону кӯдакони славянро корвонҳои низомӣ аз Тоҷикистону Қаробоғ ва Абхозистон берун мекашиданд? Вале ман дар ё дорам, худам ширкат доштам. Соли 1997 дар Ишқобод ҳам будам ва дидам, ки муносибат ба мардуми славян дар онҷо чигуна буд.” Вале Акастиолов бо ин вуҷуд гуфтааст, “ончӣ ки дар навор мегузарад, қабул надорам.” Марина Дегтярева навиштааст, “ин мусалмонҳоянд, ки ба сурати селаву гала ҳамла мекунанд, Мо, русҳо дар ватани худамонем. Шумо мардуми омадед!”

Аммо Марина Лужикова гуфтааст, ки ҳарчанд ӯ худ рус аст, вале баъди тамошои ин навор дигар метарсад ба метро фарояд. Роман Алексеев навиштааст, набояд бар пояи ин навор тамоми мардуми Русияро қазоват кард: “Дар Русия мардуми дуруст ҳам ҳанӯз боқӣ мондааст.Ҳукумате ки дузду ғарро ташвиқ мекунад, дер намепояд. Баъди он ҳама чӣ дуруст хоҳад шуд – ҳам маҷрои муҳоҷират, ҳам қоидаҳои вуруд ва кору иқомат дар Русия. Ҳаромзодаҳо аз ҳарду ҷониб – ҳам аз ҳисоби “русҳои асил” ва ҳам дар байни “ғайрирусҳо” худ ба худ гум шуда мераванд. Аммо имрӯз ман ба ҳардутараф – ҳам ба “русҳо” ва ҳам ба “хориҷиҳо” муроҷиат карданиам: Бас кунед!”

Муҳоҷирон дар яке аз боздоштгоҳҳои Маскав

Муҳоҷирон дар яке аз боздоштгоҳҳои Маскав

Шумори муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия аз 10 то 12 миллион нафар баршумурда мешавад. Мақомоти он кишвар ахиран танҳо шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русияро 1,2 миллион нафар баршумурданд. Муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия то 3,6 миллиард доллар ба ватан мефиристанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ва бештар аз ҳаҷми буҷаи солонаи Тоҷикистон буда, аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳоро ҳамин пулҳо мекашанд.

Мавҷи нави таъқиби муҳоҷирон дар Русия, бахусус дар шаҳру вилояти Маскав, дар пайи ошӯбҳои зиддимуҳоҷирон дар минтақаи Бирюлёвои шаҳри Маскав дар оғози моҳи октябр боло шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар пайи ин ошӯбҳо садҳо муҳоҷири тоҷик боздошт ва ба таҳдиди ихроҷ аз қаламрави Русия рӯбарӯ шуда, ҳазорон нафари дигар аз тарси боздошти пулис ё латукӯби гурӯҳҳои қавмгаро аз хона берун намераванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG