Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав мегӯяд, рӯзи 28 октябр дар ҷараёни як амалиёт дар бозори “Садовод”-и шаҳри Маскав ҳудуди 1000 муҳоҷир аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон дастгир шудаанд.

Марат Бугулов, сардори шӯъбаи 6-уми раёсати ҳифзи тартиботи пулиси Маскав гуфтааст, дар ин амалиёти густарда аз нирӯҳои ОМОН, полки фаврии пулиси пойтахти Русия ва ҳатто аз дивизияи 33-юми нирӯҳои дохилаи Русия истифода бурдаанд. Марат Бугулов гуфтааст, муҳоҷирони дастгиршударо дар шӯъбаҳои мухталифи пулиси атрофи бозори “Садовод” ҷобаҷо кардаанд ва ҳоло мақомот эҳтимоли даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо ва ҳам қонунмандии кору иқомати онҳо дар қаламрави Русияро меомӯзанд.

Пулис мегӯяд, дар ҷараёни амалиёт дар бозори “Садовод” мавридҳои фурӯши маҳсулот бо тамғаҳои тиҷории қалбакӣ ва ҳам фурӯши ғайриқонунии машрубот ошкор шудааст. Бино ба гузориши хабаргузории русии ИТАР-ТАСС, Дар қаламрави бозор як мардро бо туфангчаи травматикӣ дастгир карда, чанд калтак(бита) ва силоҳи сард низ кашф ва мусодира кардаанд.

Нирӯҳои пулис, ҳамин тавр, тамоми автобусҳои байнишаҳриро, ки барои хариди умда ба “Садовод” муштарӣ меоранд, тафтиш кардааст. “Садовод” дар қатори бозори “Люблино” баъди тахриби бозорҳои минтақаи Черкизово ва бозори назди варзишгоҳи Лужники аз бузургтарин бозорҳои Маскав ба шумор мерафтанд ва аксари бозорҳо дар манотиқи дигари Русия аз ҳамин ду бозор таъмини мол мешаванд. Пулис мегӯяд, ба дунболи вуруди нирӯҳояш ба қаламрави бозор аксари тоҷирон дӯконҳои худро бошитоб баста, молу амволашонро ба мошинҳои боркаш бор карда, талош кардаанд, фирор кунанд.

Ҳамзамон бо ин амалиёти густарда мақомоти Маскав дар фикри сарнавишти худи бозори “Садовод” шудаанд. Бино ба гузориши ИТАР-ТАСС, Рӯзи 28 октябр куммиссиюни шаҳрсозиву заминсозии пойтахти Русия қарор кардааст, ки ду бозори бузургтарини минтақа - “Птичий ринок” ва “Садовод” ва ҳам истгоҳҳои мошинҳои атрофи ин ду бозор дар километри 14-уми МКАД – шоҳроҳи даврии Маскав бозсозӣ шавад. Консепсияи рушди ин қаламравро масъулони феълии бозори “Садовод”, ки ин қаламрави масоҳаташ қариб109 000 метри мураббаъро барои муддати тӯлоние иҷора гирифтаанд, таҳия кардаанд. Бар асоси ин нақшаи рушд, қарор аст, дар майдони 43 000 метри мураббаъ маркази савдои “Птичий ринок” ва дар 97 000 метри мураббаъи дигар бозори сеқабатаи “Садовод” сохта шавад.

Тафтиши густарда ва, ба таъбири мақомот, аз омилҳои ҷиноӣ пок кардани бозорҳои шаҳри Маскав дар поёни моҳи июл, дар пайи ҷароҳат бардоштани як афсари пулис ҳангоми боздошти нафари гумонбар ба таҷовуз дар бозори “Матвеевский” оғоз ёфт. ИТАР-ТАСС менависад, танҳо дар моҳи август бар асоси тафтиши бозорҳо 105 парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” боз шуда, пулис аз кашф ва мусофидаи 62 000 адад маҳсулоти қалбакӣ ва 75 тонна машруботи сохта хабар дод. Аз аввали сол дар Маскав 60 боздор баста шудааст.

Тафтиши бозорҳо бо каме фурӯкаш кардани қазияи бозори “Матвеевский” низ батадриҷ коҳиш ёфт, вале баъд аз ошӯбҳои зиддимуҳоҷирон дар минтақаи Бирюлёвои Маскав дубора авҷ гирифт.

Як қисмати бузург аз тоҷирон ва ҳаммолон дар бозори “Садовод”-ро муҳоҷирони тоҷик ташкил медиҳанд. Дар авоили моҳи август низ дар як амалиёт дар бозори "Садовод" даҳҳо тоҷик дастгир шуда буд. Вале ҳанӯз дар бораи шумораи дақиқи тоҷикони боздоштшуда дар амалиёти рӯзи 28 октябр дар ин бозор маълумот дастрас нашудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG