Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 3 тоҷик бо ҷурми "обулой"-и пулҳои қалбакӣ дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як додгоҳ дар вилояти Брянски Русия се зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми “обулой” кардани пулҳои қалбакӣ маҳкум ба зидон кард.

Додгоҳи ноҳияи Навляи вилояти Брянски Русия рӯзи 24 январ се зодаи Тоҷикистонро дар вайрон кардани қисми якуми моддаи 186-уми Кодекси ҷиноии Русия (нигоҳ доштан, интиқол бо ҳадафи фурӯш ва фурӯши донистаи билетҳои бонкии Бонки марказии Федеросиюни Русия) муҷрим шинохт.

Шаҳрванди Тоҷикистон Фараҳзод Сулаймонов, соли таваллудаш 1987, бо ҳукми додгоҳ ба 2 солу 2 моҳ, шаҳрванди дигари ин кишвар Аҳлиддин Зиёдуллоев, соли таваллудаш 1989, ва Фирӯз Қурбонов, соли таваллудаш 1992, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додситонии вилояти Брянск мегӯяд, ки Фараҳзод Сулаймонов дар моҳҳои июн-июли соли 2013 дар вилояти Маскав ба сурати ғайриқонунӣ 3 пули қаблакии 5 000-рублӣ ба даст меорад. Ӯ бо ду дӯсташ рӯзи 15 июл ба вилояти Брянск омада, дар мағозаи хӯроквории рустои Салтановкаи ноҳияи Навля бо чунин пули қаблакӣ ҳисобӣ кардааст. Худи ҳамон рӯз онҳо 5 000-рублии дувумро дар толори алоқаи мобили “Связной-Логистика” дар шаҳраки Навля “обулой” мекунанд.

Ходимони ин марказ ба сиҳҳати ин пул шубҳа карда, ба пулис занг задаанд. Сулаймонов, Зиёдуллоев ва Қурбонов аз тарси боздошт фирор карданд, вале баъди ҳафтае яке аз онҳоро корманди пулис дар посгоҳи пулиси роҳ дар ноҳияи Кашираи вилояти Маскав шинохт. Ба дунбол ду шарики дигари ӯ ҳам дастгир шуданд.

Бино ба оморҳо, дар зиндонҳои Русия дар ҳоли ҳозир ҳудуди 5 000 шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, вале қазияи Брянск яке аз нахустин мавридҳои ба зиндон маҳкум шудани зодагони ин кишвар бо ҷурми “обулой” кардани пулҳои ҷаълист. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро то 1,5 миллион нафар ҳисоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG