Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз масҷидҳои Тошканд номи Ислом Каримовро гирифт


Масҷиди "Ислом - Ота"

Масҷиди "Ислом - Ота"

Яке аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Тошканд баъди бозсозӣ шуданаш номи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистонро гирифт. Лола Тиллоева-Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, рӯзи 13-уми сентябр бо нашри баёнияе дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфт, масҷидро ӯ ва ҳамсараш Тимур Тиллоев бозсозӣ карда ва бо машварату ризояти рӯҳониён ба он номи "Ислом – Ота"-ро гузоштанд.

Масҷиди "Ислом – Ота" дар кӯчаи Фарғонаи пойтахти Узбакистон воқеъ буда, соли 2015 куллан сӯхта буд. "Аз Худованд бениҳоят сипосгузорам, ки ба ману ҳамсарам ин имконро дод, то кори савобро ба анҷом расонем ва масҷидро аз нав созем", - навиштааст Лола. Ба қавли ӯ, сохтмони ин масҷид соли гузашта шуруъ шуда, нуҳ моҳ идома кардааст.

Лола Тиллоева-Каримова ҳамроҳи модараш

Лола Тиллоева-Каримова ҳамроҳи модараш

Масоҳати умумии масҷиди "Ислом – Ота" 5400 метри мураббаъро дар бар мегирад, дар ҳоле ки масоҳати сохтмони пешинааш ба 2900 метри мураббаъ баробар буд. Дар дохили масҷид китобхона ва таҳоратхона ҷойгир буда, дар як вақт то 560 нафар метавонанд намоз гузоранд.

Лола Тиллоева-Каримова эҳёи масҷиди "Ислом – Ота"-ро, ки ба гуфтаи ӯ яке аз куҳантарин масҷидҳои Тошканд аст ва таърихи сесадсола дорад, "ҳодисаи таърихӣ" номидааст. Ӯ гуфтааст, ки умед дорад дар оянда ин масҷид барои пайравони дини ислом хидмат хоҳад кард. "Мо дар оғози сохтмони ин масҷид пешбинӣ намекардем, ки ин ибодатгоҳ номи падари маро мегирад", - хулоса кардааст ӯ.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, шоми 2-юми сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт. Ӯ аз соли 1989 раҳбари Узбакистон буд ва дар ин муддат, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, исломгароҳо ва мухолифони сиёсии ӯ саркӯб шуда, аз шиканҷа фаровон истифода шудааст.

Ислом Каримов 30-юми январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, ибтидо Донишкадаи политехникии Осиёи Марказиро дар шаҳри Тошканд бо ихтисоси инженер-механик ва сипас Донишкадаи хоҷагии халқи Тошкандро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст. Аммо ӯ хеле зуд ба кори ҳизбӣ гузашт ва ба қавли тарафдоронаш, ҳама зинаҳои мансабро қадам ба қадам тай кард.​

Акси Ислом Каримов

Акси Ислом Каримов

Соли 1983 Каримов вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд. Дар тобистони соли 1989 ба курсии котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Узбакистон нишаст ва моҳи марти соли 1990 аз сӯи вакилони Шӯрои олӣ президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Баъдан, дар соли 1991, Ислом Каримов дар нахустин интихоботи президентии Узбакистон иштирок карда, бо касби 86 дарсади овозҳо ғолиб омад. Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт.

Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Муҳлати охирини раёсати ҷумҳури ӯ бояд соли 2021 ба поён мерасид. Ҳоло раҳбарии Узбакистонро муваққатан нахуствазири собиқ Шавкат Мирзиёев бар уҳда дорад. Қарор аст, 4-уми декабри имсол дар Узбкистон интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG