Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Узбакистон ба ягон эътилофи низомӣ шомил намешавад"


Раҳбари муваққати Узбакистон Шавкат Мирзиёев эҳтимоли шомил шудани кишварашро ба эътилофҳои низомӣ рад кард ва бо ин аломат дод, ки дар ин замаина сиёсати Ислом Каримовро идома медиҳад. Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар як изҳорот суханони Мирзиёвро дар ҷаласаи ҳарду палатаи порлумони ин кишвар иқтибос кардаст.

"Мавқеи мустаҳками кишвари мо, чун пештара, дар шомил набудан ба эътилофҳои низомиву сиёсӣ аст ва ҳамчунин ба иҷозат надодан ба пойгоҳҳои низомии кишварҳои дигар дар қаламрави Узбакистон", - гуфтааст Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 8-уми сентябр. Вай афзудааст, "ҳеҷ кас бояд шубҳа надошта бошад, ки ҳамагуна кӯшиши нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои латма задан ба мустақилияти кишвар шадидан саркӯб хоҳад шуд."

Рӯзи гузашта порлумони Узбакистон Шавкат Мирзиёевро раҳбари муваққати Узбакистон интихоб кард ва бо ин таҳаввулоти минбаъдаро бо номзади мавриди алоқа, ки баъди се моҳ эҳтимол барои панҷ сол раҳбари кишвар интихоб мешавад, рӯшантар намуд. Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбакистон, ки беш аз ду даҳсола дар сари қудрат буд, авоили сентябр аз хунравии мағзӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG