Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темури Ланг ва Исмоили Сомонӣ - ба ҷои Ленин ва Коммунизм


Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе

Евгений Ихелзон, сайёҳи касбӣ аз Украина, ки таассуроташ аз сафари кишварҳои дунёро дар як блоги вижа барои сомонаи сайёҳии “I love Asia” (“Ман Осиёро дӯст медорам”) мегӯяд, вақте, баъди 23 сол дубора ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кард, ба як дунёи комилан дигар ва нисбат ба соли 1993 барояш ноошно дучор шуд.

Евгений Ихелзон, ки рӯзи 9 август бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз Ҳонгконг сӯҳбат мекард, гуфт, тағйирот бахусус дар Узбакистон хеле эҳсосшаванда аст: "Як эҳсосе буд, ки дар инҷо пурра декоммунизатсия шудааст. Номи тамоми кӯчаву ноҳияву шаҳрҳоро иваз кардаанд. Ягон ёде на аз комсомол мондааст, на аз коммунизму аз коммунистон, на аз Ленин, на аз Фрунзе. Ягон ҳайкале аз даврони Шӯравӣ боқӣ намондааст. Ҷои онҳоро ҳайкалҳои Темури Ланг гирифтааст.”

Бино ба мушоҳидаи Евгений Ихелзон, мардум дар Осиёи Марказӣ назар ба даврони бӯҳронии ибтидои солҳои 90 хеле бойтар шудаанд, вале эҳсоси ин ки бесуботӣ ва хатари терроризм метавонад зиндагии осудаи онҳоро хароб кунад, онҳоро тарк намекунад.

Евгений Ихелзон
Евгений Ихелзон

Евгений Ихелзон мегӯяд, ҳини сафари Осиёи Марказӣ риш дошт ва бисёриҳо маънидорона мегуфтанд, ки ту аз Украинаӣ, вагарна кайҳо ришатро маҷбуран метарошиданд: “Дар ҳақиқат, чунин аст. Агар шумо ҳоло ба Узбакистон сафар кунед, одами ришдорро тақрибан намебинед. Танҳо мардони солхӯрда риш мегузоранд, чунки онҳоро ғам намедиҳанд. Ҷавонон ҳама ришашонро мегиранд. Расман риш манъ нашудааст, вале зоҳиран масъалаи риш ҳам як бахши сиёсати давлатҳо шудааст. Айни вазъият дар Тоҷикистон аст. Дар Қирғизистон низ мардуми ришдор ҳоло мушкил пайдо кардаанд. Чунки мақомот ришро аломати гароиши соҳибаш ба ифротгароии исломӣ ё аломати таваҷҷӯҳ ба равишҳои нави мазҳабие мебинанд, ки аз Арабистони Саудӣ ва Афғонистон ба Осиёи Марказӣ меоянд.”

Темури Ланг ва Исмоили Сомонӣ - ба ҷои Ленин ва Коммунизм
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00
Линки мустақим

Сайёҳи украинӣ меафзояд, ҳарчанд декоммунизатсия дар ин минтақа танҳо як навъ ислоҳи зоҳир шуд ва табиати низомҳои ҳокимро зиёд дигар накард,мардум ба ҷои парастиши шахсиятҳо ва арзишҳои коммунистии барояшон бегона чеҳраҳои таърихии барои онҳо ошноро пазируфт: “Ба назар мерасад, ки мардум парастиши ин чеҳраҳоро хубтар қабул мекунад, чунки назар ба Ленину Марксу Энгелс ё Дзержинский, ин чеҳраҳои миллӣ – барои мисол, ҳамон Темури Ланг барои узбакҳо, ё Исмоили Сомонӣ барои тоҷикҳо наздиктаранд.”

Дар даврони Шӯравӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар амри таблиғи арзишҳои коммунистӣ ҳатто дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари ин паҳно пештоз буданд. Дар саҳни ҳар мактаб, дар маркази ҳар шаҳру ноҳия ва дар назди тақрибан ҳар идораи давлатӣ ҳатман як ҳайкали Ленин буд, кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ҳатман номи ин асосгузори давлати Шӯравиро доштанд, номи кӯчаҳои марказӣ, колхозҳо ва ҳатто шаҳру ноҳияҳоро ба номи Владимир Ленин, Феликс Дзержинский, Михаил Калинин, Михаил Фрунзе, Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва дигар чеҳраҳои калидии сохти Шӯравӣ ва таълимоти коммунистӣ мегузоштанд.

Барои мисол, танҳо дар ноҳияи Ҳисор номи дастикам се колхозу совхоз (колхози ба номи Ленин, Ленинизм, Роҳи Ленин) ба исми асосгузори давлати Шӯравӣ буд. Колхозҳои боқимонда номи Маркс, Калинин, Ленинград, Москва, Жданов ва “Съезди 22-юми КПСС”-ро доштанд.
Раванди табдили номҳои идеологии “бегона” дар Тоҷикистон аз поёни солҳои 80, вақте ҳанӯз Шӯравӣ побарҷо буд, оғоз ёфт.

Ин раванд дар солҳои 90, дар пайи суқути Шӯравӣ, вусъат гирифт, вале ҷараёнаш бахусус дар солҳои аввал барои Тоҷикистон чандон бедард набуд. Дар тирамоҳи соли 1991, вақте ҳайкали Ленинро аз маркази Душанбе бардоштанд, тарафдорони ҳизби коммунист ба майдон рехтанд ва таҳти фишори онҳо раиси Шӯрои олӣ ва кафили раёсати ҷумҳурӣ Қадриддин Аслонов истеъфо дод. Ин ҳодиса ба мавҷи гирдиҳамоиҳои давомдор дар Душанбе оғоз гузошт ва бовар меравад, ки ҳаракати Тоҷикистон ба сӯи ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992 -1997 низ аз ҳамон гирдиҳамоии аввал ва кандани ҳайкали Ленин дар моҳи сентябри соли 1991 шурӯъ шуд.

Ҷои Ленинро кӣ гирифт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Аммо дар солҳои баъд, ки барчидани ҳайкалҳои Ленин ва табдили номҳои коммунистӣ аз исми маҳалҳо идома дошт, коммунистони тоҷик дигар чунин эътирози сахт накарданд.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, раиси кунунии ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 9 август ба Озодӣ гуфт, ҳизби онҳо пайрави таълимоти марксизм-ленинизм боқӣ мемонад, вале манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои ҳизбӣ боло мегузорад. Исмоил Талбаков афзуд, гузаштан ба номгузории миллиро низ онҳо “декоммунизатсия” намешуморанд, балки мӯътақиданд, ки то ҳол дар Тоҷикистон ба арзишҳову осори замони Шӯравӣ ба сурати муносиб арҷ мегузоранд: “Дар саросари кишвар то ҳол 63 ҳайкалу нимпайкараҳои замони Шӯравӣ, аз ҷумла аз Ленин, Сталин, Маркс ва Энгелсро нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла ҳайкали 45-метрии доҳии пролетариат то ҳол дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарёи Сир қомат афрохтааст. Ҳайкалҳои Ленин дар Бадахшон ҳам ҳаст, дар Хатлон ҳам. Мо эҳсос намекунем, ки касе ҳадафмандона ба арзишҳои замони Шӯравӣ дар инҷо қасд кунад. Баракс ҳама медонанд, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ маҳз дар даврони Шӯравӣ шакл гирифт.”

Абдураҳим Зулфониён, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, салоҳияти табдили номи кӯчаву майдону шаҳру ноҳияҳо ва дигар номҳои ҷуғрофӣ дар салоҳиятҳои мақомоти маҳаллист, ки баъдан бо пешниҳоди ҳукумат бояд аз сӯи Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон тасвиб шавад. Аммо ба сурати умум, меафзояд оқои Зулфониён, “мо ки давлати соҳибистиқлол ҳастем, мо бояд дар ин масъалаҳо ҳуввияти миллӣ ва ифтихори миллиамонро дар мадди аввал гузорем. Номгузории миллӣ дар амри боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим бозӣ мекунад.”

Дар охирин мавҷи тағйири номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон шаҳри Чкалов дар ибтидои соли ҷорӣ ба Гулистон табдили ном кард. Дар моҳи марти соли 2016 барои бори аввал як русторо дар Бадахшон ҳатто ба номи раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонобод ном карданд.
Аммо нозирони умур мегӯянд, раванди табдили номҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон як навъ ба ифрот ҳам рафтааст ва аксари маконҳое, ки номи Ленинро доштанд, номи Исмоили Сомониро гирифтанд. Ҳоло як хиёбони марказии Душанбе, маркази ноҳияи Рӯдакӣ (Ленини собиқ), як ноҳияи шаҳри Душанбе, қуллаи собиқи Коммунизм ва даҳҳо кӯчаву шаҳрак дар ин кишвар номи ин асосгузори сулолаи Сомониёнро гирифтаанд ва тақрибан дар ҳар шаҳру ноҳия ба ҷои ҳайкалҳои Ленин муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ қомат афрохтаанд.

Исми дигаре, ки дар номгузории муосир дар Тоҷикистон хеле зиёд истифода мешавад, Истиқлол аст, ки аз тими футболи Душанбе то нақби ағбаи Анзоб ва шаҳри Табошари собиқ дар вилояти Суғд ва ҳамин тавр, даҳҳо кӯчаву майдон ҳоло номи Истиқлолро доранд.

XS
SM
MD
LG