Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди матлаби Озодӣ: “Ал-Ҷазир” “Бону” шуду “Amnesia” – “Night Club”


Дискоклуби "Amnesia" баъд аз нашри матлаби "Озодӣ"

Дискоклуби "Amnesia" баъд аз нашри матлаби "Озодӣ"

Баъд аз нашри як матлаби "Озодӣ" дар бораи номҳои бегонаву аҷоиби фурӯшгоҳ ва ошхонаҳои Хуҷанд, бархе соҳибони ин коргоҳҳо номҳои пешинаро иваз карда, бархе дар ҷустуҷӯи номи беҳтаранд. ​

Ҳамакнун ошхонаи “Ал-Ҷазир” номи “Бону”-ро гирифта, аз навиштаи мағозаи “Аъдия” – танҳо “Либосҳои мардона“ ва аз номи толори шабонаи “Amnesia” – “Night Club” боқӣ мондааст.

Вақте ба ошхонаи “Бону” дар назди бозори “Панҷшанбе” дохил шудам, дидам, ки он ҷо воқеан ду бону ба омода кардани лағмон машғул буданд. Онҳо дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфтанд, ки соҳиби пештараи ошхона ба Русия рафтаву ошхонаро дар ихтиёри онҳо гузоштааст.
Ошхонаи “Ал-Ҷазир” баъд аз нашри матлаби "Озодӣ" "Бону" шуд

Ошхонаи “Ал-Ҷазир” баъд аз нашри матлаби "Озодӣ" "Бону" шуд

“Номи пештара ба мо маъқул нашуд. Ҳар бор мизоҷон аз мо маъниашро мепурсиданд, намедонистем чӣ гӯем. Акнун номи ба худамон дилхоҳ гузоштем – “Бону” – афзуданд онҳо. Аз омадани мизоҷон маълум буд, ивази номи ошхона ба шӯҳрати пештараи он байни тоҷирони бозори “Панҷшанбе” таъсири манфие нагузоштааст.

“Amnesia” яке аз 5 диско ё найтклуби шаҳри Хуҷанд аст, ки бо толори чароғону рангаи худ фарқ мекард. Вале ахиран номи ин маркази дилхуширо барканданд ва чанд рӯз аст фаъол нест.

Як ходими он дар посух ба суоли “Озодӣ”, ки чаро чунин кардаанд?, кӯтоҳ гуфт, ҳоло машғули нав кардани барномаҳову унвони ин марказ ҳастанд ва гӯширо гузошт. Вале як манбаи наздик ба ин маркази дилхушӣ гуфт, ки аз номи пештара бо пешниҳоди як гурӯҳи санҷишии ному унвонҳои корхонаву муассисаҳо аз мақомот, даст кашидаанд.
Клуби шабонаи “Amnesia” қабл аз нашри "Озодӣ".

Клуби шабонаи “Amnesia” қабл аз нашри "Озодӣ".

Ҷамолиддин Икромиддинов, сардори шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд роҳандозии чунин як санҷишро баъди нашри матлаби “Озодӣ” тасдиқ кард ва афзуд: “Баъди нашри он мақола ва санҷиши мо номи бисёр марказҳову мағозаву муассисаҳо, мисли “Ҷазир” – у “Opera”, “Amnesia”, “AVETS” – у “CMC” ислоҳ шуд. Аммо бархе номҳои номувофиқу бегона ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Қонун танҳо ба намояндагии ширкатҳову муассисаҳо иҷозаи номи аслии худро ба таври “логотип” гирифтан, медиҳад.”

Ҷаноби Икромиддинов афзуд, санҷиши номҳо идома хоҳад дошт, вале ба гуфтаи вай, ин шӯъба ҳаққи водор кардани соҳибон ба ивази номи коргоҳҳояшон ё ҷаримабандии онҳоро надорад. Онҳо барои ивази номи беҳтар танҷо маслиҳат медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, санҷиш ошкор сохтааст, номи бархе тиҷоратгоҳу марказҳову муассисаҳо дар санадҳои расмӣ ва даромадгоҳи бинову иншооти онҳо гуногун навишта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG