Пайвандҳои дастрасӣ

“Freedom House” мегӯяд, сатҳи озодии баён дар Интернет 5 сол боз ба таври пайваста поён меравад.

Созмони “Хонаи Озодӣ” ё “Freedom House” дар гузориши наваш таҳти унвони “Freedom on The Net 2015” (“Озодӣ дар Интернет 2015”) менависад, инак 5 сол боз ба таври мутассил сатҳи озодии Интернет дар ҷаҳон поён меравад ва шумори ҳарчӣ бештари давлатҳо иттилооти мавриди таваҷҷӯҳи мардумро дар ин шабака таҳти сонсур қарор медиҳанд. Бино ба ин гузориш, ки рӯзи 28 октябр нашр шуд, мақомоти давлатӣ ҳамчунин назорат бар Интернет ва дахолат бар ҳарими хусусии корбаронро афзоиш медиҳанд.

Саня Келли, раҳбари ин таҳқиқоти “Freedom House” мегӯяд, “давлатҳо дар ивази филтру масдуд кардан ба таври афзоянда болои афрод ва ҳарими хусусӣ бо талаби ҳазфи матолиби барояшон нохоҳам фишор меоранд." Ба гуфтаи ӯ, "онҳо (мақомот) медонанд, ки корбарони миёна аз нигоҳи фанноварӣ хубтар эмин шудаанд ва дар бисёр мавридҳо метавонанд сомонаҳои аз сӯи давлат масдудшударо боз кунанд."

Дар айни замон, василаҳои барои таъмини озодии баён муҳим мавриди маҳдудиятҳо қарор мегиранд. Келли аз ҷумла мегӯяд, "поймол шудани шифрҳои интернетӣ ва махфӣ нигоҳ доштани номҳо Интернетро заифтар мекунад, бахусус барои фаъолони ҳуқуқи башар ва журналистони мустақил."

Ба ақидаи раҳбари таҳқиқоти “Freedom on The Net 2015”, васоили ҳифзи ҳарими хусусӣ ментавонад корбарони Интернетро аз табъизҳое, ки мо санад кардаем, ҳимоят кунад.”

Созмони “Freedom House”, ки вазъи ниҳодҳои демократӣ, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дунёро назорат мекунад, дар ин гузориш мегӯяд, беш аз 61 дарсад корбарони Интернет дар кишварҳое ба сар мебаранд, ки интиқоди ҳукумат, низомиҳо ваё хонаводаи ҳоким дар Интернетро таҳти сонсур гузоштаанд. 58 дарсади корбарони Интернет, бино ба ин таҳқиқот, аҳли кишварҳоеянд, ки блогнаваисон ваё корбарони фанновариҳои иттилоотиву мухобиротӣ барои нашри матолиби сиёсӣ, иҷтимоӣ ваё мазҳабӣ ҳатто маҳкум ба зиндон шудаанд.

Муаллифон менависанд, аксари матолиби таҳти сонсур дар Интернет марбут ба танқиди мақомот аст. Хабарҳо дар бораи низоъҳо, ба фасод айбдор шудани афроди аршади давлатӣ ва тиҷорӣ, сомонаҳои мухолифин ва м атолиби танзомез низ дар тақрибан 70 дарсади кишварҳои дар ин гузориш пӯшишёфта мавриди сонсур қарор доштаанд.

Гузориш дар маҷмӯъ 65 кишварро фаро мегирад ва бино ба ин гузориш, дар як соли охир мақомоти 42 кишвар аз ин шумор аз корбарон ваё ширкатҳои хусусӣ аз Интернет бардоштани матолиби марбут ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ваё мазҳабиро талаб кардаанд. Як сол қабл шумори чунин кишварҳо 37 будааст.

Ҳамин тавр, мақомоти 40 кишвар афродро барои нашри маълумоти марбут ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ваё мазҳабӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо зиндонӣ кардаанд. Як сол қабл шумори чунин кишварҳо 38 гуфта мешуд. Ҳукуматҳои 14 кишвар аз моҳи июни соли 2014 ба ин сӯ қонунҳои наверо бо ҳадафи афзоиши назорати матолиби Интернет ба иҷро дароварданд ва шумори боз ҳам бештари кишварҳо васоили фаннӣ барои назорати Интернетро тақвият доданд.

Ҳам ҳукуматҳои демократӣ ва ҳам режимҳои худкома(авторитарӣ) мубориза бо терроризмро баҳонаи эҷоди чунин маҳдудиятҳо дар роҳи озодии Интернет қарор додаанд ва бисёр ҳукуматҳо талош мекунанд, қонунҳоеро, ки ҳимояти ҳарими хусусиро замонат медиҳад, маҳдуд ваё ҳатто лағв кунанд.

Бино ба ин гузориш, дар саркӯби озодии Интернет ҳукумати Чин пештоз буда, баъди он Сурия ва Эрон қарор гирифтаанд. Аз моҳи июни соли 2014 ба ин тараф, вазъи озодии Интернет дар 32 кишвар аз ин 65 кишвари таҳти пӯшиши ин гузориш бадтар шудааст. Пасрафти қобили мулоҳизаи озодии интернет дар Либия, Фаронса ва инак ду сол боз дар Украина, ки бо Русия вориди низоъ шудааст, мушоҳида мешавад.

Дар гузориши “Freedom House” вазъи озодии Интернет дар Тоҷикистон пӯшиш наёфтааст, вале аз кишварҳои ҳамсояе, ки дар ин таҳқиқот пӯшиш ёфтаанд, Интернет дар Қирғизистон қисман озод ва дар Узбакистон ноозод баҳо гирифтааст. Аз миёни кишварҳои СНГ танҳо Арманистон ва Гурҷистон дар ин арзёбӣ баҳои озод гирифта, муҳаққиқони “Freedom House” вазъи озодии Интернет дар Озарбойҷону Украинаро қисман озод ва дар Беларусу Қазоқистон ва Русия ноозод баҳогузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG