Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе - Тошканд. Парвоз баъди 25 сол аз сар гирифта мешавад


Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли имзои "протокол"

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли имзои "протокол"

Парвозҳо миёни Тошканду Душанбе, ки тайи тақрибан 25 соли охир қатъ шуда буд, аз моҳи январи соли 2017 оғоз меёбад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора рӯзи 30 ноябр миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Вай афзуд, парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва аз тарафи Узбакистон "Узбекистон ҳаво Йуллари" ба роҳ монда, дар як ҳафта ду бор парвоз анҷом мешавад. "Имрӯз ба ин тавофуқ расидем ва то моҳи январ бояд тамоми омодагиҳоро бинем", - афзуд ӯ.

Парвозҳо миёни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд.

Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, низ гуфт, "дар навбати аввал тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Узбакистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Ин ба соҳаи авиатсияи ду ҷониб такони тоза мебахшад." Мақомот афзуданд, дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда хоҳад шуд, "зеро ин нукта дар протокол дарҷ шудааст".

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ҳайати Узбакистон рӯзи чоршанбе аз фурудгоҳ ва терминали байналмилалӣ дидан карда, "барои ҳамкорӣ дар гуселу қабули мусофирон бо фурудгоҳ тавофуқ намуданд".

Гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Узбакистон барои азсаргирӣ ё барқарории парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар дар Душанбе сурат гирифт. Шералӣ Ганҷалзода – вазири нақлиёти Тоҷикистон – гуфт, онҳо фақат масъалаи иртиботи ҳавоӣ ва танҳо парвоз аз Душанбе то Тошкандро баррасӣ карданд.

Вазир: Рӯҳияи ду тараф хуб аст

Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода

Вазири нақлиёт мегӯяд, баъд аз имзои протокол ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон вазифадор шудаанд, ки созишномаҳои байниҳукуматиро дар ин бора тасвиб кунанд. "Он вақт дар созишнома масъалаи парвозҳо миёни на танҳо Тошканду Душанбе, балки шаҳру минтақаҳои дигар ҳам таъкид мешавад. Созишнома каме васеътар аст ва моҳҳои наздик омода мешавад. Аммо дар "протокол" ҳамаи инро ғунҷонда намешавад",- таъкид кард ӯ.

Ҳавопаймоҳои Узбакистон дар 22 соли гузашта барои овардани мақомҳои боломақоми ин кишвар ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе нишастаанд. Дар акс: Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, моҳи сентябри соли 2014, Душанбе.

Ҳавопаймоҳои Узбакистон дар 22 соли гузашта барои овардани мақомҳои боломақоми ин кишвар ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе нишастаанд. Дар акс: Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, моҳи сентябри соли 2014, Душанбе.

Шералӣ Ганҷалзода гуфт, рӯҳияи ду тараф дар ҳоли ҳозир хуб аст. Аз ин пеш, Валерий Тян - раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон - ба расонаҳо гуфта буд, ки парвозҳо миёни Тошканду Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд. Вай афзуд, тибқи барномарезиҳои суратгирифта, парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йуллари" ҷой дода мешаванд.

Ях баъди 25 сол об мешавад?

Ин масъули ширкати миллии ҳавоии Узбакистон ҳамзамон гуфта буд, кишвараш имкониятҳои лозимро дорад, то ин парвозҳо аз ин ҳам зудтар роҳандозӣ кунад.

Валерий Тян

Валерий Тян

Парвозҳо миёни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё, марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.

Баъди даргузашти президенти собиқи Узбакистон Ислом Каримов, раҳбарияти нави ин кишвар изҳори омодагӣ кард, ки робитаҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Тоҷикистонро беҳбуд бахшад. Ва нахустин мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи таъину аломатгузории марзи давлатӣ баъди тақрибан се моҳи марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар Тошканд баргузор шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG