Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ё Узбакистон? Оши палав дар тарозуи ЮНЕСКО. ВИДЕО


ЮНЕСКО, идораи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ҳафтаи оянда масъалаи ворид кардани оши палав ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддиро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Тоҷикистону Узбакистон ин ғизоро ҳамчун номзади феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ пешниҳод карда, вале ҳар кадом талош доранд, ки оши палав ба номашон навишта шавад.

Белгия таҳияи оби ҷав, Фаронса карнавал дар Гранвил, Ҳиндустон йога, Қазоқистону Қирғизистон, Эрону Озарбойҷон ва Туркия лавашро мехоҳанд, дар ЮНЕСКО номнавис кунанд.

Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо соли гузашта дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст. Ба фарқ аз Душанбе Тошканд оши палавро нафақат ҳамчун ғизои миллии мардуми узбак, балки ба ҳайси "падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ" ба ин рӯйхат фиристодааст.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Суғд соҳиби "ошхӯри беҳтарин" шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Аммо дар масъалаи ҷашни Наврӯз, ки довталаби дигари шомил шудан ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддист, Тоҷикистону Узбакистон ҳамфикрӣ нишон доданд. Бо шумули ин ду кишвар, дар маҷмӯъ, 12 давлат хостори шинохти Наврӯз ба унвони мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО шудаанд.

Бежани Рӯҳонӣ, фарҳангшиноси эронӣ, 19 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, идораи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид имкони хуберо барои ба ҳам омадани кишварҳои дорои фарҳанги муштарак фароҳам овардааст. Ба қавли Рӯҳонӣ, теъдоде аз кишварҳои ҳамҷавор як решаи фарҳангӣ доранд ва марзҳо наметавонанд ҷудокунандаи ин фарҳанг бошанд.

“Ҳадафи аслии конвенсияи ЮНЕСКО ҳифозати мероси фарҳангии кишварҳост. Дар сурате ки агар ду ва ё чанд кишвар, фарзи мисол, ғизои муштарак дошта бошанд, беҳтар аст, ки якҷоя барои ҳифзи он иқдом кунанд. Дар ин маврид таваҷҷӯҳи ҷомеа ҳам метавонад, нисбат ба ин падида зиёдтар бошад”, - таъкид кард ӯ.

Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи фарҳанги ғайримоддӣ дар соли 2003 қабул шудааст ва то кунун 171 кишвар узви он мебошанд. Кумитаи байниҳукуматӣ ҳар сол барои ворид кардани намунаҳои фарҳангӣ аз кишварҳои гуногун ба феҳрист дархостҳоро қабул мекунад. То кунун бештар аз 300 номгӯи мероси фарҳангҳои ғайримоддӣ аз кишварҳои мухталиф ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Саразм
Саразм

Имсол барои баррасӣ ба Кумитаи байниҳукуматии ин созмон, ки аз 24 намояндаи кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО иборат аст, 37 дархост ворид гардидааст. Аз ҷумла, Белгия таҳияи оби ҷав, Фаронса карнавал дар Гранвил, Туркия чинисозӣ, Ҳиндустон йога, Қазоқистону Қирғизистон, Эрону Озарбойҷон ва Туркия аз ҷумла лавашро мехоҳанд дар ЮНЕСКО номнавис кунанд.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон танҳо шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Парки миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) шомил шудаанд. Душанбе ҳоло санадҳо дар бораи ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил кардани мусиқии “Фалак”-ро омода мекунад.

XS
SM
MD
LG