Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар додани посух дар мавриди узвияташ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъхир мекунад, гурӯҳе аз коршиносони кишварҳои узви ин созмони зери назари Русия талош доранд Душанберо дар дурустии пазириши шартҳои ин созмон мутақоид кунанд.

Коршиносони иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё талош доранд мақомоти Тоҷикистонро барои узвияти кишвар дар ин ташаккули сиёсиву иқтисодӣ мутақоид созанд. Вале дар нишасте, ки рӯзи 22 ноябр дар Душанбе ҷараён гирифт, нафаре ҳам аз мақомоти тоҷик ҳузур надоштанд ва сӯҳбатҳо дар мавзӯи зарару фоидаи ин созмон дар ҳузури коршиносони тоҷику кишварҳои узви ин созмон ва сафирҳои кишварҳои минтақа садо дод.

Созмоне, ки аз оғози соли 2015 ба кор шурӯъ карда ба узвияташ то кунун дар баробари Русия – Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил шудаанд, ҳаракати озоди молу тиҷорат, пул ва нирӯи кориро дар қаламрави ин кишварҳоро дар назар мегирад. Русия ду соли охир пофишорӣ дорад, ки Тоҷикистон ҳам ба ин созмон шомил шавад, вале мақомоти ин кишвар бо ваъдаи он, ки ин мавзӯъ ҳамаҷониба омӯхта мешавад, ҳанӯз изҳори омодагӣ накардаанд, ки вориди ин созмон шаванд.

Коршиносони қирғизе, ки дар Душанбе аз фоидаи ин созмон мегуфтанд, ба ин боваранд, ки манфиати ворид шудан ба ин созмон ба як кишвари содиркунандаи нирӯи корӣ манфиати зиёд дорад. Иқтисодшинос Ҷумъақодир Акенеев гуфт, баъди пайвастани Қирғизистон ба ин иттиҳод, шумори муҳоҷирони қирғиз дар Русия ба таври назаррас афзоиш ёфта, интиқоли маблағи муҳоҷирон ба иқтисод низ афзоиш ёфт.

Вай инчунин гуфт, ки солҳои пеш Қирғизистон ба як бозори бузурги маҳсулоти чинӣ табдил шуда буд ва баъд аз пайвастани кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ин раванд коҳиш ёфт ва бо истифода аз сармоягузориҳои кишварҳои узви ин созмон саноати истеҳсоли маҳсулот дар дохили Қирғизистон афзоиш ёфт ва ҳоло тоҷирони қирғиз бештар ба фурӯши маҳсулоти ватанӣ машғул ҳастанд.

Сооронбай Ҷеенбеков.

Сооронбай Ҷеенбеков.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳафтаи пеш сарвазири Қирғизистон дар Маскав, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Маскав аз шароити фаъолияти ин созмон интиқод кард ва гуфт, ки бо вуҷуди гузашти якуним сол аз узвияти кишвараш дар Иттиҳоди АвруОсиё, ҳамсояи наздикаш Қазоқистон дар интиқоли меваву сабзаҷот монеа эҷод карда, ҳамоно назорати байториро нисбати молҳои ин кишвар дар марзаш ҳифз кардааст.

Нахуствазири Қирғизистон аз ҷумла гуфта буд, ки танҳо дар чанд моҳи охири 500 тонна меваву сабзавоти Қирғизистон аз марзи Қазоқистон баргардонида шуда, дар 330 тоннаи он гӯё бактерияҳои хатарнок ошкор шудааст. Мушкиле мисли ин, ба гуфтаи ӯ, дар бархе сарҳадҳои Русия ҳам ошкор шудааст.

Нахуствазири Қирғизистон гуфт, агар соли аввали узвияти кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Қазоқистон ба маблағи 6,5 миллион доллар меваву сабзаҷот ворид шуда бошад, имсол танҳо ба маблағи 27,3 ҳазор доллар мева ворид кардаанд. Ҷеенбоев гуфт, ки чунин шароити кор узвияти кишварашро дар ин созмон зери суол мебарад.

Дар Тоҷикистон тарафдорони узвияти ин кишвар дар иттиҳоди иқтисодие бо Русияву ҳамсояҳои дигараш кам нест. Тарафдорони ин созмон, мисли Раҳмон Ӯлмасов, устоди Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия мӯътақиданд, ки ин созмон шароити буду бош ва кори муҳоҷирони тоҷикро пеш аз ҳама дар Русия осон мекунад. Онҳо аз зарурати харидани патенти ҳармоҳа, мӯҳлати маҳдуди будубош ва маҳдудиятҳои дигар озод мешаванд:

Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, ҳоло рӯшан аст, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мисли муҳоҷирони қирғиз баробарҳуқ шуда, метавонанд дар рушди Тоҷикистон саҳми бештаре дошта бошанд: "Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар нисбати кишварҳои дигари минтақа ба монанди Узбакистон барои пайвастан ба ин созмон бештар омода аст."

Шокирҷон Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов.

Вале мунтақидон мегӯянд, ки дар баробари манфиати узвият, зиёни он ҳам кам нест. Аз ҷумла, Тоҷикистон бояд маҳсулоти воридшаванда аз кишварҳои узви ин созмонро аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кунад. Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз кишварҳои ғарбӣ ва Чин сабаб шудааст, ки то ҳол давлати Тоҷикистон дар ин замина тасмими ниҳоии худро эълон намекунад. Аз сӯйи дигар, вай мӯътақид аст, ки ҳарос аз ифшои ҷузъиёти тиҷорат дар Тоҷикистон, ки маъмулан аз сӯйи як гурӯҳ назорат мешавад, имкон намедиҳад, ки давлати кишвар вориди ин созмон шавад.

Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, "Тоҷикистон вобастаи тарҳи CASA-1000 ва сармояҳои Чин аст. Ин кишварҳо чандон ба пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод алоқаманд нестанд. Аз сӯи дигар, агар Тоҷикистон ба ин иттиҳод пайвандад, пас тамоми ҷузъиёти тиҷорати бузурги ин кишвар, ки дар дасти як гурӯҳ аст, ифшо мешавад. Ин омилҳо сабаб шудаанд, ки мақомоти тоҷик барои пайвастан ба ин созмон шитоб намекунад."

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик.

Коршиносони дигар мегӯянд, узвият дар ин созмон боз ҷанбаҳо ё паёмадҳои сиёсӣ ҳам дорад, ки вобастагии Тоҷикистон аз Русия ва ҳамшарикони дигараш бештар мекунад. Бо назардошти бурузи мушкил ва ё истифодаи фишангҳои иқтисодӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ дар гузашта, назири фишор болои муҳоҷирон бар сари моҷарои халабонҳои ширкати "Ролкан", Душанбе сари узвият дар ҳама гуна созмонҳои муштарак бо Маскав амиқтар андеша мекунад.

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил дар як сӯҳбаташ дар ин замина бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз сӯи дигар, солҳои охир Чин, ҳамсояи ғарбии Тоҷикистон як шарик ва сармоягузори муҳими иқтисодиаш шудааст, ки то 90 дарсади маҳсулоти саноатии бозори Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ваъдаи Пекин ба сармоягузории 6 миллиард доллари дигар ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2018, Душанберо, ҳади аққал дар ояндаи наздик барои худдорӣ аз пойбандшавӣ ба созмонҳои иқтисодӣ бо дигарон, водор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG