Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб-Каъба-Кӯлоб. Ҳоҷиёни пиёда ба Ватан бозгаштанд


Абдулазиз Раҷабов ва Абдураҳим Ҳабибов, ки пойи пиёда ба зиёрати Хонаи Худо рафта буданд, тавассути ҳавопаймо ба Ватан омаданд.

Ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ 8 нафар аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба нияти зиёрати Хонаи Худои пои пиёда ба роҳ баромаданд. Аз ин миён 6 нафари онҳо аз пиёда рафтан худдорӣ карданд, аммо Абдулазиз Раҷабов ва Абдураҳим Ҳабибов сафари худро идома дода, ҳоло бо ҳавопаймо ба Ватан баргаштанд.

Сафари онҳо 7 моҳу 12 рӯз тӯл кашида ва онҳо пиёда беш аз 4 ҳазор километр роҳ гаштаанд. Суоли нахустини мо ин буд, ки дар ҳоле тариқи ҳавопаймо дар муддати хеле кӯтоҳ ба Арабистони Саудӣ рафтан имкон дорад, чӣ онҳоро водошт, то беш аз шаш моҳ ва бо ранҷи зиёд ин масофаро тай кунанд.

Абдулазиз Раҷабов: "Воқеан, сафари мушкил буд, аммо пур аз ҷолибиятҳои фараҳбахш. Сафари мо аз ноҳияи Ҳамадонӣ сар шуд. Тақрибан 5 сол даҳ нафар барои ин сафар аз лиҳози ҷисмонӣ омодагӣ медидем. Садсолаҳо пеш падару бобои мо ба ин тариқ сафари Хонаи Худо мекарданд ва оламшиносу одамшинос мегаштанд. Онҳо бо аспу хару шутур ба сафар мебаромаданд ва сафарашон аз 6 то 10 моҳ давом мекард. Ҳоло, ки тараққиёт шудааст, дар 5 соат ба Саудӣ мераванд. Аммо тараққиёт ҷаҳон дидану одам шинохтанро аз байн бурдааст. Одамон ҳоло бо раҳбалад мераванд ва ҳеҷ мушкиле намекашанд, ки ин аз лиҳози маънавию динӣ холӣ аз манфиат аст. Ҳадафи мо на танҳо зиёрати Хонаи Худо, балки зиёрати маконҳои муқаддас ва бузургони олами Ислом буд. Шурӯъ аз Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб то Абдураҳмони Ҷомӣ дар Афғонистон, Фирдавсию Хайёму Имом Ризо дар Эрон ва дигар бузургонро пои пиёда зиёрат кардем. Ин пиёда рафтан ба фикрам як кайфияту савобияти дигар дорад. Мисле, ки ҳама чизро тамъашро мечашӣ ва мефаҳмӣ."

Абдураҳим Ҳабибов: "Пои пиёда рафтан хоҳиши дили мо буд, ки Худованд ба он розӣ шуд. Бародар Ҳоҷӣ Абдулазиз пешкор шуд ва мо ба сафар баромадем. Мо ҷойҳоеро дидем, ки дар бораашон ҳатто нашунида будем. Одамҳоеро дидем, ки ҳатто тасаввур надоштем. Хеле сафари хуб буд. Аз мардуми Афғонистону Эрон хеле минатдорем, ки хеле моро кӯмак карданд. Мо аз Радиои Озодӣ минатдорем ва бовар кунед, дар ин сафар Шумо моро ҳамроҳ будед ва мо ҳангоми истироҳат радиои Шуморо гӯш мекардем, ки дар Тоҷикистон чи гап аст."

Озодӣ: Ҳоҷӣ Абдулазиз ин бори дувум буд, ки Шумо пои пиёда ба зиёрати Каъба рафтед. Сафари аввал аз Русия сурат гирифта буд ва бигӯед, ки миёни ин ду сафар чӣ тафовуте мебинед?

Абдулазиз Раҷабов: "Сафари якум соли 2005 аз Маскав сар шуда, ба Қазон, Доғистон, Гурҷистон, Туркия, Сурия, Урдун идома ёфта буд ва 12 моҳро дар бар мегирифт. Он сафар аз ин сафар хеле фарқ дошт. Он вақт шояд ҷавонтар будем ва боду ҳаво ҳам салқин буд. Ин сафар кутоҳтар буд, вале ҳаво хеле гарм буд. Ҳаво агар салқин бошад, он қадар монда намешавӣ. Дар он сафар рӯзи дароз роҳ мегаштем, аммо дар ин сафар то соати 10-11 роҳ гашта мешуд ва бегоҳ аз соати 4-5 боз давом медодем. Дар он сафар то 40 километр дар як рӯз мерафтем, аммо дар ин сафар то 25-30 километр."

Озодӣ: Барои бобои Абдураҳим ин сафари аввалин буд ва дар синну сол ҳам аз ҳама бузургтар буданд...

Абдураҳим Ҳабибов: "Бале, дар ҳақиқат дуруст, аммо шукри Худо, ки мушкилоти зиёд дар ин сафар надоштем. Ҳар мушкиле, ки доштем бо розигии Худо ҳалли худро ёфт. Ҷое аз беобӣ дар Қундуз сахт ташна мондем. Мо сабр кардем ва бо розигии Худо аз сари роҳ чорводорон баромаданд ва ба мо чолоб доданд. То ин сафар пойҳоям дард мекард, ки шукри Худо дар ин сафар сиҳат ёфт."

Абдулазиз Раҷабов: "Бубинед, ки офтоб ба сӯи қибла ҳаракат дорад, обҳо ба суӣ қибла ҷорианд, ин як мӯъҷиза ҳаст, ки вақте инсон ҳам ба он сӯ ҳаракат мекунад, дав-давон меравӣ ва ҳама мушкилиҳо худ ҳал мешаванд. Пас аз зиёрат биҳишт ба ёдат меояд ва фикр мекунӣ, ки беҳтарин биҳишт дар дунё барои ҳар як инсон ватан ҳаст. Бовар кунед, ватан ҳам муқаддас аст ва пас аз сафари дуру дароз одам ба қадри он мерасад."

Озодӣ: Ба ин ҳамроҳони дигаратон чӣ иттифоқе афтод, ки аз сафар баргаштанд?

Абдулазиз Раҷабов: "Рости гап, як нафар ба сабаби беморӣ ва дигар бо пайдо шудани мушкилоти зиндагӣ сафарро давом надоданд. Дигарон баъзе одатҳо доштанд, ки натавонистанд, одатҳои худро тарк кунанд. Мо борҳо маслиҳат кардем, ки дар роҳи ин сафар бояд носкашиву сигоркаширо партофт ва ба маслиҳат гӯш дод, аммо ба онҳо ин маслиҳатҳо маъқул нашуд ва аз мо ҷудо шуданд."

Толибон мехостанд, ба мо хизмат кунанд

Озодӣ: Ҷое буд, ки давоми ин сафар Шуморо асабӣ ва ё дар ҳолати тарс қарор дода бошад?

Абдураҳим Ҳабибов: "Рости гап аз ҳеҷ чиз натарсидаем, вале вақте Толибон моро дар ҷое манъ карданд, каме дар ташвиш афтодем. Онҳо каме ба болои сари мо тир парронданд, ки диламон дар аввал андак ваҳм кард. Ин ҳодиса дар кӯҳи Сабзак, вақте ки бомдодро хонда ба роҳ баромада будем, рух дод. Дар роҳ чанд мошинро дошта буданд ва замоне мо расидем тир парронданд ва гуфтанд, ки даруни чуқурӣ дароед. Онҳо чи амалиёте доштанд ва пас аз кофтукоби мошинҳо ба назди мо омаданд ва чун фаҳмиданд, ки зиёрати Хонаи Худо меравем, ҳеҷ чиз нагуфтанд. Ҳатто гуфтанд, ки ягон хизмат ва ёрдам бошад, мо тайёрем. Мо дуртар рафтем, ки боз қувваҳои ҳукуматии Афғонистон аз сари роҳамон баромаданд."

Харитаи ҳоҷиёни пиёдаи тоҷик
Харитаи ҳоҷиёни пиёдаи тоҷик
Абдулазиз Раҷабов: "Толибон вақте гуфтанд, аз куҷоед, гуфтем аз Кӯлоби Тоҷикистон. Бо касе дар тамос шуданд ва аз он сӯ гуфтанд, ки корашон нагиред. Ҳатто Толибон таъкид карданд, ки рафтед, дар ҳаққи мо дуо кунед. Гуфтам, ки ҳатман барои сулҳ дар Афғонистон дуо мекунем. Дуо мекунем, ки Афғонистон орому осуда ва кишвари озод бошад. Онҳо ханиданд ва дигар чизе нагуфтанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ҳам моро аз Толибон пурсиданд, вале мо гуфтем, ки ба касе кор надорем. Ин корҳо мушкилии дохилии Шумост ва мо танҳо дуогӯи сулҳ ҳастем."

Озодӣ: Дар сӯҳбати телефонӣ гуфта будед, ки бо сарбозони НАТО низ вохӯрдаед?

Абдулазиз Раҷабов: "Бале, дар ҳудуди Қундуз буд. Як даҳ танку БТР омада дар рости мо истоданд. Касе наметобад. Аз даруни як БТР бо англисӣ ва баъдан бо паштуӣ садо баланд шуд. Мо гуфтем, танҳо форсӣ ва русиву кам-кам арабию туркӣ баладем. Як нафар бо тоҷикӣ гап зад ва гуфт, кӣ ҳастед. Вақте моро фаҳмид, ба наздамон омада ва ба мо об доданд ва «гуд бай» гуфтанд. Ҳамин тариқ, мо бо онҳо дар ҳудуди Афғонистон се бор вохӯрдем."

Аз пиёдаравӣ то шутурсаворӣ

Озодӣ:
Ҷое буд, ки аз коре ё амале хандида бошед?

Абдулазиз Раҷабов: "Вақте аз Чордара ба Мазори Шариф мерафтем, аз роҳ як марди чӯпон бо сагу шутур баромад. Чанд ҳамроҳи мо аввалин бор шутурро медиданд. Назар, як ҳамроҳамон аз он мард хоҳиш кард, то барои акс гирифтан ба шутур савор шавад. Мард поён шуд ва Назар ба шутур савор шуд. Чанде роҳравон сурат гирифтем, вале дидем, ки Назар дигар аз шутур фаромаданӣ нест. Ду-се километр рафтем, ки чӯпон садо баровард, ки "э ҳоҷии пиёда бо баҳонаи аксгирӣ дигар аз шутур намефароӣ". Ҳама дар ин ҷо аз сидқ хандидем, ки Назар сирро бой надода, шутурсаворӣ мекунад."

Озодӣ: Аммо чӣ ҳодисае иттифоқ афтод, ки аз он тараф бо ҳавопаймо баргаштед?

Абдулазиз Раҷабов: "Рӯзи Иди Қурбон, вақте ки тавоф мекардем, аз Тоҷикистон ба ман занг заданд, ки Ҳоҷӣ худатро ба даст бигир…(ашки чашмонашро пок мекунад). Он дӯст гуфт, ки фарзандатон одами хушбахт будааст ва Шумо худро ба даст бигиред, ки ӯ ҳам дар рӯзи ҷумъа ва ҳам дар рӯзи иди Қурбон пешнамоз шуд. Писарам 35-сола буд. Ду фарзанд дошт. Сиҳату саломат буд ва бе ягон сабаб даргузашт. Шояд ин санҷиши Худованд буд, ки сабри маро месанҷид. Тасаввур кунед, ки фарзандам дар чӣ рӯзе даргузашт. Мо дигар чизе аз дастамон намеомад, ба ҷуз дуо кардан дар ҳаққаш. Барои ҳамин, бо ҳавопаймо баргаштем, то хайру худоиашро диҳам. Ҳарчанд, сӯзиш бисёр аст, аммо ин ҳам хости Худо буд ва бояд сабр кард."
XS
SM
MD
LG